Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Об аст, ки ҳаёт аст

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву осудагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. 
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. 
Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар, 
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар. 


Мо тоҷикистониён аз серб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз зихираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки онҳо на ин ки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон ва Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. 
Шоири англис В.Ауден гуфта буд: «Ҳазорон нафар бе муҳаббат зистаанд, вале як нафар ҳам бе об зиста наметавонад». 
Воқеан ҳам, об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, унсури асосии ҳаёт ба шумор меравад. Пайдоиш ва ташаккули зиндагии инсон ва, умуман, мавҷудоти зинда аз об вобастагии зиёд дорад. Маҳз об воқеияти ин ҷаҳону зиндагиро таровати зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии заковатмандӣ, башардӯстии ӯ буда, аз ин ҷиҳат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон ҳамовозию дастгирӣ меёбанд. Бо пешниҳоди Сарвари Тоҷикистон дар СММ соли 2003-ро «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълом дошт. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳбарони 10 кишвари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошад. Обрӯю эътибори байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дурандешӣ, заковатмандӣ ва башардӯстии олии он кас сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистон ва минтақаро низ дар арсаи ҷаҳон боло мебарад. Зеро ҳалли проблемаи глобалии об дар доираи як кишвар ҳал намегардад. Ҳар як инсон, сарфи назар аз нажод, дониш, эътиқод ва синну сол ба об эҳтиёҷ дорад. 
Аммо, мутаассифона, дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки об бе сарфакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беқадрии он аз тарафи бархе саҳлангорон нодида гирифта мешавад, ки ҷӯйҳову рӯдҳоро ифлос мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки дар ҷойҳои поёноб аз обҳои ин рӯдҳо истифода мебаранд. 
Аз ин рӯ, мо бояд ҳатман ба қадри об расида, аз як гиребон сар бароварда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дар ин ҷода дастгирӣ намоем. 
Месазад, ки ба қадри ҳар қатраи оби поки ин сарзамини биҳиштосо бирасем ва онро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем. Мақсаднок истифода бурдани обро пешаи кори худ кунем. Нагузорем, ки ба исрофкорӣ роҳ диҳанд. 


Қадриддини Қамариддин, ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ