Мақолаҳо
Ифротгароӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи инсон. Ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои тундрав.
Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо дар назардошти таҳаввулоти умумииҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеологияи шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифратии идеология ва сиёсатдар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноимшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зӯроварӣ ва тероризм мебошад. Тероризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ба аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зуроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст эҳтирозро ба вуҷуд оварда, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чӣ тавре ки ҷараёни таърихи нишон медиҳад ғояҳоӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меоянд: Мавриди аввал. Дар мавриде, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуввум. Дар мавриде, ки бар ҳокимият мубориза бурда мешавад. Дар мавриди аввал ифротгароӣ дар сатҳи ғояю андеша ва идеология ба миён меояд. Дар ин марҳала ифротгароӣ ҳамчун ҳодиса ва кирдор дар доираи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ сурат мегирад, ки дар ин маврид ҳануз бо роҳҳои музокират ва машварат ба даст овардани ризояти тарафейн имконпазир аст. Дар мавриди дуюм ифротгароӣ аллакай ба кирдор дар шакли муборизаи сиёсӣ дар намуди таъқибот ё ифротгароии сёсӣ, ки усули ноилшавӣ ба мақсад зӯроварӣ ва терроризм мебошад, мубоддал мегардад. Бо дар назардоимияти он ки ифротгароӣ дар сатҳи шахсият-субъекти сиёсат ва ҳуқуқи ҳам дар гуруҳҳои ҷамъиятӣ ва ҳам дар фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ зуҳур меёбад, ба ду гурӯҳ ҷудо намудани ифротгароии сиёсӣ ба мақсад мувофиқ аст: ифротгароии ки таъқиботи сиёсиро дар сатҳи ҳокимияти давлатиро дар назар дорад: ифротгароии сиёсии идеологӣ, ки дар сатҳи оқидаи ифратии гурӯҳӣ қарор дорад. Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғояи, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳуроти ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноҳияшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, роҳи зурӣ ё усули террор интихоб карда мешавад. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағёирри сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъм нашодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосанккунии фаъолияти бо дин райпушкардашудае, аст ки ба зурран тағйир додани сохти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст. Ифротгароӣ дар асоси дин-ин пайравӣ дар оқида ва амалҳои гузарои динӣ мебошад. Он аз дигар намудҳои ифродгароӣ бо он фарқ мекунад, ки бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат равона карда шуда, таълимот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебарад. Баъзан сабаби паҳншавии ифротгарои дар заминаи динӣ дар натиҷаи таҳвилоти демократӣ эълон карда шудани озодии муҳим ва пурарзиши инсон дар давлати ҳуқуқбунёди муосир мебошад. Аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ шарҳ додани он, ки ҳар коре ки мехоҳи мекунӣ имконият фароҳам овард, ки дар ҷомеа идеологияҳои идорадгаро ташкил ёбанд. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад-динӣ ва ё дунявӣ, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад.