Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Пешвои миллат – сарвари дурбин ва ҳомии насли наврас

Тавре ки иттилоъ дорем, мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 30-юми апрел 84 нафар кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз пойтахти Ироқ – шаҳри Бағдод ба шаҳри Душанбе баргардонида шуданд. Ин хабарро ҷомеаи мо бо хушнудӣ истиқбол намуда, бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлат шукргузорӣ намуданд. Ин лаҳзаҳо боз як маротибаи дигар иқдоми неки фарзонафарзанди миллат, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввалини роҳбари кишвар эълон шуданашон, дар назди вакилони мардумӣ ва ҷомеаи тоҷик савганди адолатхоҳиву хайрхоҳӣ ёд карда буданд, ба хотирамон омад. Он замон Эмомалӣ Раҳмон дар худ масъулияти бузурги роҳбарии як миллату давлати куҳанбунёду дорандаи таъриху фарҳанги волоро эҳсос намуда, чунин суханони пурҳикматро ба забон оварда буданд: «То даме ки охирин гурезаи ватан ба хоки меҳани аҷдодии худ барнамегардад, худро орому осуда эҳсос намекунам…» ва, хушбахтона, ин орзуи Пешвои миллат амалӣ гардид. 
Вале имрӯзҳо аз он дар ҳайратем ва боиси афсӯсамон ҳам ҳаст, ки як гурӯҳ шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун пайваст шуда, бехабар аз он мондаанд, ки ба ин васила ҷони худу наздиконашонро дар хавф гузоштаанд. Чунин ҳизбу ҳаракатҳо, ки худро дар ниқоби дини мубини ислом муаррифӣ карданӣ мешаванд, ба ҷуз хунрезию хиёнат ва ба иштибоҳ мондани насли наврасу ҷавон дигар мақсаде надоранд. Айни ҳол, мутаассифона, беш аз 40 зани тоҷик дар маҳбасҳои Ироқ нигоҳ дошта мешаванд, ки соҳиби тифлакони маъсум мебошанд. Як қисми дигари ин тифлакони бегуноҳ дар хоки Ироқ ва Сурия ба дунё омадаанд, ки тақдири минбаъдаи онҳо барои мо норӯшан аст. 
Тақдири волидони раҳгумгашта ва хусусан тифлакони дур аз Ватан, дар халқаи оташи ҷангу тиру тӯб монда табиист, ки халқи моро нороҳат мекунад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои бозпас овардани онҳо чораҷӯӣ намуда, бо масъулини кишварҳои ҷангзада дар робита қарор доштанд. Инчунин, дар роҳандозии ин кори хайр Вазорати корҳои хориҷии кишварҳои Ироқ ва Кувайт, намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ ба кишвари мо ёрии зиёди худро расониданд. 
Имрӯз мо мардуми тоҷик аз он болидарӯҳем, ки Сарвари давлату Ҳукумати кишварамон боз дар нақша доранд, ки шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро низ дар фурсати наздиктарин ба Ватан баргардонанд. Барои дар амал татбиқ намудани ин иқдоми нек минбаъд низ гуфтушунидҳои гуногун байни мақомоти кишвар бо намояндагони кишварҳои мазкур доир хоҳанд гашт. 


Насрулло Тӯйчизода