Мақолаҳо
Терроризм – раванди мухарриб
Терроризму ифротгароӣ падидаҳои номатлубе мебошад, ки амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам зада, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Имрӯзҳо инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву ғавғо партофтааст, фитнаву иғвои муосир умри даҳҳо ҳазор одамонро ба гирдоби нобӯди кашидааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам нохушиҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита даст доранд. Ғайр аз ин дар беш аз 100 давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ макони зисти худро тарк кардаанд. Пурра собит шудааст, ки решаи аслии ҳодисаҳои фоҷеабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ пеш аз ҳама аз даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстримистӣ об хурда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд. Дар ин замина метавон аз Сурия ёдовар шуд, ки бинобар ҷанги ҳафтсола ин кишвар ба хисороти ниҳоят зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва талафоти ҷонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз дар ин кишвар зиёда аз 7 миллиону 600 ҳазор нафар дар дохилу хориҷ аз паноҳанда шудаанд. Ҳамчунин ин ҷанг мунҷар ба кушта шудани 460 нафар шудааст, ки 12 ҳазори онҳо кӯдак мебошанд. Мавҷи ҳиҷрат теъдоди зиёдеро аз ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ бурд. Имрӯз воқеаҳое, ки дар Ироқу Сурия сурат мегиранд, дигар ҳама кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардаанд. Дар ҳасмсоякишвари мо Афғонистон беш аз 40 сол мешавад, ки ҷанг идома дорад. Аз соли 2014 ба ин сӯ ҷанг дар Афғонистон буъдҳои нав касб мекунад , ки ин гуна тағйир дар раванди ҷанг дар ҳамсоякишвари мо аз ҷониби баъзе мақомоту коршиносон таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон дониста мешавад. Коршиносон яке аз иллатҳои асосии нооромиҳо дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои исломиро дар сатҳи пасти маърифат, бесаводӣ, ноогоҳӣ, зудбоварӣ, надоштани малакаи таҳлилию қиёсӣ ва зиракии сиёсӣ медонанд. Муноқишаву задухурдҳо роҳи ҳалли мушкилот нестанд ва танҳо таҳаммулу гузашт, гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад барои аз байн бурдани кашмакашу низоъҳои мавҷуда замина гузорад. Дар таърихи 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки СММ, САҲА ва ИА конфронси байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” касб шуда, бо ширкати беш аз 400 нафар аз 48 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 30 созмони байналхалқиву минтақавӣ, инчунин марказҳои илмию тадқиқотӣ баргузор гардид ва масъалаҳои мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Ҳадаф аз баргузории ин конфронси байналмиллалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ҷиҳати пешгирии амалиёти терористии фаромарзӣ тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муҷовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти ҷорӣ дар ростои амалисозии чораҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳамкориҳо дар самти муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошад. Албатта, ин аз он шаҳодат медиҳад Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати фаъол бар зидди терроризму экстремизм, хушунат, ифротгароӣ, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил мубориза мебарад. Иштирокчиёни конфронси байналмиллалӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гушаҳои доғи ҷаҳон, муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ, аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ибрози назар намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки терроризм, ифротгароӣ ва ҷудохоҳӣ таҳдидҳои мубрам барои низоми амнияти минтақавӣ мебошад. Рафъи ин таҳдидҳо, андешидани чораҳои қатъӣ аз тарафи давлатҳо ва ҳамкории босамарро дар сатҳи байналмиллалӣ тақозо менамояд, зеро ягон давлати ҷаҳон дар танҳоӣ имкон надорад бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ мубориза барад. Танҳо бо андешидани тадбирҳои мушаххаси якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад терроризму ифротгароиро решакан намояд. Дар ҳоле, ки терроризму ифротгароӣ ба мушкилоти рақами 1 – и сайёра табдил ёфтааст, кишварҳоро зарур аст, ки ҳарчи бештару зиёдтар дар роҳи пешгирии ин раванд ба коҳиш додани нуфузи гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳои алоҳида ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд. Дар ин раванд дар чаҳорчуби стратегияи миллӣ мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба роҳ монда шавад, дар асоси бррасии парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти экстремистӣ ва террористидошта суҳбату вохуриҳо бо наврасону ҷавонон дар шаҳру навоҳии кишвар гузаронида мешавад. Аз ҳар нигоҳ ин иқдом имкон медиҳад, ки пеши роҳи ифротгароиву хушунат дар ҷомеа то андозае гирифта шавад. Истиқлол ва Ваҳдату Сулҳ падидаҳоеанд, ки онҳоро бояд ҳифз кард. Таҷриба собит намудааст, ки барои нигоҳ доштану тақвият бахшидани Истиқлолу Ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисод ва фарҳанг, иҷтимоиёт то чӣ андоза дастовард ва нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳамагуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти бисёр самараноки сиёсати байналмиллалиро метавон ба роҳ монд, дигар кишварҳо низ омодаи ҳамкорӣ ҳастанд, қарордодҳои нави давлатӣ баста мешаванд, лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ пешниҳод мешавад. Чун ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад ва ҳам манфӣ мо бояд ҷиҳатҳои мусбати ҷаҳонишавиро аз худ кунем. Муттаҳидтар бошем то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем. Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон моро водор мекунад, ки нисбат ба ҳар фақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем. Ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои ҳаёт истиқлолу озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Ҳоло вақти муносибе барои ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии харитаи ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ фаро расидааст. Дар чунин ҳамаи мо вазифадорем, Тоҷикистони азизро аз шарри падидаҳои номатлуд ва дахолати бегонагон таҳдиди ҷиноятҳои муташаккил муҳофизат намоем.