Мақолаҳо
Оқибати бегонапарастӣ нестист!
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазхари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутумаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ғановати бузурги иҷтимоию сиёсиест, ки бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ваҳдати миллӣ тавонист барои пешрафти ҷамъият ва давлати азизи мо шароити хуби мусоид фароҳам намуда, тамоми рукнҳои фаъолияти онҳоро рушд ва инкишоф диҳад. Дар ин замина давлати мо дар заминаҳои ҷаҳонишавӣ қарор дорад.
Дар раванди ҷаҳонишавии рушди фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои гуногун пеш меоянд, ки онҳо метавонанд ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш андозанд. Ба ин мушкилот дар аксарияти ҳол масъалаҳои ворид шудани баъзе фикру ақидаҳои сохтаи ифротангез дохил карда мешаванд, ки ҳамчун мафҳуми терроризм ва экстримизм муаррифӣ гардиданд. Инҳо аз тарафи баъзе ташкилот ва ширкатҳои хориҷӣ барои ноором сохтани вазъи кишварҳо ташкил карда мешаванд.
Ин амалҳо ба хусус ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, фикру ақидаи онҳоро нисбати ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дигар карда, оқибат онҳоро ба роҳҳои фаъолияти ғайриқонунӣ мебарад. Вобаста ба пайдоиши ин масъалаҳо омилҳои бегонапарастӣ ва бегонашавиро мисол овардан ба маврид мебошад.
Бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза аз замири бениҳоят паст будани малакаю дониш ва ақлонияти инсонӣ дар ҷодаи фаъолияти зиндагӣ сарчашма мегирад.
Дар зери мафҳуми бегонашавӣ мо аслан масъалаҳои дур шудан аз сиёсати давлат, дину фарҳанг, оила, ватану модар ва ғайраро фаҳмида метавонем ва дар чунин амали фард хиёнаткор эътироф шудани он аз назар дур нест.
Зери мафҳуми бегонапарастӣ бошад, аслан дода шудан ба фикру ақидаҳои бегона ва мавриди амал қарор додани онҳоро фаҳмидан мумкин аст. Ин омилҳо ягон таъсири мусбӣ ба зиндагонии инсон нарасонида, баракс ӯро ба зарарҳои гуногун рӯ барӯ менамоянд.
Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзан суханони нодурусти баъзе нафаронро мушоҳида намудан мумкин аст, ки бо суханони иғвоангез ва таҳқиркунанда мехоҳанд ба ҳар гуна восита ба вазъи муносибатҳои шаҳрвандӣ нисбати сиёсати давлат халал расонанд.
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд Ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд. Амали чунин нафарон метавонад бисёр харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад.
Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани манфиатҳо аз хориҷи кишвар мехоҳанд, дар давлати тенҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд. Мисоли ин гуфтаҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, ки солҳои зиёд фаъолияти зиддитоҷикӣ бурда мехост ба сари миллати тоҷик фарҳангу оини бегонаро бор кунад.
Чуноне, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм миллат, дин ва нажод надорад». Яъне аз ин суханони Пешвои миллат ба хулосае омадан мумкин аст, ки нафароне, ки даст ба ин гуна ҷиноятҳо задаанд новобаста аз табақаи ҷамъиятиашон дар назди қонун ҷавобгар буда, ягон василаи дин мазҳаб ва нажод ба онҳо баҳона шуда наметавонад. Ҳар як фарди бо ору номус бояд дар рафъи омилҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми худро то андозае гузорад.
Давлати азизи мо, ки бо як саодатмандӣ рӯ ба тараққӣ овардааст ва мо шаҳрвандони ин мамлакат бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгуншукуфоии ин диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллати хеш софдилона хидмат кунем. Фақат мавқеи фаъоли сиёсии ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад тинҷию осудагиро дар ҷомеаи мо ҳифз кунад ва барои пешрафти осоиштаи кишвар замина муҳайё созад.
Буриева М. мудири кафедраи омори ДДМИТ