Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ташаккули ҳуввияти миллии ҷавонон-омили пешгирикунандаи ҷинояткорӣ

Ташаккули ҳуввияти миллӣ дар ҷавонон ва насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҳозираи тоҷик ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд намудаанд: “Вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртазоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли хеш мунназам ҷаҳду талош намояд”. 


Дар ин замони пурҷӯшу хуруш, паҳншавиии идеологияҳои бегона ва гуногун, глобализатсия (ҷаҳонишавӣ), рушди экстремизму терроризм, паҳншавии бемориҳо ва вирусҳои гуногуни ба ҷони инсон хатарнок, ташаккули ҳуввияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии мардум, ҷомеа ва ҷавонон, эҳё намудани анъанаҳои миллии тоҷикӣ, маданияту фарҳанги асили мардумӣ аз манфиат холӣ нест. Дар муддати тӯлонии ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик, нигоҳ накарда ба кашмакашиҳои зиёди сиёсӣ, аз даст додани истиқлолияти худ, задухурдҳои зиёди асримиёнагӣ, аз байн бурдану нест намудани фарҳангу маданият, илму санъати тоҷик аз ҷониби аҷнабиён, паҳншавии мардуми тоҷик ба давлатҳои гуногуни дунё асолати миллӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти худро, фарҳангу маданият, илму анъанаҳои миллии хоси худро аз даст надода, онро ривоҷу равнақ дода, ба мардумони дигари дунё онро муаррифӣ менамояд. Мисоли ин гуфтаҳо, хизматҳои шоёни мутафаккирони бузурги тоҷик ба монанди Абуалӣ Сино, Ҷалолиддини Румӣ, Берунӣ, Низомулмулк ва садҳо дигарон ба халқу миллатҳои гуногуни дунёи он вақта мебошанд. 


Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ, ки нишонаи таърихии муҳиму бузург барои халқи тоҷик мебошад, дарк намудани фарҳангу маданияти хеш, худшиносиву ҳуввияти миллӣ яке аз масъалаҳои мумбрани ҷомеа гаштааст. Дар ин ҷода қайд намудан зарур аст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоқикистон, ҷомеаву зиёиён, олимону нависандагон ин масъала ҳаматарафа баррасӣ шуда, дар байни ҷомеа ва насли наврас паҳн шуда истодааст. Мисоли он, ба ёдгориҳои таърихӣ даровардани ҷашни Наврӯз, либоси мардумии “Чакан”, ҷашн гирифтани “Соли тамаддуни ориёӣ” ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шуда метавонанд. Қабули забони давлатӣ, ба забони тоҷикӣ гардондани ному нишонаҳои шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ворид намудани барномаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ, бахшида ба маданияту фарҳанги тоҷикӣ, ба тавсиб расонидани ҳазорҳо рисолаву корҳои илмӣ, китобу дастурамалҳо, мақолаву навиштаҳо бахшида ба таърихи миллати тоҷик, фарҳангу маданият, анъанаҳои мардумии тоҷик ва дигар аз зумраи нишонаҳои эҳё намудани анъанаҳои мардумии тоҷик, тарбия ва ташаккул додани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳӣ дар ҷавонон ва насли наврас ба ҳисоб мераванд. 


Таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ва насли наврас роҳҳои асосии расидан ба ташаккули ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Миллати мо аз қадимулайём бо фарҳангу маданияти худ, бо илму санъат, бо меҳмоннавозию лутфу меҳрубонӣ шинохта шудааст. Дарк намудани ин, аз худ намудани таъриху маданият, фарҳангу санъат, ҳуввияту худшиносӣ яке аз вазифаҳои муҳиму маъсулиятноки ҷавонон ва насли наврас мебошад. Чунки, худогоҳиву ҳуввияти миллӣ ин донистану шинохти арзишҳои бебаҳои маънавию моддӣ, фарҳангиву таърихӣ, эҳтиром ба таъриху миллат, забону адабиёт, фарҳангу расму оин, дину ҷашнвораҳо, тамддуну ҷаҳонбинӣ ба ҳисоб меравад. Дарк кардани ҳуввияту худшиносӣ ин ҳисси масъулият ба Ватану ватандорӣ, инсондӯстию рафоқат, арҷгузорӣ ба миллату макони худ, эҳтиром ва эҳёи шарафу номус мебошад. 


Барои худшиносию ҳуввияти миллиро пайдо намудан ҷавонон ва насли наврас бояд ба таърихи ниёгони худ назар афкананд, аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода баранд, ба қаҳрамониҳои мутафаккирону олимону шоирони худ, ба бузургону сиёсатмадорони гузаштаи худ такя кунанд ва ба онҳо тақлид кунанд. Доимо ҳушёру зирак бошанд, вақти худро беҳуда сарф накунанд, ба аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, забонҳои гуногунро омӯзанд, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошанд, ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набароранд. Танҳо он вақт метавон гуфт, ки дар ҷавонон ва насли наврас, ки ояндаи миллати мо мебошанд, ҳисси ватандориву ватандӯстӣ, инсондӯстиву рафоқат, меҳру меҳрубонӣ, ҳуввияту худшиносӣ пайдо шудааст ва такомул ё фта истодааст. 


Шарипов Абдулваҳҳоб устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ