Мақолаҳо
Пайвандии наҳзатиҳо бо терроризми байналхалқӣ
Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рӯ ба тараққӣ овардааст. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки давлати дар байни оташи ҷангу харобгардониҳо қарор доштаро, ки умуман ба тинҷӣ ва осоиштагии он боварии касе намеомад, ин марди абарқудрат роҳбарии онро дар чунин вазъияти душвору вазнин ба уҳда гирифта, таъмини амният ва сулҳро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ваъда карда, онро дар амал татбиқ гардонид.
Сулҳу осоиштагӣ ва пешравии давлати мо имрӯз аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъмин мебошад. Бояд дарк намуд, ки ин гуна пешравиҳо бо меҳнат ва заҳмати гарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат таъмин шудаанд.
Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори бештар бидиҳанд.
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд. Амали чунин нафарон метавонад сабаби харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани маблағу кӯмак аз хориҷи кишвар мехоҳанд дар давлати тинҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд.
Махсусан ташкилоти экстремитсию террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар вақти дар Тоҷикистон фаъол буданаш бо тамоми гуруҳҳои мухолифин ва террористии олам пинҳонӣ робита доштааст, ки бо гузашти вақт ва пароканда шудани бархе аз аъзоёни ин ташкилоти террористӣ, робитаи онро бо дигар ташкилотҳои террористӣ ошкор шуд. Махсусан пайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳҳои террористии байналхалқии «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Толибон», «Амороти Қафқоз», «Ҳизби исломии Афғонистон», «ҲАМОС», «Ҳизбҳои ифротии Туркия», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «ДОИШ» бисёр решадор аст.
Гарчи худи таъсиси ҳизби наҳзат ва тамоми фаъолияту амалиёти он аз тарафи доираҳои махсуси хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, илова бар ин, дар давраи ҷанги шаҳрвнадӣ дар сафи ҷангиёни ҲНИ зархаридони хориҷӣ аз ташкилотҳои байналмилалии террористӣ хеле зиёд буданд. Ин зархаридҳо, ки аксари онҳо мактаби ҷанги Афғонистонро гузашта буданд, таҷрибаи калони қатлу куштору ғоратро доштанд, ки мутаассифона, бо мусоидати наҳзатиҳо, нисбат ба аҳолии Тоҷикистон низ амалӣ карда шуд. Аз ин рӯ, баъзе ҷиноятҳои даҳшатноке, ки ҷангиёни ҲНИ дар солҳои 1992-1997 дар ноҳияҳои водии Рашт анҷом додаанд, маҳз бо маслиҳати ин устодони хориҷии дар ин корҳо бисёр ботаҷрибаашон амалӣ намудаанд.
Ин аст, ки чанд ҳафта боз мубаллиғони наҳзатӣ талош доранд, ки бо ҳазорон далелу мантиқ робита надоштани наҳзат бо ташкилотҳои террористии байналхалқро исбот кунанд. Аммо чи тавон кард, ки ба ибораи халқ, офтобро бо доман пӯшонида намешавад. ТЭТ ҲНИ аз аввал бо ҳидояту таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароии хориҷӣ ташкил шуд, дар тамоми давраи фаъолияташ ҷузъи таркибии шабакаи байналмилалии террористӣ буд, бо тамоми ташкилотҳи террористии ҷаҳонӣ робитаи бевосита дошт, аз онҳо кумак ва дастур мегирифт ва мегирад.
Ҳамин тавр, агар ба таърихи ин ташкилоти террористӣ назар афканем мебинем, ки ягон ташкилоти террористие боқӣ намондааст, ки ТЭТ ҲНИ бо он робита ва ҳамкорӣ надошта бошад. Бинобар ин, моҳияти террористӣ доштани Ҳизби наҳзати исломӣ, робитаи он бо ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва ҷузъи таркибии шабакаи террористии ҷаҳонӣ будани он ягон ҷои шубҳа надорад. Дар чунин ҳолат, талошҳои мубаллиғони наҳзатӣ барои пинҳон доштани ин ҳақиқат на танҳо шармовар, балки соддалавҳона мебошад.
Шарифов К.Х. омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ