Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Шоҳиди ҳол ҳастем

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дорад ва қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор бинобар надоштани роҳбаре чун Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Дар ин рақобат дини мубини ислом барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва ашхоси алоҳида ба василаи расидан ба ҳадафҳои ғаразнок табдил ёфтааст. Онҳо мехоҳанд мақому манзалати ин дини покро коҳиш дода, назари ҷомеаи ҷаҳонро ба пайравони он манфӣ созанд. Яқин аст, ки чунин мақсадҳои нопок амалӣ намешаванд, зеро ин дини ҳақ дар ҳимояи Худованд аст. Омӯзиши масъалаи мавриди назар собит намуд, ки дастгириҳои Президенти мам¬лакат Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини ислом аз минбарҳои баландтарини олам беназир ва арзандаи арҷгузорист. Роҳбари олии давлати Тоҷикистон аз аввалин нафароне маҳсуб мешавад, ки ба терроризму экстремизм нисбат додани дини исломро қатъиян маҳкум намуда, хостори тавсеаи ҳамкориҳо миёни давлатҳои мусулмонӣ гашта буд. Мутаассифона, сарфи назар аз иқдомоти амалишуда, то ҳанӯз дар баъзе ҳолатҳо терроризму экстремизм бо дини мазкур муродиф арзёбӣ мегарданд, ки боиси нигаронӣ ва андешидани чораҳои дахлдор аз ҷониби мусулмонон бояд бошад. Таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора - пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, аланга задани оташи ҷанги бародаркуш, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Ин гуна зуҳурот ҳушдор медиҳад, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша ҳушёру омода бошем. Пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи худшиносиву ватандустӣ, бо донишу фарҳанги воло ба воя расидани насли наврас андешидани тадбирҳои муассир ногузир аст. Табиист, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дороет. Зеро, «вақте, ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст». Вале бояд дарк намуд, ки зери ин ҳама омилҳои ҷузъӣ мақсадҳои муғризона нуҳуфтаанд. Агар ба вазъи сиёсии олам таваҷҷуҳ зоҳир намоем, пас тамоми табаддулоте, ки чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳои динӣ ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Чун амиқ мавзуъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари давлатҳои абарқудрат маҳз он кишварҳоеанд, ки мардум ба ақидаҳои динӣ майли бештар доранду зудбоваранд. Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини Ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ аз хурофот ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода менамоянд. Сиёсатшиносон дар заминаи далелҳои асоснок собит намуданд, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст.