Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҷавонон ояндаи давлат ва давомдиҳандаи як миллат мебошанд

Ҷавонон нерӯи пурқудрат ва ояндаи ҳар давлат ва давомдиҳандаи ҳар як миллат маҳсуб мешаванд. Бо ҳамин дарназардошт имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи дурахшон ва бақодории давлати тоҷиконро ба ин насл мансуб медонанд. Имрӯз дар ӣаҳони инсоният ҳаргуна падидаҳои нохуш зиёд рӯйи кор меоянд. Мутаассифона, таъсири онҳо хоҳ бад аст ё хоҳ нек зуд ба андеша ва мафкураи ҷавононе, ки пояи донишашон суст аст, асар мекунад. Зуд онҳоро ба гирдоби нохуши худ мекашад. Гумроҳу гумошта месозад. Барои ҳамин ҳам яке аз таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат чунин аст, ки ҷавонон бояд соҳиби илму ҳунар ва соҳиби маълумот шаванд. То ягон падидаи номатлуб ба онҳо таъсир расонида натавонад. Яқин аст, хиште, ки аз аввал онро меъмор каҷ мегузорад, то ба охир он девор каҷ меравад ва ҳамчун пояи ноустувор оқибат фурӯ меравад. Кисмати иносон ҳам чунин аст. Ҳаргунае, ки тарбият гирад ҳамонгуна ба воя мерасад. Имрӯз омилҳои даҳшатбори терроризм ва экстремизм то рафт реша паҳн мекунад. Ҳарчанд ин омил ба ҷони шахс хатар эҷод мекунад, ӯро аз зиндагии осоишта маҳрум месозад, муттаасифона, зиёд ҷавононе ҳастанд ба чунин созмону ташкилотҳои мухталифи ифротӣ шомил гардида, пайрави амалҳои шахсоне, ки барои онҳо не Ватан, не модар,ҳеҷ маъние надорад мегардаанд. Ташвишовар он аст, ки имрӯз зиёд ҷавони кишвар ҳангоми муқовимат нишондодан, ҳадафи тиру туфанги он майдонҳои даҳшатбори пур аз хун гардида қурбони акидаҳои баргалат гардидаанд. Албатта, онҳо гунаҳкор нестанд. Чунки аз беаҳмаятии падару модар, дур мондан аз таҳсил гумоштаи чунин шахсон гардида, чунин роҳи нодурустро дар зиндаги интихоб намудаанд. Қисме аз онҳо имрӯз нестанд, аммо касе номи онҳоро ба неки ба забон намегирад, чунки онҳо бо амалҳои зшити хеш натанҳо дар номашон доѓи сиёҳ гузоштанд, балки онҳо як тоифаи ватанфурӯшон юоқӣ мондаанд. Итминон аст, роҳи интихоб намудаи онҳо, барои ҷавононе, ки дар назди худ чунин нақшаҳои бубунёдро мехоҳанд интихоб намоянд аз ин роҳи доѓдор худдорӣ менамоянд. Омилҳои носозгори мавҷуда ҳар як нафар корманди ҳифзи ҳуқук, хоса мо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф намегузорад. Имрӯз мо вазифадорем, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бо донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм ва дигар қонуншиканиҳо тақвият бештар бахшем. Бахусус сади роҳи пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони мамлакат шавем ва дигар шахсони гумроҳшудае, ки аллакай ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидаанд, онҳоро ба Ватан баргардонем. Мо кормандони ин мақомот таҳти дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва баҳри иҷрои савганди касбии худ кӯшиш менамоем, барои мардум як фазои осоиштаро таъмин намоем. Омилҳои хатарэҷодкунандаи тероризм ва экстремизмро, ки дорои хусусиятҳои дохилидавлатӣ мебошанд, дар сиёсати ҷаҳони муосир чуқур реша давонида, доираи кирдорҳои худро меоҳанд васеъ гардонанд, садди ин амалҳо хоҳем шуд.