Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Эмомалӣ Раҳмон-сарвари сиёсии тоҷикон

Шуруъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. 


Ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият вобаста нест. Он ҳамчун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, эҳёи давлатдории миллӣ, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида аст. Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он замон раиси Шӯрои Олӣ сардори давлат ба ҳисоб мерафт ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 16-уми ноябри соли 1992 дар саҳифаи бойи таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Зеро ин рӯзи ба саҳнаи сиёсат ворид шудани бузургтарин сиёсатмадори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин қонун бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, амнияту якпорчагӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст. 


Ҷашнгирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мисоли ягона нест. Таҷрибаи сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар як қатор давлатҳои пешрафта баҳри қадрдонии хизматҳои сарварони давлат Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба роҳ мондани чунин амал дар Тоҷикистон ҳеҷ амали ғайриоддӣ набуда, барқароршавии адолати таърихист. Ҷашнгирии Рӯзи Президент дар олам таърихи куҳан дорад. Асосгузорони ин ҷашн амрикоиҳо мебошанд, ки шуруъ аз соли 1782 ҳар душанбеи сеюми моҳи феврал дар ИМА Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад ва он рӯзи истиироҳатӣ аст. Агар ҳар нотавонбине даъво кунад, ки ҷашнгирии Рӯзи Президент амали зиддидемократист, бояд дониста бошад, ки бунёдгузорони ин ҷашн асосгузорони демократия-амрикоиҳо мебошанд. Дар яке аз давлатҳои мутараққии олам-Британия Кабир ҳар сол 8-уми июн ҳамчун рӯзи таваллуди малика дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Нидерландия, ки намунаи давлати демократию иҷтимоист, 29 ё 30-юми апрел зодрӯзи сардори давлат-малика ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар Исландия бошад, 14-уми май Рӯзи Президент эълон шудааст ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ҳар сол 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи Президенти аввалини Қазоқистон бо шукуҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Ангола, Ҷазираҳои Маршал, Ботсвана ва дигар давлатҳо рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. 


Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар тақдири ҳар як миллат шахсоне ҳастанд, ки дар шаклгирии ин миллат ва давлат нақши ҳалкунанда мебозанд ва бо гузашти асрҳо онҳо дар хотири мардум мемонанд. Чунин шахсиятҳо барои ИМА Ҷорҷ Вашнгтон, Русия-Пётри 1, Хитой-Мао Дзедун, Фаронса-Шарл де Гол, Туркия-Мустафо Камол Отатурк ва дигарон мебошанд. Бо амри тақдир халқи бузурги тоҷик низ 16-уми ноябри соли 1992 соҳиби чунин сарвари сиёсӣ дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилае ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки Тоҷикистонро парокандагии сиёсӣ фаро гирифта буд. Давлат ҳамчун институти сиёсӣ фаъолият намекард. Воҳидҳои маъмурии алоҳида ба марказ итоат намекарданд ва гуруҳҳои гуногуни ҷинояткор бо истифода аз чунин вазъ худро ҳокими маҳаллӣ эълон карда буданд. Ҳатто як қисмати алоҳидаи ҷумҳуриамонро душманони миллат мустақил эълон карда, бар зидди Тоҷикистон мубориза мебурданд. Оид ба вазъи иҷтимоии он давра, ки аксарият шоҳиди он буданд, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Дар чунин ҳолати мураккаб вориди сиёсат шудан ва муваффақ шудан дар он шароит афсона менамуд. 


Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи иқтисоди миллӣ низ бениҳоят бузург аст. Дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон бо буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашт. Соли 1993 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 16% коҳиш ёфт. Соли 1994 ин нишондиҳанда ба 24%, соли 1995 ба 12%, соли 1996 ба 17% баробар шуд Соли 1995 ММД танҳо 41% соли 1991-ро ташкил дод. Зери роҳбарии оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон иқтисоди миллӣ рӯ ба пешравӣ ниҳода, дар соли 2017 ММД аллакай 61,1 млрд. сомониро ташкил дод. Имрӯз дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиёт пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Тоҷикистон бомаром ба сӯи се ҳадафи стратегии худ-расидан ба истиқлолияти энергентикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ рафта истодааст. 


Тибқи моддаи 1-уми конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар самти иҷтимоиёт низ ба пешравиҳо ноил гардидааст. Дастгирии илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, нафақа, ҳифзи иҷтимоии гуруҳҳои осебпазир дар сиёсати Эмомалӣ Раҳмон мақоми авввалиндараҷаро ишғол кардааст. Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 - ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад. Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд. Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад. 


Хулоса, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бениҳоят бузург буда, ҳақиқати бебаҳс аст. Маҳз бо назардошти ҳамин ҳолат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Воқеияти олами муосир нишон медиҳад, ки яке аз ҳолатҳои кафолатдиҳандаи сулҳу амният дар ҳар як кишвар муттаҳидӣ дар атрофи сарвари сиёсӣ аст. Воқеаҳои сиёсии солҳои охири дар олам рухдиҳанда нишон медиҳанд, ки муттаҳид набудан дар атрофи сарвар ба он оварда мерасонад, ки ҳатто давлатҳои бузург пароканда мешаванд. Мисоли давлатҳои Ироқ, Либия, Яман, Сурия ва Украина гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд. Пас имрӯз вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки дар атрофи сарвари сиёсии худ-Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошанд ва дар пешравии Тоҷикистони азиз нақши худро гузоранд. 


Сафарзода Фаридун устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ