Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм якдилем!

Дар шароити имрӯза тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Чунки фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, имрӯз тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб равона гардидаанд. 
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд. 
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз падидаҳои экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Таърифи илмӣ ё фаҳмиши ягона барои ин падидаҳои мураккаб мушкил аст. Ихтилофи манфиатҳои идеологӣ ва сиёсӣ иҷозат намедиҳад, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ таърифҳои ягонаи падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм ба даст оянд. Аз нигоҳи луғавӣ, «ифрот» калимаи арабӣ буда, решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Дар мавриди ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»-ро дар маънои луғавии он истифода намудан мумкин аст. Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи “ифрот” буда, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоҷикии “гароидан” ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда, “гаро” шакли калимасозӣ он аст. Аммо ифротгароӣ ба маънои майл доштан ба зиёдаравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад. 
Инчунин терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Бинбар он назар ба авзои минтақа имрӯз моро зарур аст, ки ҳар сухани хешро санҷида гӯему ҳар қадамро дида гузорем. Шояд дар миёни дӯстону ҳамнишинони мо низ афроде ёфт мешаванд, ки носавобҷӯянду фурсати муносибе мепоянд, то шахсияти хешро ошкор созанд. Маҳз ба ин хотир, имрӯз барои мо зиракию ҳушёрии сиёсӣ беш аз ҳар вақт зарур аст. Ваъдаи биҳишту ҳароси дӯзах ҳамон луқмаест, ки қабл аз ҳама ба фиребхӯрдагон дода мешаваду эшон хурсанд мешаванд. Вале фаромӯш мекунанд, ки ба биҳишт некон мераванд, на харобкорону одамкушон. 
Хушбахтона давлату ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм ба муваффақиятҳои бузурге ноил гаштаанд. Яке аз чунин дастовардҳо манъ шудани ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки ин ташкилоти ифротӣ солҳои зиёде бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиаш мехост фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми Тоҷикистон бор кунад. Лекин ҳушёриву зиракӣ ва кордонии мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон нагузоштанд, ки ин хоинон ба аҳдофи нопоки худ расанд. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки дар баробари мақомотҳои давлатӣ саҳми худро дар решакан кардани ин зуҳуроти номатлуби аср гузоранд. 
Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда қишри солимфикру некбину ояндасози ҷомеа метавонад аз имконоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънаию фарҳангии худ истифода бурда, фарзандону ёрону дӯстонро дар рӯҳияи хештандорӣ, ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва инсонгароӣ тарбия намуда, намунаи ибрат бошанд. Боиси кайд аст, ки гулистон бехор намешавад, вале ба андешаи мо агар гулҳо ба ҳам оянду базм ороянд, хор ҳам гул мекунад. 


Сандалов Ҳ.А. декани факултети молия ва қарз