Мақолаҳо
Хоинони наҳзатӣ-ҷузъи терроризми ҷаҳонӣ
Барои ҳар халқу миллат истиқлолият ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бузургтарине ҳастанд, ки дар раванди таърих насибашон мегардад. Расидан ба қадри ин неъматҳои бебаҳо қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Миллати истиқлолхоҳу озодипарасти тоҷик низ аз ин неъматҳои бебаҳо бархӯрдор гардид. Имрӯз миллати тоҷик дар фазои озоду ором зиндагӣ доранд ва шукргузорӣ аз давраи соҳибихтиёрӣ мекунанд. Миллати тоҷик тамоми кӯшиши худро ба харҷ дода истодаааст, ки истиқлолияти давлатиро такмил диҳад.
Муассисону хоҷагони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ то ҳол бар он ақидаанд, ки дар хориҷи кишвар бошанд ҳам, баҳри амалишавии ниятҳои хоҷагонашон метавонанд ақидаи миллати шарафманди тоҷикро тағйир дода, дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ ва экстремистиро ташкил намоянд. Ин хаёли хом аст ва ин афрод бояд шарм доранд, аз он ки ба сари миллату давлати худ чӣ гуна бадбахтиҳоро фурӯ рехтанд. Агар ба таърих назар афканем, дастпарварони Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ обрӯю нуфузи Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намудан мехостанд. Ӯ бо аъзоёни ба ном ҳизби наҳзати исломӣ ҳамагон дар асл хоину ватанфурӯши мебошанд. ТЭТ ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, кишвари моро ба хоку хун оғӯшта кард. Агар фитнабозиҳову иғвоангезиҳои чунин шахсон дар солҳои 90-уми асри гузашта намебуд, имрӯзҳо кишвари мо ба зинаҳои баландтарини тараққиёт ноил мегардиду дар байни дигар кишварҳои пурқуввати ҷаҳонӣ ҷой мегирифт. Бо чашми сари худ дида натавонистанд, бояд чашми дили худро бедор созанд. Бояд бидонанд, ки онҳо дар хориҷа бозичаи дасти дигаронанд.
Халқи сулҳхоҳу ваҳдатпарвари тоҷик дигар ба ҳама гуна фикрҳои ғаразноки бадхоҳони Ватан бовар надорад. Бадхоҳони Ватану миллатро шарм мебояд дошт, ки баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолияти озод шуруъ кард. Муассисони ҳизб гӯё самти фаъолияти хешро бо тарҳи дигар роҳандозӣ намуда, барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик кӯшиш меварзиданд. Сад афсӯс, ки аз ӯҳдаи фаъолияташон набаромаданду то имрӯз кинаю адоват ва низои миллирро дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқ намуда, дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монданианд.
Имрӯзҳо мо, мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд дар шароити сахти вусъатёбии нооромиҳо дар ҷаҳон, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум бетаъсир намемонад, ҳамчун пуштибонии миллат барои амалӣ нагардидани тарҳи хиёнаткоронаи зархаридони хориҷӣ кӯшиш намуда, саҳнаро аз ҳамагуна мухолифин пок созем. Фазои тарсу ҳаросро, ки имрӯзҳо нохалафони ТЭТ ҲНИ эҷод карданианд, ҳамеша дар ҳолати амну оромӣ, якдигарфаҳмӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳифз намуда, нагузорем ягон нохалафе ба кишвари азизамон газанд расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба давлати пешрафта табдил ёфта истодааст. Зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар гашта, деҳа, шаҳр ва ноҳияҳои кишвар ободу зебо мегарданд. Роҳбарияти давлат ва аҳолии ҷумҳурӣ аз ин хушбахту саодатманд ҳастанд. Аммо одамоне ҳастанд, ки хушбахтии халқи Тоҷикистон ва ободиву осоиштагии онро намехоҳанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби террористии ҲНИ мебошад, ки имрӯз ӯ дар қатори ватангадоёни ватанфурӯш, кӯрнамаку нохалаф қарор дорад. Ҳар нафаре, ки ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ дорад ва фарзанди асили модари тоҷику тоҷикистонӣ аст, бояд бидонад, ки барои чунин ашхос дар байни мо ҷой нест ва нахоҳад буд.