Мақолаҳо
ҚАДРДОН БОШ ТО ЗАМОНА БЕҚАДРАТ НАКУНАД
Шурӯъ аз солҳои 60-уми асри гузашта зиёиёни тоҷик ба мафҳумҳои «худшиносӣ» ва ё «хештаншиносӣ» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Олимон ба воситаи асарҳои илмӣ-тадқиқотии хеш ва шоирон тавассути шеърашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ талқин намуданд.
Аммо мардум маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мафҳумҳои «худшиносӣ» ва «худогоҳии миллӣ» дуруст сарфаҳм рафта, кӯшиш намуданд, ки таъриху фарҳанг ва адабиёту ҳикмати бекарони гузаштагонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Хулласи калом, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик ҳама шароитро фароҳам овард, муҳимтар аз ҳама ба мардуми тоҷик ИФТИХОР, СУЛҲ, ВАҲДАТ, ШУҲРАТ дод, ки ин мафҳумҳои муқаддас бояд барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азиз бошад.
Боиси ифтихор аст, ки кишвари мо ҳама имтиҳонҳои сахти зиндагӣ ва ҳодисаҳои гӯшношуниди таърихиро бомуваффақият паси сар намуд ва имрӯз ташаббусҳои созандаашро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул дорад. Ба таъбири дигар дар меҳвари сиёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиати нодир ва эҳтироми инсон қарор дорад. Аз ин рӯ, на танҳо мардуми тоҷик, балки ҷомеаи ҷаҳони сиёсати кунунии Ҳукумати Тоҷикистонро сиёсати хирадмандона ва одилона арзёбӣ менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки инсонҳои пархошҷӯю иғвоангез дар ҳама давру замонҳо умр ба сар бурдаанд ва ба оромиву осудагии ҷомеаҳо халал ворид намуда, мардумро гумроҳу овора намудаанд.
Ба қавли мутафаккири бузури тоҷик Саъдии Шерозӣ:
Неши ақраб на аз паи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Ба ҳамин монанд дар замони шукӯфоии кишвари азизамон Тоҷикстон гурӯҳҳое, аз қабили собиқ ҲНИТ (айни замон «Пайванд») пайдо шудаанд, ки ба муваффақияту пирӯзии мо ҳасад мебаранд ва бо тақозои табиташон, ки аз сиришти нопокашон дарак медиҳад, мехоҳанд аз неши ақрабмонандашон истифода кунанд. Аммо худашонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шармсор менамоянд.
26-уми марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони «Афсона ҳақиқат шуд, Раҳмон» як матолиби сар то по пур аз тӯҳмату дурӯғ интишор гардид. Ин матолиби иншошударо наметавон мақола ё чизе ба ин монанд унвон кард, балки онро, як матлаби кӯчаки иғвоангез, ки сиришташ аз дурӯғу бӯҳтон асос ёфтааст, гуфтан мумкин аст.
Нависандаи бӯҳтоннома иддао дорад, ки НОБ-Роғун бо ким кадом хатогие бузурге аз кор мондааст. Ёдовар мешавем, ки Роғун хамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми точик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гаштааст. Ин кохи нурро миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам гирифтааст Эмомалӣ Раҳмон бо қувваи дасту бозӯ, ақлу хиради амиқ, бо маблағи ба арақи чабин бадастовардаи хеш бино кард. Иншооти Роғун хамчун неругоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфањмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ дарак медиҳад. Роғун танҳо бо сабаби корҳои профилактикӣ айни замон аз фаъолият боздошта шудааст, ки ин барои ҳамаи мардуми сарбаланди тоҷик маълум аст. Неругоҳи Норакро низ таъмиру тармим крда истодаанд. Бинобар ин, лимити барқ дар нуктаҳои дурдасти Тоҷикистон ҷорӣ шудааст, ки ин дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худашро меёбад.
Проблемаҳои ҷузъии мавҷударо бадбинони миллати тоҷик дастак карда, мехоҳанд номи миллату давлатро бад кунанд, аммо онҳо бехабаранд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз амнтарин кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта бо ташаббусҳои шоиставу созандааш иззату эътибори хосса дорад.
ЧУРҒОСИЕВ М.-узви фаъоли ҲХДТ