Воқеияти болоравии нархи интернет аз забони мутахассис
Дар воситаҳои ахбори умум баҳсҳо дар гирди тасмими Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, таҳти №31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ» оид ба боло бурдани нархи интернет идома доранд. Мухбири мо роҷеъ ба ин масъала суҳбате дошт бо мутахассиси соҳа – сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ш.М., ки ҳоло манзури хонандагони гиромӣ мегардад. Муҳтарам Шодимурод Мирзомуродович, қабл аз ҳама ташаккур мегӯям, ки даъвати моро барои гузаронидани як суҳбати ихтисосӣ пазируфтед. Вақти Шуморо зиёд намегирем ва аз баҳри раду бадали ҳарфҳои таоруфӣ гузашта, сари мақсад меоем. Имрӯз дар ҷомеа, хусусан, дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ баҳсҳо дар хусуси боло бурдани нархи истифодаи интернет гарманд. Ҳар як нафар ба дараҷаи ақлу хостаи худ онро шарҳ медиҳад. Мехостем назари Шуморо ҳамчун мутахассиси соҳа фаҳмем. Ш.М.: - Сараввал мехостам ба як масъала рӯшанӣ андозам. Вақте сухан дар боби боло бурдани арзиши Интернет меравад, бояд мардум бифаҳмад, ки дар мадди назар танҳо қимат шудани инетернети мобилӣ меистад. Ин қиматшавӣ ба интернети хаттӣ (ноқилӣ) дахле надорад. Мардум метавонад на танҳо аз интернети правайдери миллӣ – «Тоҷнет», ки як гигабайти он 2 сомонӣ меистад, истифода баранд, балки аз хизматрасониҳои интернети ноқилии правайдерҳои хусусӣ ба мисли «Телеком Технолоҷӣ», «Вавилон-Т», «Истера», «Сатурн - Онлайн», «Исател», «Интерком» ва дигар контентправайдерҳо бо арзиши аз 2 то 10 сомонӣ истифода намоянд. Ғайр аз ин, барои муштариёни интернети ноқилӣ истифодаи сомонаҳои дохилӣ, яъне домени «.тҷ» бо суръати баланд ва ба таври ройгон муяссар мегардад. Чун барои мардум сухан мегӯем, содатар баён мекунам: Дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, ки аксари аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунад, аллакай арзонтарин хизматрасонии интернет дар хонаҳои мардум қарор дорад: 1 ГБ = 2 сомонӣ. Барои боз ҳам беҳтар кардани ин намуди хизматрасонӣ мо бояд пойгоҳи иттилоотии худиро ҳамаҷониба мустаҳкамтар намоем. Оё метавонед гуфт, ки бартарияти интернети ноқилӣ бар интернети мобилӣ кадом аст? Ш.М.: – Албатта, тавре изҳор доштам, арзиши он хеле арзон аст. Дуюм, дар сурати истифода бурдани интернети ноқилӣ волидайн метавонанд фарзанди худро назорат кунанд. Наврасону ҷавонон аз гирифторӣ ба доми фиреби таблиғотчиёни гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро, ҳар гуна сектаю (фирқа) гурӯҳчаҳои динӣ-мазҳабӣ, ашхоси иғвоангезу моҷароҷӯ эмин мемонанд, ба сайту сомонаҳои фаҳшу фуҷур ворид шуда наметавонанд. Роҳандозӣ намудани чунин назорат дар мактабҳои таълимоти миёна, донишкадаю донишгоҳҳо ва дигар намуди таълимгоҳҳо имконпазир мегардад. Сеюм, дараҷаи шуоафканӣ ва таъсири интернети ноқилӣ ба саломатии инсон дар муқоиса бо интернети мобилӣ хеле ва хеле паст аст, ҳатто метавон гуфт, ки безарар аст. Чорум, дар ҳолатҳои фавқулодда аз қабили вазидани шамол, боридани барфу борон ва монанди инҳо суръат ва сифати дастрасӣ ба интернет тағйир намеёбад ва кафолат дода мешавад. Дар вақти истифодаи интернети бобилӣ бошад, ҳамаи ин эҳсос мегардад. Тавре Шумо иброз доштед, назорати фарзандон, наврасону ҷавонон тариқи интернети ноқилӣ осон мегардад, валекин аз тарафи доираҳои манфиатдор ва ташкилотҳои ба ном ҳомии ҳуқуқ ин иқдом ҳамчун нақзи «озодӣ», «демократия» ва ғайра баҳогузорӣ мегардад… Ш.М.: – Бубинед, дар ҳолати имрӯза муносибат ба интернет ва тарзи истифодаи он комилан масъулияти дохилии ҳар як давлат мебошад. Баъд аз ҳодисаҳои рухдода дар кишварҳои арабӣ, Туркия, Украина ва ғайра аксари давлатҳои дунё ба истифодаи интернет танҳо аз нигоҳи таъмини амнияти манфиатҳои миллии хеш назар мекунанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ғайра мессенҷеру барномаҳои дохилӣ – миллии худро пешниҳод карданд ва истифодаи онро назорат мебаранд. Федератсияи Россия фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетиро пурра зери назорати хеш гирифта, истифодаи онро бо қонунгузории кишвар мувофиқ гардонидааст. Ягон ширкат бидуни мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва берун аз риояи қонун ҳаққи пеш гирифтани иқдомеро надорад. Ба андешаи банда, мо низ бояд аз ҳозир заминаи гузаштанро ба мессенҷерҳои худӣ ё интернети миллӣ омода намоем. Муҳтарам Шодимурод Мирзомуродович, баъзе ашхос ва гурӯҳҳои дассисабозу моҷароҷӯ аз баҳсҳо даври боло рафтани нархи интернет истифода бурда, бо эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд, онҳоро ба эътирозу тазоҳурот даъват мекунанд… Ш.М.: - Бале, дуруст қайд кардед, гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ бо забону микрофондорони худ аз ташкилоти террористии ҲНИ аз масъалаи ҷузъии иҷтимоӣ - маишатӣ мушкили калон сохтанианд. Дар ҳоле, ки нархи орду равған, дигар масолеҳи истеъмолии мардум тағйир наёфтааст, онҳо наю нағора мезананд, даъват ба эътироз мекунанд. Зеро медонанд, ки ин иқдом майдони сиёсати авомфиребонаи онҳоро танг месозад. Ин тоифа таҷрибаи калони ҷангандозӣ, тахрибкорӣ, сиёҳкунӣ ва умуман эҳсоси миллатбадбинӣ доранд. Онҳо бо ҳидояти саркардагони худ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба як овозаи бардурӯғи сохтаашон дар хусуси тақсими хонаҳо ба гурезагони арманӣ мардуми осоиштаро ба майдонҳо кашиданд, нифоқ андохтанд ва ба ду ҷабҳа ҷудо намуданд. Дар натиҷа 150 ҳазор тоҷик кушта шуд, беш аз 1 миллион фирорӣ гашт, зиёни барқарорнашаванда ба иқтисодиёти кишвар расид. Ин таҷрибаро бори дигар амалӣ карданӣ ҳастанд. Бо макру ҳиял, бо андешаҳои кӯҳнаашон дар либоси нав. Маъзарат мехоҳам, манзур аз ин гуфтаатон чист? Ш.М.: - Манзурам он аст, ки маҳз ҳамин гурӯҳҳои тангназари ифротгаро дар солҳои зикршуда алайҳи илму дониш, рушди технологияи ҳозиразамон қиём бардоштанд. Муаллимро кофир хонданду ҷаҳонбинии дунявиро ҳаром. Акнун аз худ инсони маданӣ метарошанд, худро пуштибони технологияи замонавӣ муаррифӣ карданианд. Аммо пушти ин иқдомҳояшон танҳо як ҳадаф пинҳон аст: истифодаи интернет барои заҳролуд кардани майнаи ҷавонон бо андешаҳои ифротӣ, тела додани онҳо бо сӯи ҷиноят алайҳи давлату миллати худ ва умуман башарият. Танҳо ин хаёлашон хом аст. Дигар ҳеҷ кас аз қафои онҳо нахоҳад рафт. Онҳо якумра пеши ҳамдиёрони худ шармандаанд. Боз бармегардем ба масъалаи нархи интернет. Ба андешаи Шумо боло бурдани нархи он иқдоми доимист ё боз тағйир мехӯрад? Ш.М.: - Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист. Иқтисоди бозорӣ мисли дигар кишварҳо дар ҷумҳурии мо низ талабу шартҳои худро дорад. Ҷойе нархҳо боло мераванду ҷойе коҳиш меёбанд. Нархи интернет низ, бо назардошти ниёзи мардум ва талаботи бозори фазои иттилоотӣ, албатта, бозбинӣ мешавад, танҳо замонашро вақт муайян мекунад. Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва ихтисосмандона. Мусоҳиб: Довуд Исматӣ