Мақолаҳо
Пешгирӣ аз амали номатлуби ифротгароӣ
Падидаи даҳшатбори аср - терроризм ва экстремизм имрӯз садҳо ҷони инсонҳои бегуноҳоро қурбони амалҳои пурхатр ва даҳшатбори худ карда, садҳои дигарро аз падару модар, аз зану фарзандон ва аз ватан беватан карда, дар номи худ бо ин амали интихобнамуда доғ гузоштаанд. Худро душмани ҷони худу хиёнатгари ватани худ гардонидаанд. Маълум аст, ки инсонҳои комил ҳеҷгоҳ ҷонибдорӣ чунин амалҳои ношоиста немегарданд. Намехоҳанд дар коми чунин бадбахтӣ қарор гиранд. Ҳамин аст, ки ин бадбахтон дар ягон кишвар роҳ намеёбанд. Аз ин давлат ба давлати дигар, яз як кишвар ба кишвар дигар сар мебаророанду аз ҳисоби шахсони сустирода, бедонишу курдил сафи худро зиёд мекунанд. Яъне пайравони ин ҷараёни номатлуб сарфаҳми ақидаҳои нодурусту барғаллати хоҷагони худ нар афта, моҳияти таълимоти роҳбаронашонро ҳатто дарк намекунанд. Намедонанд, ки аз онҳо хиёнатгар нисбати ватан ва миллати худ месозанд, авбош - одамкуш тайёр мекунанд. Аслан имрӯз ғуломи ин хоҷагон ҷавононанд. Ифротгарон баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ, дар мадди аввал аз неруи ҷавонони маҳаллӣ истифода мебаранд. Чунки онҳо аз лиҳози рӯҳию равонӣ ҳанӯз ташаккул наёфтаанд ва афкори сиёсию иҷтимоии онҳо дар марҳилаи инкишоф қарор доранд. Дар зиндагӣ таҷрибаи нокифоят дошта, зудбовар ҳастанд. Боғуруранд, Бинобар надоштани маълумоти олӣ, донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ зуд таҳти таъсири ақидаҳои хурофоти гардида, шомили ин ҷараёнҳои тундрав мегарданд. Яқин аст, ки онҳо барои гурӯҳҳои тундрав як луқмаи хоманд ё худ як ашёи истифодабаранда, ки ҳаргунае хоҳанд истифода мебаранд. Онҳоро ҳамчун шахсони беҳуқуқ, бозичаи дасти худ карда, ба кишварҳои исломӣ сафарбар менамоянд. Дар ҷумҳуриҳои исломии Покистону Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Яман, Афғонистон ва дар дигар давлатҳои арабӣ ба таври ғайрирасмӣ таълимоти динӣ гирифта, ба ҷараёну равияҳои барои ҷомеа хатарнок шомил мегарданд. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, марказҳои таълимии хориҷӣ баробари додани таълимоти динӣ, ба чунин ҷавонон тарзу усулҳои муносибат бо моддаҳои тарканда, истифодаи намудҳои гуногуни силоҳро меомӯзонанд. Фикру ақидаҳояшонро дигар сохта, аз онҳо манфурони қотилу одамкуш тайёр мекунанд. Сабабҳои дигари шомилшавии ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистии ин таълимоти ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди маҳалла, масҷид ва хонаҳои истиқоматии бархе аз сокинон мебошад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки нафароне, ки ба таълими динӣ машғуланд, худ аз асли таълимоти ислом хабар надоранд. Намедонанд, ки ҷавонони нодону гумроҳзадаро бо ин кирдорашон ба куҷо мекашанд. Бо яу сухани каҷ дар дили бархе аз падару модари нодон ҷой ёфта фарзандоне, ки ташнаи илму саводанд, мехоҳанд, соҳиби касбу кор шаванду дар зиндагӣ худ таъмингари рӯзгор гарданд, онҳо ғуломи ҳалқабаргӯши чунин манфурон мегарданд. Пас, имрӯз бояд ба ҳар роҳу василае, ки набошад, ақидаҳои барғаллати чунин падару модаронро аз сарашон берун кард. Ҷавононро ба донишҳои дунявӣ ва динӣ ба таълим фаро гирифт. Муассисаҳои таълимӣ дар шуури ҷавонон ақидаҳои созандаро бояд ҷой намоянд. Ноболиғонро нагузоранд, ки ҳангоми гирифтани таълимоти динӣ аз ҷониби руҳониёни ғайрирасмӣ, таҳмили ақидаи бартарият доштани манфиатҳои динӣ аз манфиатҳои милливу давлатӣ ва ба ин васила зери таъсири фалсафаи дурӯғини «ҷиҳод ва шаҳодат» қарор гранд. Сари роҳи таблиғоти пурзӯри идеологӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ аз тарафи ВАО-и ғайрирасмӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро бояд гирифт. Муҳоҷирати ҷавонон дар қаламрави Федератсияи Россия, ки ҳамчун макони асосӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мегардад, пеш аз муҳоҷират ҷавононро таълим диҳанд, то минбаъд фирефтаи чунин гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Барои ин, ниҳодҳои ҳуқуқӣ ҳар чи бештар нақша–чорабиниҳои махсус тарҳрезишудаи худро дар байни аҳли ҷамотчигӣ, коллективҳои меҳнатӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва миёнаи махсус мунтаззам ба роҳ монда, вохуриҳо ва суҳбатҳои таъсиррасон гузаронанд.