Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Моҳияти иртиҷоӣ ва ифротгароии созмонҳо ва равияҳои тундрави исломӣ

Тайи солҳои охир дар манотиқи гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоие рӯи кор омадаанд, ки аксари онҳо хусусият ва характери ифротиву тундгароӣ доранд, ки дар мавриди онҳо низ ибрози назар бояд кард. 


Аз байни ин равияҳои динии исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи мусулмоннишини пасошӯравӣ ваҳҳобия, Ҳизби таҳрир, равияи салафия, Ҳаракати Исломии Узбекистон, Ҷамоати таблиғ, Ансор-ул-лоҳ ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки гоҳе ошкор ва бисёрии вақт ба таври пинҳонӣ кору фаъолият мебаранд. Доираи асосии фаъолияти ин ҳаракатҳо бештар дар байни ҷавонон ва наврасон буда, аз эҳсоси эътиқодиву маърифати сусти динии онҳо сӯистифода менамоянд. Ҳадафи аслии ин ҳаракатҳо на беҳбудӣ бахшидан ба вазъи диниву диндории ҷомеа ва арзишҳои исломӣ, балки тавассути фазои динӣ ба муҳити сиёсӣ роҳ ёфтан ва халалдор намудани субботу оромии ҷомеа мебошад. Қайд намудан лозим аст, ки онҳо ба шеваи диндории мардуми минтақа муносибати ревизионистӣ дошта, бо намояндагони исломи анъанавӣ ихтилофҳо ва зиддиятҳои ҷиддӣ доранд. 


Дар бораи ваҳҳобия дар боло маълумот дода будем. Аз байни ин ҳаракату равияҳо тайи солҳои охир ҷараёни салафия бештар фаъолтар гардидааст. Салафия ба таври умум ҳаракати динии хело қадим мебошад, ки дар ҳар давру замон бо шаклу шеваҳои гуногун зоҳир шудааст. Онҳо худро пайравони «салафи солеҳ» аз калимаи арабии «салафа» «гузаштагони накӯкор» муаррифӣ намуда, аслан ба исломи замони муҳаммадӣ ва давраи саҳобагон баргаштанро иддао доранд. Ҳадафашон тозагӣ ва покии исломи аввал мебошад. 


Вале он равияи салафияе, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон густариш ёфта истодааст аз исломи замони ибтидоӣ ва «салафи солеҳ»-и он қарнҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро ҳаракати мазкур дар зери таъсири доираҳои муайяни сиёсию динии чанде аз кишварҳои араб, махсусан Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва дигарон зуҳур карда, бештар ҳадафҳои сиёсиро пайгирӣ менамояд. Шеваи асосии фаъолияти салафиҳо асосан ҳамон шеваи ваҳҳобияи солҳои 90-уми қарни гузашта ва чеҳрааш ҳам дар асл ҳамон чеҳраи ваҳҳобия мебошад. Чун ваҳҳобия дар пайи ҳаводиси маъмули он солҳо обрӯву мақоми худро аз даст дода буд, имрӯз бо дигар ном рӯи саҳна омадааст. Бисёрии иҷроот ва фароизи динии онҳо як хел мебошад. Онҳо унсурҳои ҷузъӣ ва номуҳими иҷрооти динӣ аз қабили баланд гуфтани «омин» ҳангоми намоз, васеъ гузоштани пойҳо дар намоз, дар болои сина гирифтани дастҳо ва ғайраҳоро сармашқи худ қарор дода, ба шакли анъанавии диндории ҳанафии мардуми маҳалӣ шубҳаомез ва тафтишӣ нигоҳ мекунанд. 


Аз ин рӯ Вазорати адлияи ҷумҳурӣ соли 2009 салафияро равияи ифротӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумхурӣ манъ кард. 


Ҳаракати дигари мазҳабие, ки худро ҷунбиши исломӣ медонад, ба фаъолияти ҳизби ифротию сиёсии динӣ – Ҳизби Таҳрир тааллуқ дорад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле фаъол шудааст. Он ҳанӯз дар охирҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба манотиқи мусулмоннишини ин кишвар, махсусан ба Ӯзбекистон роҳ ёфта, баъдтар дар дигар ҳамсоякишварҳо низ паҳн мешавад. 


Аз аввали пайдоишаш ин ҳизб худро ташкилоти сиёсии аҳли суннат ва ҷамоат муаррифӣ намуда, баргаштан ба тарзи ҳаёти исломӣ дар асоси меъёрҳои шариатро ҳадафи худ қарор медиҳад. Барои ба ин ҳадаф расидан ташкили хилофати исломиро, ки ҳамаи кишварҳои мусулмониро муттаҳид созад, лозим мешуморад. Аз назари онҳо воситаи муҳими ташкили ин хилофат ҷиҳод ба шумор меравад. Дар мадорик ва ҳуҷҷатҳои ин ҳизб ҳокимони ҳама кишварҳои мусулмоннишин кофир ва бедин тавсиф ёфта, иллати мушкилоти ҷомеаҳои исломӣ набудани низоми идории ислом арзёбӣ шудааст. Аз ҳамин ҳуҷҷатҳо бармеояд, ки аъзоёни ин ҳизб бояд барои озодкунии манотиқи мусулмоннишин аз дасти ҳокимони бедин муборизаи шадидро ба роҳ монанд. 


Дар Тоҷикистон ин ҳизб бо қарори Суди Олӣ аз соли 2001 ҳамчун ҳаракати экстремистиву ифротӣ дониста шуда, фаъолияти он манъ карда шудааст. Пайравону аъзоёни зиёди он аз тарафи мақомоти қудратӣ дастгир ва ба маҳбас кашида шудаанд, вале намояндагони онҳо ба таври пинҳонӣ ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои худ ва паҳн намудани варақаҳову адабиёти таблиғӣ машғул мебошанд. 


Ташкилот ё ҳаракати динии дигаре, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир хеле фаъол шудааст, Ҷамоати таблиғ мебошад. Пайравони ин ҳаракат худро аз фаъолияти сиёсӣ канор гирифта, ҳадафашонро аз таблиғи фазилатҳо ва муқаррароти исломӣ иборат медонанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама, дар рафти бурдани таблиғот ва мавқеъгирӣ ба масоили сиёсӣ албатта рӯ ба рӯ мешаванд. Маркази ин ҷамоат дар шаҳри Деҳлӣ қарор гирифтааст. Муассис ва бунёдгузори он Муҳаммад Илёси Кондеҳлавӣ (1886-1946) мебошад. 


Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки онҳо метавонанд ба фазои динии кишвар ақидаҳои динии бегона ва аз он ҷумла иртиҷоиро низ паҳн намоянд. Аз ин рӯ фаъолияти ин ҷамоат дар Тоҷикистон аз соли 2006-ум манъ карда шудааст. Дар масоили молиявӣ ҳар як узви ин ҷамоат хароҷоти худашро аз ҳисоби худаш пардохт менамояд. Дар ин баробар ба онҳо боз кӯмакҳои гуногуни ташкилотҳо ва шахсони алоҳида низ расонида мешаванд. 


Ташкилоти дигаре, ки дар Осиёи Миёна баъди солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолияти сиёсӣ мебарад, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИД) мебошад. Ин ташкилоти исломӣ соли 1996 аз тарафи аъзоёни аҳзоби манъшудаи собиқи Ӯзбекистон, аз қабили «Ҷамъияти адолат» («Адолат уюшмасӣ»), «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари ислом» («Ислом лашкарлари») ва ғайраҳо таъсис ёфтааст. 


Дигар ташкилоти экстремистию террористие, ки мехоҳад дини мубини исломро ба нафъи худ истифода карда, ба мақсадҳои ғаразноки сиёсии худ рассад, ин Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки фаъолияти он тибқи қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 мамнуъ эълон шудааст. Ин ҳизби ифротӣ сабабгори оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 буда, бо гуноҳи он ҳазорон нафар одами бегуноҳ ба ҳалокат расиданд. Ин ҳизби ифротӣ бо дастгирии моливу маънавии баъзе давлатҳо мехост ба сари мардуми Тоҷикистон мазҳаб ва идеологияи бегонаро бор кунад. Хушбахтона баъди ошкор шудани мақсадҳои касиф ва нопоки онҳо фаъолияти ТЭТ ҲНИ мамнуъ гашт. Аммо боқимондаҳои он ҳанӯз ҳам дар Аврупо ва дигар давлатҳо мисли сагҳои дайду ва бехонаву дар фаъолияти бесамар бурда истодаанд. 


Дар ҳақиқат миллати куҳанбунёди тоҷик аз саодати бузурге бархӯрдор гардидааст. Зеро он соҳиби давлати мустақилу демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид. Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар сулҳу ваҳдат ва амнияти комил умр ба сар мебарад. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, шоҳиди он мегардем, ки баъзе халқу миллатҳо садсолаҳо барои ба дастовардани истиқлолият мубориза мебаранд, аммо ба он муваффақ намешаванд. Муборизаи дурударози халқҳои курду уйғур мисоли равшан ва тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд. Танҳо дар ҳолати дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ давлатҳо метавонанд ҳамчун субъектони мустақил боқӣ монанд. Тавре аз таҷрибаи таърихии баъзе давлатҳо бар меояд, азбайнравии муттаҳидӣ ва дарк накардани арзишҳои миллӣ, метавонад заминаи парокандагии миллатҳо ва халқиятҳоро фароҳам созад ва давлатро ба нестӣ орад. Мисоли ин гуфтаҳо давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливия ва Яман шуда метавонад. 


Ҳомидова Қутбия дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ