Мақолаҳо
Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ
Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин неъмат барои миллату халқиятҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият, суботу оромӣ, озодӣ, хушбахтӣ, саодати миллиро ба миён оварда, осудагии инсониятро таъмин месозад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар роҳ мекушояд.
Мо тоҷикон баъди давлатдории Сомониён дубора дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баъди суқути давлати Шӯравӣ соҳиби давлати миллӣ гаштем. Ин неъмати гаронарзиш бо ивази қурбониҳои зиёд, хисороти моливу ҷонӣ ба даст омад. Хушбахтона 28 сол аст, ки мо дар фазои истиқлолият кору зиндагӣ дорем. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, дору мадорҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва баланд бурдани худшиносии миллӣ қарзи имонӣ ва виҷдони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Барои аҳли маърифат ва қишрҳои дигари ҷомеа ҳимоят аз истиқлол, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ қарзи ҷонӣ аст. Барои муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятии мо зарур аст, ки раванди худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлол шудани моро аз нигоҳи таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба риштаи таҳқиқ кашанд. Муҳимият ва арзишмандии ин масъала ҷиҳат ва тарафҳои гуногун дорад.
Аввал ин, ки таърихи тӯлонии миллатро дар раванди воқеияти замон рушан мегардонад ва дар боло бурдани масъулияти ҳимоят, ҳифз ва муқаддас доштани истиқлолияти мо наслҳои ояндаро масъул менамояд.
Дуюмин, дастоварду музаффариятҳо, шикасту нобаробариҳои миллатро ҳамчун сабақи таърих, маҳаки андешаи миллӣ ва тафаккури созандагию бунёдкорӣ бароямон қарор медиҳад.
Ҷабҳаи сеюм бозтобии рушан ва мунсифона дар инъикоси воқеаву ҳодисаҳои раванди истиқлол барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии насли ҷавон кумаки амалӣ месозад.
Раванди худшиносӣ, худсозӣ ё технологияи худӣ аз якчанд унсур ё хусусиятҳо иборат аст, ки дар ин раванд бо ҳам сахт бофтаанд. Аввалин унсуре, ки раванди ташаккулёбии шахсият, худогоҳии шахс, раванди сохтмони худӣ аз ин оғоз мешавад, мавзӯи бунёдии фалсафа аст. Ин ҷо инсон роҳҳои шинохти воқеияти худ, худии худ ва дунёро ҳамчун ғайри худ ёд мегирад ва ба гуфти баъзе аз мутафаккирон «ба бозии ҳақиқатҷӯйӣ ва адолатҷӯйӣ» дохил мешавад. Унсури дуюм озодӣ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя рушд меёбад ва ин ҷо баъзе тарафҳои дигари сохтмони инсон, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағйирёбӣ ва тарбия қарор меёбанд. Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худӣ дар як раванди таҳаввулёбанда ва динамикӣ қарор дорад ва вобаста ба тағйирёбии таҷриба ва донишҳои шахс аз як зина ба зинаи дигар мегузарад. Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ иртиботу муносибат бо дигарон аст. Хусусияти дигари ин раванд бо воқеияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавонии дидану гуфтани ҳақиқат аст. Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд ба истилоҳи мутафаккирони тоҷик «озодмард», «зиндадил», «марди тамом» бошанд.
Ғафорова Маҳбуба мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот