Мақолаҳо
Таассуб - дарки нодурусти дин
Ҳамеша масъалаи дарку фаҳмиши дурусти масоили мухталифи иҷтимоиву сиёсӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифта, донишмандону олимон сари мавзӯи таассуб зиёд гуфтаанд. Аммо чун ҷомеа наметавонад, ки дорои як мафкураи амиқ бошад, аз ин рӯ, баҳодиҳӣ ба масоили гуногуни рӯз ҳар гуна аст.
Метавон гуфт, ки дар айни ҳол яке аз масъалаҳои мубрами рӯзи ҷомеаи мо ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва торафт пурпечутобу мураккаб гардидани авзои ҷаҳони муосир нақш ва мақоми равшанфикрон ва донишмандони дин дар побарҷо нигоҳ доштани сулҳу субот ва ободии ҷомеа хеле калон мебошад. Бинобар ин, рӯшанфикрон ва воизонро мебояд, ки баҳри пешгирии ҷомеа аз ғарқи таассуб ва ифрот шудан, донишҳои динӣ ва дунявии худро бештар истифода намоянд. Мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм, экстремизм ва ташкили гурӯҳҳои ифротӣ фаро гирифта истодааст ва аз ҳама таассуфовараш он аст, ки қисме аз ҷавонони ноогоҳ фирефтаи чунин гурӯҳҳо мегарданд.
Яъне, гурӯҳе аз ҷавонон аз паст будани дониш ва кунд будани фаҳмиши динӣ гирифтори таассуб мегарданд, ки ин оҳиста-оҳиста ба ифрот ва терроризм мебарад. Ин гурӯҳҳои таассубомез ва ғарқи фанатизми динӣ ба ҷомеа ва миллату давлат хатарзо мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад.
Гурӯҳҳои террористӣ тавассути тактикаи махсуси тарғиби ғояҳои ифротгароёнаи хеш ин ҷавонони таассубомезро ба худ шомил мекунанд. Мутахассисон шомилшавӣ ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро дар паст будани сатҳи донишу маърифатнокии динӣ ва дунявии баъзе ҷавонон арзёбӣ кардаанд.
Яке аз омилҳое, ки имрӯз боиси нигаронӣ гардидааст, ин камдониш будани бархе ҷавонон ва надоштани касби муайян дар ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон бештар ба доми афроди ифротгаро меафтанд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ҳамин омил дар байни ҷавонони миллати миқдоран кам, вале таърихан бойи тоҷик ихтилофҳои мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила, низову нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоранд ва мехоҳанд, ки ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми асри сипаришударо такрор намоянд. Ин тоифа афрод, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагӣ ва бекасбии ҷавонони мо истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мегардонанд.
Гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегарданд. Ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз мебошад. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ҷумҳурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварамон ҷамъомадҳо гузаронида мешаванд. Зимни мулоқотҳо масъулин омили асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ дар надоштани дониши кофии сиёсӣ, динӣ ва дунявӣ медонанд. Яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз ин тамоюли хатарнок фаҳмондани моҳияти аслии дини ислом ба онҳо мебошад. Зеро шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро аз надонистани аркону аҳкоми ислом низ маншаъ мегирад.
Яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз терроризм ва амалҳои террористӣ бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Танҳо бо ин роҳҳо метавон ҷомеаро аз ҳар гуна хатарҳо ва таҳдидҳои террористӣ эмин нигоҳ дошт, ки дар ин радиф, нақши ҷавонон ва равшанфикрони миллат ҳалкунанда аст.
Метавон гуфт, ки ҷавонӣ давраи хеле ҳассоси умри инсон ба ҳисоб меравад ва дар ин айём онҳо метавонанд ба ҳар гуна роҳу равиш гаравиш пайдо намоянд. Мутаассифона, истифодабарӣ аз таҷрибаву дониши кам, вале қувваи тавонои онҳо барои ба дом андохтан мусоидат менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилотӣ фаъолияти таълимию тарбиявӣ бояд сифатноку самараовар бошад, то ки таълим ва донишандӯзии муҳассилин шуурнок ба роҳ монда шавад. Кӯшиш бояд кард, ки дар шуури насли наврасу ҷавон, хусусан донишҷуён донишҳои ғайриилмӣ ворид нагардад. Ҳамзамон, онҳо бештар ба хондан ва машғулиятҳои таълимӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин баробар, робитаи зичи оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа ҳамчун ниҳодҳои иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад.
Мусаллам аст, ки нақши тарбия дар ташаккули инсон басо калон аст. Аз ин рӯ, устодону муаллимони муассисаҳои таълимиро мебояд бо истифода аз донишу қобилият ва маҳорати баланди педагогӣ корҳои тарбиявиро дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда, ба шуур, ба ҳис ва ба рафтори толибилмон таъсири мусбат расонанд. Ҳамчунин дар ин самт миёни донишҷӯёну толибилмон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, дар раванди дарсҳо ва берун аз он перомуни таъсири бади зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ба доми фиреб наафтидани ҷавонон суҳбатҳои муфиду судманд доир намоянд.
Ба ҷавонон рӯ оварда, таъкид менамоем, ки бештар китоб хонанд, дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Зеро дониш инсонро ба дараҷаи баланди маърифат бурда, ҷаҳони маънавии ӯро ғанӣ мегардонад, ки рисолати одамӣ ҳам дар ҳамин таҷассум меёбад.
Носиров Саъдулло
Раҳимзода Нуралӣ