Мақолаҳо
Хизмат ба Ватан, қарзи шаҳрвандии мо!
Ман булбуламу Ватан гулистони ман аст,
Чун модари меҳрубон нигаҳбони ман аст.
У буд, ки ман зи нестӣ ҳаст шудам,
Ин аст, ки имони ману ҷони ман аст.
Дар сархати ҳар китоби ман номи Ватан, Т
оҷи сари санъати сухан номи Ватан. Х
уштар зи Ватан сухан намонад ба ҷаҳон,
Ширин чу шакар ба ҳар даҳон номи Ватан.
Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дорад. Ин мафҳум дар худ ҷойи таваллуду маҳалли зисти одамон, шаҳру вилоят ва мамлакатро ифода мекунад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад. Бисту ҳафт сол муқаддам миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ба дастоварди бузург ва нодир - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли бисту ҳафт соли Истиқлолияти давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва роҳбари оқилу фарзона муяссар гардид. Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад. Албатта, давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, соҳиби Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ шуданаш лозим аст. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Дар солҳои аввали истиқлолият бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти Артиши миллӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзи Ватан ҳамчун бошарафтарин касбу рисолат эътироф гардид. Нуфуз ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол боло рафт. Имрӯзҳо, агар дар ҳар куҷо шахсеро бо либоси ҳарбӣ бубинем, ба ӯ бо ҳавас ва ифтихор назар меафканем. Афроде, ки тақдирашонро бо ҳимояи Ватан пайваст намудаанд, меҳру эътибор, ғамхории Пешвои миллатро пайваста эҳсос мекунанд. Ин эътиборро дар таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷойи зист, додани рутбаҳои ҳарбиву мукофотҳои давлатӣ, фиристодани арзандатарини онҳо барои идомаи таҳсил ба бонуфузтарин мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои дуру наздик ва тадбирҳои бисёри дигар эҳсос кардан мумкин аст Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакатамон баҳри ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ тадбирҳои судманд андешида шуданд. Имрӯз боифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ гардида, на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар ташкилоту иттиҳодҳои бонуфузи байналхалқӣ мавқеи хоса касб намудааст. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дӯст медошт, меҳри ӯ нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! ӯ чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рӯ ба рӯ истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар ба маротиб боло равад. Имсол мардуми Тоҷикистон ба пешвози ҷашни бузурги таърихӣ - 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ омодагӣ дида, айни замон барои боз ҳам ободу зебо шудани Ватани аҷдодиамон саъю кӯшиш намуда истодаанд. Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ дар сарзамини бостониамон амалӣ гардид ва мо - ҷавонон, баҳри ободии Ватани азизамон ҳамеша талош варзем ва неъмати беназир – Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Умед С.-аъзи фаъоли ҲХДТ