Мақолаҳо
Терроризм, экстремизм ва хатари он дар ҷаҳону ҷомеа.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23.01.2015 сол гуфта шудааст: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.» Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, ҳисси бадбинӣ, нафрат аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияшон гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезананд. Чашм ва дили онҳо бо суханони бардурўғи ин гуруҳҳои нобакор бо ин васила кур гашта, фикри нафарони бегуноҳро накарда ба ин амали бад даст зада, худро зинда ба зинда метарконанд. Бори аввал ин амали нангин 34 сол пеш аз ин соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Масъулияти ин амали зиштро ташкилоти дар он вақт навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» ба уҳда гирифт ва дар ин ҷода нахустин тадбиқкунандаи чунин навъи террор ба шумор мерафт. Имрўз террористон бозичаи дасти «Давлатҳои исломӣ (ДИИШ)» гаштаанд. «Давлати исломии Ироқ ва Шом» бо забони араби «Ал-даула, Ал-исломия» дар шакли мухтасари он бо форси ДИИШ, бо забони русӣ «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Леванта) маъруф гаштааст. Қобили қайд аст, ки аъзоёни гуруҳи «Давлати исломӣ» хусусан «Ҷабҳаиту-н-нусра» аз бераҳмтарин ҷангиёни ҳозира натанҳо дар Сурия ва Ироқ, балки дар саросари ҷаҳон ба шумор мераванд. Мувофиқи маълумотҳо аз соли 1982 то соли 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалиёти террористї бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозї карда шудаанд, ки зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд. Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд?. Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кўдакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористї аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд. Коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд: 1. Сиёсӣ. 2. Миллӣ. 3. Динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебаранд. Намунаи барҷастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёби карданд. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони динӣ дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Ҷиҳод» ба анҷом мерасад, аз ин рў фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳӣ медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин манфиате ба даст намеоранд. Бояд донист, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниқоби дини мубини ислом даромада, шахсони бегуноњро ба ин амали нопок даъват намуда, дар натиља ғаразҳои барои хеш манфиатоварро амалӣ мегардонанд. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст: Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем». Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ин гурўҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни ДИИШ-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гуруҳҳои экстремисти аз кишвари мо-Тоҷикистон низ чандин ҷавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намуда истодаанд. Роҳбари давлат ба тамоми мақомотҳои қудратии кишвар, мақомотҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми мамлакат супориш доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода тамоми кушишу ғайрати худро ба он равона созанд, ки ҷавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода, ба чунин гуруҳҳои ифротгаро шомил нагарданд. Имрўз мо мардуми тоҷик ва алалхус љавононро зарур аст, ки баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои кишвар, ки маҳз бо кушишу талошҳои сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоем. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки имрўз тамоми сокинони Тоҷикистон, хусусан ҷавонон шукронаи ин даврони ободу зебо, шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд. Ва маҳз танҳо бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, нигоҳи нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоқати хешро нисбат ба Ватан нишон диҳем ва баҳри ояндаи нек шабу рўз талош варзем. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд то сади роњи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гарданд.
Ф.Раҳимзода