Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Эҳтироми рамзҳои давлатӣ ин эҳтироми миллат аст!

Ҳар як миллате, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ аст, алббата соҳиби рамзҳо ва муқаддасоти худ мегардад, ки ин рамзҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва расму оини ин миллат мебошанд. Дар доираи ин мақолаи кӯтоҳ мехостам фикру мулоҳизаҳои худро атрофи беэҳтиромии намояндагони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нисбати яке аз рамзҳои давлатӣ-асъори миллӣ баён намоям. Мо тоҷикон шукрона аз он мекунем, ки ба шумули ин гуна миллатҳо дохилем ва имрӯз соҳиби муқаддасоти худ аз қабили парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, конститутсия ва асъори миллӣ ҳастем. Ҳамаи ин рамзҳо барои мо тоҷикон муқаддас ҳастанд. Чунки онҳо баёнгари истиқлолияти давлатии мо ба шумор мераванд ва мо шаҳрвандони ватандӯсту миллатдӯст ба ин муқаддасот эҳтироми хосса дорем. Ҳатто Пешвои муаззами миллат низ дар маросимҳои давлатӣ ва ҷашнвораҳои гуногун назди ин муқаддасот сари таъзим фурӯ меоранд. Моро низ месазад, ки ба мисли Пешвои хирадманди худ ба ҳамаи рамзҳои давлатдории худ эҳтиром гузорем ва нагузорем, ки касе ба онҳо беэҳтиромӣ кунад. Зеро эҳтиром накардани яке аз ин муқаддасот ин эҳтиром накардани миллат ва бузургони он мебошад. 
Миёни рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ асъори миллӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Он натанҳо як воҳиди пулӣ буда, балки таҷассумгари таърихи қадимаи халқи тоҷик аст. Бо мақсади таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳотҳои иқтисодӣ бо ташаббуси шахсии Пешвои миллат соли 2000-ум дар Тоҷикистон асъори миллии тоҷикон - «Сомонӣ» ҷорӣ карда шуд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги бойи миллати тоҷикро инъикос менамояд. Дар пулҳои мо расми арбобони бузурги гузаштаю муосир ва қаҳрамонон ба монанди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ибни Сино, Рӯдакӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ ва тасвири ёдгориҳои меъмориву фарҳангӣ ҷой дода шудаанд. Асъори миллии мо рамзи барҷастаи Тоҷикистони соҳибихтиёр гашта, ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти кишвари мо хизмат мекунад. Эҳтироми пули миллӣ ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. 
Ба муқаддасоти миллӣ ва махсусан асъори миллӣ шахсе эҳтиром қоил аст, ки ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дорад. Лекин дар баробари ашхоси бомасъулият ва бошараф ҳанӯз ҳам ҳастанд афроде, ки барояшон ягон рамз ва махсусан пули миллӣ ҳеҷ арзише надорад. Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе расмҳоеро во хӯрдан мумкин аст, ки дар онҳо нисбати пули миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир шудааст ва дар он ҳар гуна навиштаҷотҳои сиёсӣ ва талабҳои бемантиқ навишта шудаанд. Ин ҳолатҳои нангин аслан аз ҷониби аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ташкил карда мешаванд, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар фаъолияти тахрибкорона бурда истодаанд. Чунин ҳолат аз маърифати пасти ин одамон дарак медиҳад. Барои ин гуна афрод, ки онҳоро ҳатто инсон номидан мушкил аст, эҳсосоти дигарон ва поймол шудани онҳо як кори оддӣ аст. Ҳар фарди солимфикри кишвар ҳангоми дидани ин ҳолат худро нороҳат ҳис мекунад ва шаъну шарафи худро поймолшуда меҳисобад. Зеро чунин беэҳтиромӣ нисбати пули миллӣ баробар аст ба сӯзонидан ё поймол кардани парчами миллӣ ва нишони давлатӣ. Рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти мо бояд ҳеҷ гоҳ аз тарафи хоинон ва душманону бадхоҳони миллат тавҳин нашаванд ва барои ҳадафҳои нопоки онҳо истифода нашаванд. Мо ин ҳолат, яъне паҳн кардани ҳар гуна расмҳои таҳқиркунандаи асъори миллии худро беэҳтиромӣ нисбати тамоми миллати тамаддунофари тоҷик меҳисобем ва ҳамаи ин иқдомҳои бемантиқу бемасъулиятро маҳкум мекунем. Зеро беэҳтиромӣ нисбати пули миллӣ беэҳтиромӣ нисбати тамоми миллат аст! 


Маҳина Илчибекова дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ