Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ТАШВИҚОТИ НАҲЗАТИҲО ЧӢ ГУНА РОҲАНДОЗӢ МЕШУД

Роҳбарон ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартибро истифода мебаранд. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён, ба монанди посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона ба таври пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебур¬данд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, эмин намондаанд. Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, он нафароне мебошанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушию ғоратгарӣ машғул буданд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебур¬данд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад. Шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад. Дар сурати ошкор шудани ҷиноят роҳбарияти ҲНИТ аз аъзоҳои худ даст мекашиданд. Ба гуфти ҳолдонҳо ду гурӯҳи террористӣ - Наҳзат ва ДИИШ- ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳоро роҳандозӣ менамояд. Мувофиқи гузориши хабарнигорон ТТЭ ҲНИ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзат ташкил ёфтааст. Маълум гардидааст, ки теъдоди зиёди аъзои ҳизби наҳзат дар сафи ташкилоти террористии «ДИИШ» дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Гурӯҳи дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», «Лашкари озоди Сурия» ва Ҳаракати исломии Узбекистон ҷангида истодаанд. Баъзе аз шаҳрвандони кишвар бинобар сустиродаву заифмиҷоз буданашон ба доми нафарони алоҳидае аз кишварҳои хориҷа афтода, нақшаву ҳадафҳои харобиовари онҳоро амалӣ месохтаанд. Ин зумра ба ҳадде бадбину бадхоҳ гаштаанд, ки ҳар як навгониву пешрафти дар муддати солҳои гуногун дар Тоҷикистон баамаломадаро таҳаммул карда наметавонанд ва ҳар чи талош мекардаанд, то чун ақрабҳои бадният заҳр афканда, зарар расонанд. Албатта, инсон якзайл намемонад ва бо мурури замон дигар меша¬вад ва миёни ин тоифаи бадхоҳхатман нафароне ҳам ёфт шуда ба аъмоли зишти худ нигариста ва афсус хурдаанд. Хостаанд, ки пасгарданд ва тавба кунанд, аммо ба ин ё хамсафони шайтонхислату шайтонсифаташон розӣ нашудаанд ё ҳамон хуҷаинҳои хориҷиашон монеъ гаштаанд. Имрӯз ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, дар ин маврид баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмӯҳтавои ваҳшиёнаи ҳарду гурӯҳ исботи қотеъона доранд. Асоси ақидаи ДИИШ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Рафтори ДИИШ дар минтақаҳое, ки зери нуфузи онҳо дар Сурия, Ирок, ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисоле барои кирдори ҷинояткоронаи онҳо мебошад. 

М. Масъул