Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Заноне, ки асирӣ ақидаҳои барғаллат гаштаанд

Аз рӯйи таҳлилҳо бармеояд, ки имрӯз ҳастанд занон ва модароне, ки ба равия ва ташкилотҳои экстремисти шомил гардидаанд. Аз ҷумла дар қатори чунин занон, занони тоҷик низ дар панҷаи зулмоти ифротгароӣ қарор гирифта, бар номи хеш, ба номи Ватан ва шаъну шарафи модари тоҷик доғ мегузоранд. Ин кирдори нангин хоси зани тоҷик нест. Барои шаъну шарафи зан-модари тоҷик бисёр як амали нафринхонд аст. Чунки зан-модари тоҷик аз азал то имрӯз беҳтарин рисолатро ба душ дорад. Ҳамчун мураббии асил ба таълиму тарбияи фарзандон машғул буда, онҳоро дар роҳи инсондӯстӣ, донишандӯзӣ ва дигар амалҳои нек тарбия намудан аст. Ӯ ҳамчун тарбиятгари насли инсон беҳтарин фарзандони номвару шуҳратдореро баҳри зинда мондани миллати хеш ба камол расонидаасту минбаъд ин рисолати хешро идома дода истодааст. Зани – модари тоҷик аз азал бонангу номус буд. Бофазилату боҷасорату бонангуи ногмус буд. Ҳеҷ гоҳ ӯ ғулом ва ё асирӣ амали нагини касе нагардидааст. Мутаассифона, аз таҳлилҳо бармеояд, ки имрӯз ҳастанд занон ва ё духтароне, ки бо ҳидояти нафринхонди шавҳарони хеш қадам дар ҷодаи бешарафи гузошта истодаанд. Дунёи торику зулмоти шавҳарони беилму допиши худро интихоб намудаанд. Ба номи зани оқил ва хирадманду фарзонаи тоҷик иснод меоранд. Андеша намекунанд, ки онҳо бо курдилии худ роҳеро интихоб менамоянд, ки оқибаташ пушаймонист ва обрую шаъну шарафи зан-модари тоҷикро резонидан аст. Аслан ҳамаи ин ғуломсозиву ҳалқаи ғуломиро бар гушаи занон задан аз тарафи ҷавонмардони курдил ин ҳамон кирдорҳои хурофотиест, ки ба зани нодону бесаводи хеш таъсир карда тавонистаанд. Аз талаботҳои некбинонаи дини мубини ислом шавҳари ноогоҳ ҳамсари худро таҳдид менамояд. Аз номи дини ислом ҳарф зада, гӯё хондан ваё кор. Кардани хан манъ аст. Намегузорад либоси милли тоҷиконаро ба бар намояд. Ӯро маҷбуран ва бо роҳи таҳдид сатрпӯш кардаву тақлидкори урфу одати дигар миллатро ба зиммаш гузошта аст. Чунин ҷавонмардони хиёнакор натанҳо ҳамсарони худ, балки модару хохарони худро ғулом кардаанд. Намегузоарнд, ки онҳо хонанд бофазлу ҳунар шаванд. Бо либоси миллӣ ба меҳмонӣ ва дигар ҷойҳои лозима раванд. Дар зиндагии осудаҳолона коу зиндагиӣ кунанд. Сатри сиёҳро, ки дили онҳо сиёҳ аст, имрӯз либоси муқаррарии ҳамсарону мода рони худ интихоб намудаанд. Яъне чунин гурӯҳ мардон бо кирдори нодурусти хеш занони хешро дар ҳалқаи асирӣ қарор додаанд. Аз рафтори онҳо хулоса бармеояд, ки ба ташкилотҳои ифроти шомил шудани онҳо як қадам мондааст. Имрӯз мебояд ба ҳар роҳу василае, ки набошад, ақидаҳои барғаллати чунин мардонро аз сарашон берун кард. Ҷавононро ба донишҳои дунявӣ ва динӣ ба таълим фаро гирифт. Муассисаҳои таълимӣ дар шуури ҷавонон ақидаҳои созандаро бояд ҷой намоянд. Ноболиғонро нагузоранд, ки ҳангоми гирифтани таълимоти динӣ аз ҷониби руҳониёни ғайрирасмӣ, таҳмили ақидаи бартарият доштани манфиатҳои динӣ аз манфиатҳои милливу давлатӣ ва ба ин васила зери таъсири фалсафаи дурӯғини «ҷиҳод ва шаҳодат» қарор гиранд. Барои ин, ниҳодҳои ҳуқуқӣ ҳар чи бештар нақша–чорабиниҳои махсус тарҳрезишудаи худро дар байни аҳли ҷамотчигӣ, коллективҳои меҳнатӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти  миёна ва миёнаи махсус мунтаззам ба роҳ монда, вохуриҳо ва суҳбатҳои таъсиррасон гузаронанд.