Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Аз хатарҳои терроризм ва ҳизби наҳзати исломӣ огоҳ бояд буд!

Дар солҳои охир инсоният ба хатари муосире рӯ ба рӯ омад, ки ба амнияти давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод кардааст ва ин хатар номи терроризм дорад. 


Ин хатар ба ҳамаи давлатҳо таҳдид менамояд, ҳам ба давлатҳои абарқудрату рушдёфтаву ҳам ба давлатҳои рӯ ба инкишоф ниҳода. Далели ин гуфтаҳоро амалҳои террористие, ки бо роҳи таркиш дар шаҳрҳои Нью-Йорк, Париж ва Брюссел доир гардида боиси ҳалокат ва захмбардории одамони зиёд гардиданд, исбот менамоянд. Ин хатар дар замони ҳозира ба вабои аср табдил гардидааст ва дар ҷомеаи башарият як нооромӣ, нобовариро ба фардои нек ба вуҷуд оварда, мавриди ташвиш ва ҷустуҷӯи чораҳои ҳалкунандаи ин проблемаи глобалӣ аз ҷониби сиёсатмадорон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. 


Терроризм - ин амали зӯригарии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, бо мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ муттаваҷҷеҳ гардонидани онҳо амалӣ карда мешавад. Терроризм яке аз шаклҳои иртиҷоии эътирози ғайриқонунӣ мебошад, ки шакли доиршавии амалҳои террористӣ ҳам хосияти дохилидавлатӣ ва ҳам хосияти байналмиллалӣ доранд. Гуруҳҳои муташаккили террористӣ ҳама вақт аз рӯи мақсади ғаразноки худ фаъолият мекунанд ва дар баробари ин манфиатҳои миллии давлатро як сӯ гузошта, ба манфиати хеш кор мекунанд, ки ин аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ поймолкунии ҳуқуқҳои ҷомеаи инсонӣ мебошад. 


Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар канор наистода ба роҳҳои ҳалли ин проблемаи доғи рӯз аҳамият ва диққати зиёд дода мешавад. Ин масъала доим дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар ҳамаи баромадҳову суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дар конференсияҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм борҳо оиди хатари глобалии терроризм қайд карда шудааст. 


Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиаҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳхои дунёро дар пешоруи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Террорист ватан, давлат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. 


Яке аз роҳҳои бартарафкунии ин амали ғайрилегалӣ мустаҳкамкунии заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ оиди мубориза бар зидди терроризм қабул карда шудааст. Ҷанбаҳои гуногуни муносибат ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар санадҳои зерини меъёрӣ - ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд: Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (1999с), Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ (экстремизм)» (2003с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва ҷамъиятҳои динӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи «Консепсияи бехатарии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби фаъолияти мақомотҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин ҳуқуқҳо вазифаҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро вобаста ба амалӣ гардонидани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муайян месозад. 


Дар давраи муосир аз тарафи бисёр давлатҳо гуруҳҳои муташаккили террористӣ - ифротгароӣ, аз қабили «Ҳаракати Толибон», «Ал-Қоида», «Бародарони мусулмон», «Боко-Ҳарам», «Салафия», «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ ҳисобида мешаванд. Дар мамлакати мо бошад, гуруҳҳо ва ҳаракатҳои террористӣ-ифротгароии «Ҳаракати Толибон», «Ал-Қоида», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Салафия», «Гуруҳи 24», «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ хисобида мешаванд.


Терроризми муосир дорои қувваҳои омода гардонидашуда, хусусан аз ҳисоби ҷавонон ва бо техникаву технологияҳои муосир муҷаҳҳазшуда аст ва дорои сармояи зиёди молиявӣ ва технологӣ мебошад. Ин имкониятҳои сармоявӣ ва технологӣ барои террористон эҳтимолияти интихоби гуногуни доиргардонии амалҳои террористиро имконият медиҳад ва танҳо ягонагии сиёсати муборизаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон барои муваффақ шудан дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм мусоидат менамояд. 


Ҳамагон шоҳидем, ки ТЭТ ҲНИТ солҳои навадуми қарни гузашта ба чи ҷиноятҳо даст зада буду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Новобаста аз он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардид ва аксари ҷинояткорони ин ташкилоти террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ҳанӯз ҳам боқимондаҳои онҳо, ки нафасҳои оҳирини худро дар озодӣ кашида истодаанд, бо ёрии баъзе кишварҳои барои мо ба ном дӯст фаъолити тахрибкоронаи худро идома дода истодаанд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз шукргузорӣ аз фазои орому босубот мекунем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии ба мисли паймони дар боло зикршуда ба фазои ороми кишвари мо дохил шаванд ва пайи манфиатҳои ғаразноки худу хоҷагони хориҷиашон шаванд. 



Муқимов Қ.М., декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии ДДМИТ