Мақолаҳо
Аз найрангҳои хоинон огоҳем!
Ба ҳамагон маълум аст, ки зиндагии шоистаи аҳолии ҳар як давлат ҳамеша бо субот дар ҷомеа вобастааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳадафи асосии сиёсати худро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ва таъмину ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеаи кишвар равона намудааст, то ки дар раванди ҷаҳонишавӣ кишвари мо аз ҳар гуна хатарҳои барои пояи давлатдорӣ ва миллат осебовар ҳифз карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни муроҷиатҳои худ ба мардуми кишвар бо ифодаи таъкидӣ баён доштанд: «Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем».
Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар айни замон Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.
Аммо буданд ва ҳанӯз ҳастанд гурӯҳҳое, ки дар ҳамин замина истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллии моро намехостанд ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ин ҳукумат буданд ва ҳастанд. Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳуввият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстримистӣ, ҳизбҳои ифротиву иғвоангез мисли ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва махсусан роҳбарони онҳо мехоҳанд шаҳрвандони мо - махсусан ҷавононро ба гумроҳӣ бубаранд.
Ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшон меъёрҳои дини мубини исломро мехоҳанд дар амалҳои номатлубу андешаҳои ифротии худашон истифода кунанд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву иғвоангезӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияташон ҳадафи ин ташкилотҳои террористиву экстримистӣ, ҳизбҳои ифротиву иғвоангез бараъло маълум буд, ки онҳо дини мубини Исломро танҳо барои анҷом додани ниятҳои нопокашон истифода мекунанд.
Роҳбарони созмонҳои ифротгаро шариат ва дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онҳоро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои хурофотпарастию разилонаи хешро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Аммо ҳамагон медонем, ки дини мубини ислом бо террорист, экстремист ва гурӯҳҳои ифротгаро иртиботе надорад. Роҳбарони ташкилоти террористӣ бо истифода аз ин гуруҳҳои иғвоангез исломро як бозии асосӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Имрӯз ҷангу муноқишаҳои давлатҳои исломӣ, ки ба майдонҳои он мардуми ноогоҳ, фирефташудаву фурӯхташуда бо баҳонаи ҷиҳод кашида шуданд, аслан ҷиҳод нест, балки манфиатхоҳӣ аст, ки бар асари ғаразҳои сиёсӣ ва тибқи нақшаи тарҳрезикардаи манфиатҷӯён барангехта шуданд. Чунин «ҷиҳод»-ро мусалмонони ҷаҳон напазируфтаанд, баръакс алайҳи он фатво доданд. Аз ҷумла дар кишвари мо низ фатво дода шуд, ки агар нафаре аз мусалмонон дар чунин муноқишаҳо иштирок намояд, аз ҷумлаи мусалмонони мо нест. Зеро ҷиҳод аслан амалест, ки ҳар ҳаракати он барои некӣ ва хушбахтии инсон бардошта мешавад.
Аз ин рӯ мо мардуми бонангу ори кишвар амалҳои ин гуна афродро маҳкум намуда, ҳаргиз намегузорем, ки як хоине ё нохалафе ин тинҷиву осудагии моро вайрон кунад ва ҳаргиз намегузорем, ки ин миллати баҳам омадаро парешон намоянд.
Итминони комил дорем, ки сокинони заҳматкаш, меҳнатдӯст, ободгар ва шарифи кишварамон тамоми саъю кӯшиши худро ба иҷрои вазифаҳои муайяннамудаи Пешвои миллат, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати мардум, таъмини амнияти миллию давлатӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт равона хоҳанд кард ва дар афзоиши нерӯ ва иқтидори Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Фасеҳзода И.С. мудири кафедраи таҳлили иқтисодии ДДМИТ