Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Шукр сӯйи шаҳри саодат барад

Ба ҳамаи неъматҳои бузурги офаридаю бахшидаи Худованди бузург, ба ҳамаи муъҷизаҳои ҳаётбахши инсон, ба табиати зебою фараҳбахш, ба обҳои тозаю равону ширини ҳаловатбахш, ба диёри ҳамешасабзу хуррам ва илҳомбахши ба фарҳанги инсонгароию ваҳдатгароии аҳли ҷомеаи кишвар, ба Сарвару Пешвои созандаю бунёдкор ва, ниҳоят, ғамхор шукргузору сипосгузор будан яке аз рукнҳои муҳимтарини садоқати бепоёндоштан нисбат ба диёру Ватан аст. 

Дар ин бобат устоди хирадманди бузургвор Носири Хисрав фармудаанд: 

Ҳеҷ макун, эй писар, зи даҳр гила, 
К-аз вай шукр аст сад ҳазор маро. 
Дар бобати ношукр будан низ чунин таъкид намудаанд: 
Шоми аҷал ба рӯзи фироқи ту шуд бадал, 
Аз баҳри он ки шукргузоре набудаам. (Мушфиқӣ) 


Шукргузорӣ на он аст, ки шукр гуфта, бекору бетарафу беандешаю бепарво будан, балки шукргузорӣ он аст, ки баҳри боз ҳам бештару хубтар гардидани ҳамаи он неъматҳои бахшидашуда саҳмгузорӣ намудан аст. 


Аз ҷумла шукргузории мо – омӯзгорон бояд аз он иборат бошад, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саъйю кӯшишҳои зиёде намуда, дар омода намудани коршиносони баландихтисос, созандаю бунёдкор, поквиҷдон, забондону бофарҳанг, адолатпешаю инсондӯст ва ба ҳар кас дилсӯзу ғамхор саҳмгузор бошем. Пешравию комёбӣ ва оромию хушҳолии кишвари азизамон ба таълиму тарбияи сидқию самимии мо вобаста аст. Таълиму тарбияи костаи мо метавонад сабабгори ба миён омадани ҷавонони ноустувор, калаванда ва дар ин ҷаҳони пуртазод раҳгумзада гардад. 


Аз ошӯби ҳарбии моҳи сентябри соли 2015 чунин бармеояд, ки ифротгароён исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, сафи муътақидони хешро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз ғояҳои аслии ислом ғофил буданд, афзуда, онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҳидоят намудаанд. Ин гурӯҳ бесарусомониҳо ва қатлу ғоратро дар саросари кишвар ба вуҷуд оварданд. Ҷавонон бояд донанд, ки амалҳои хунхоронаи ифротгароён, ҷаҳолату бераҳмиҳои чунин ҳаракатҳо аз қабили «Ҳамос», «Ал-фаҷр», «Ҳаракат-ул-ансор», «Артиши имон», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», (Ихвон-ул- муслимин), «Ҷомеаи исломӣ», «Танзим давлат-ул-иршод», «Ал- қоида», «Толибон», «Ҳизбуттаҳрир», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон» ва «Давлати исломӣ», ки зери парчами ислом амал мекунанд, хиёнат бар ислом аст. Зеро ғояи пурқимати ислом чунин аст: «Ягон мусулмон ҳақ надорад, нисбати дигарон, зулму ситам намояд». 


Аз рафтору амалҳои ифротгароён чунин байтҳо ба забони гуфтор меоянд: 
Бадсиголон дар ҳаққи мо ҳарзагӯӣ мекунанд, 
Рости моро ҳақ нагуфта, рӯсиёҳӣ мекунанд.
Мекунанд аз пашша фил гуфтори моро бедареғ, 
Бегумон назди азизон жожхоӣ мекунанд. 
Офарин, бар тинату сабру таҳаммулҳои мо, 
Нокасону нобакорон фитнаҷӯӣ мекунанд. 
Метарошанд хешро донандаи асрори илм, 
Бадниҳоду бадгумонанд, худнамоӣ мекунанд. 
Ҳарфи бегона ба гӯшу мӯди бегона ба тан, 
Миллати худро надида, нохудоӣ мекунанд. 
Бо Мадислом баҳс карданро намедоранд дӯст, 
Ин фанатикҳо ба минбар худситоӣ мекунанд. 


Мо аз он ифтихорманду шукргузорем, ки давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ дорем ва он дорои Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Конститутсияи худ буда, ҳуқуқу озодиҳои моро ҳимоя менамоянд. 


Мо аз он шукргузорем, ки Ваҳдати миллии имрӯзаи мо бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат посбону ҳимоятгари бахту саодати мо буда, дар саросари сарзамини зебоманзараи кишвари мо осудагиву оромӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва хушнудиву хушҳолии мардуми кишварамонро таъмин менамояд. 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти хирадманди ҷумҳурии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша чунин таъкид менамоянд: «Бақову пойдории Тоҷикистон ва истиқлолияти он бар пояи Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ устувор аст. Ин ду мафҳум – Истиқлолият ва Ваҳдат дар ягонагӣ буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд». 


Воқеан ҳам, бе ваҳдат ҳаёт ва ҷомеаи солим вуҷуд дошта наметавонад ва он неруи бузургест, ки тавассути он шукуфоии ҳамаҷонибаи кишвари азизамон сурат мегирад. Шукргузории воқеии мо дар он зоҳир мегардад, ки ҳамин неъмати бузург - Ваҳдати миллиро, ки натиҷаи ҷоннисориҳои Сарвари давлат ва сабру таҳаммулу дурандешии мардум ва ҳамбастагии созмонҳои байналмилалӣ ба даст омадааст, ҳимоя намоем ва баҳри пойдорию таҳкими он бо ҳисси баланди ватандӯстӣ чораҳои зарурӣ андешем. 


Ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Пешвои миллатамон ҳамагон пайрави чунин ҳидояти хирадмандонаашон бошем: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!» 


Дар ин бобат бузургвор Ҳусайн Воизи Кошифӣ низ ба таъкид фармудааст: 


Ҳар кӣ кунад шукр, зиёдат барад, 
Шукр сӯйи шаҳри саодат барад. 


М.Раҳмонов, н.и.ф., донсент, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, 
С.Собирҷонов, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ