Мақолаҳо
Пояҳои истиқлолияти давлатӣ мустаҳкаманд
Истиқлолият яке аз неъматҳои боарзиштаринест, ки дар тамоми давру замонҳо ҳар як халқу миллат орзуи расидан ба онро мекунанд. Тоҷикистон дар масири таърих бо рисолати созандагию бунёдкорӣ, бо рушди илму маърифат ва фарҳангу маданияти воло қадамҳои устувор мегузорад. Чунин падидаҳои нек ва равшан дар марҳилаи Истиқлолияти комили Тоҷикистон боз ҳам вусъати тоза касб намуда, дар миқёси ҷаҳон кишвари моро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва сулҳхоҳу тамаддунсоз роҳнамоӣ менамоянд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою қадимаи моро боз ҳам ғанию рангин гардонид, маданияту фарҳанг ва илму маорифро рушд дода, барои пешрафти босубот ва боэътимоди Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ ва устуворро фароҳам овард.
Дигаргуниҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу маориф, бунёди роҳҳо ва сохтмони иншоотҳои хурду бузург, ифтитоҳи муассисаҳои таълимию маърифатӣ ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, бешак, ба ҳадафҳои асосии соҳибистиқлолии кишвар ҳамрадиф буда, ба истиқлолияти мо тобишҳои нави маънавию фарҳангӣ мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва созандаи худ барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони забондону соҳибмалака ва дар ин замина беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии мардум пайваста саҳмгузорӣ намуда, барои тақвият ва рушду нумуи дастовардҳои замони истиқлолият заминаҳои устувору ояндадорро фароҳам овардаанд. Барои рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳо ҷудо мешаванд, ки боиси пешравии соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтаршавии некуаҳволии мардум мегардад, аз ҷумла дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда шудааст.
Ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳо бо зиёиён ва фаъолони мамлакат Пешвои миллат дастовардҳои беназири кишвари моро ҳам дар сатҳи муносибатҳои дохилӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ таҳлили амиқу равшан намуда, дурнамо ва равандҳои асосии таҳкимбахши соҳаҳои мухталифро муайян менамоянд. Махсусан, устувор гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои судманд бо дигар мамлакатҳо дар бахшҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибатҳои байналмилалӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳу сифати баланд рушд карда, Тоҷикистонро аз минбарҳои баланд, ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги табиӣ ва махсусан дорои захираҳои калони обӣ, муаррифӣ намуданд. Чандин ташаббусҳои Пешвои миллат аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон ба масъалаҳои об равона гардида, онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ ҷонибдорӣ гардид ва дар амал татбиқ шуда истодаанд. Чунин равандҳои ҳамгироӣ бо давлатҳои ҷаҳон ва ташаббусҳои наҷибу инсондӯстона обрӯю эътибор ва нуфузи кишвари моро боз ҳам дучанд афзун намуданд.
Дар самти таҳкими сиёсати дохилӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ва назаррас ноил гардид. Бунёди роҳҳо, ки кишвари моро бо дигар мамлакатҳои ҳамсоя ва ҳамсарҳад пайваст менамоянд, тайи солҳои охир рушди тоза касб намуданд. Тавре аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ бармеояд, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.
Алҳол ин роҳҳо барои ривоҷ додани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рафтуомади одамон, интиқоли молу маҳсулот ва аз ҳама муҳимаш барои мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод мегузоранд.
Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ҳадафи дигари Ҳукумати мамлакат ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин ҳадафи стратегӣ барои бунёди неругоҳҳои хурду бузурги тавлидкунандаи барқ ва таъмини мардум бо барқи доимӣ равона гардидааст. Аз рӯи нишондодҳои оморӣ, дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд.
Яке аз онҳо бунёди азимтарин неругоҳ- Неругоҳи барқи обии Роғун аст, ки Тоҷикистонро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик месозад. Ин падидаи нек на танҳо дастоварди даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад, балки аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои захираҳои пуриқтидори зеҳнию табиӣ мебошад. Сарвати бебаҳои кишвари зебои мо ин обҳои мусаффои он мебошад, ки аксаран дар дохили мамлакат ташаккул меёбанд. Тоҷикистон, ки чор фаслаш зебою дилфиреб аст, барои ҷалби сайёҳон ва тараққӣ додани ин соҳаи муҳим ҳамаи шароиту имкониятҳоро дорост. Сайёҳоне, ки ба мамлакати мо ташриф меоранд, дар баробари боздид аз дастовардҳои беназир, инчунин аз табиати дилфереб ва зебоманзари ин сарзамини таърихӣ ҳаловат бурда, бо руҳи болида ва тассуроти наҷиб бармегарданд. Дар ин замина Ҳукумати мамлакат солҳои 2019-2021 – ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд ва боз ҳам барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо як қатор иншоотҳои наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат бо таҷрибаи бузурги худ барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо намуданд. Аввалан воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод карда шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарбахш ба бор оварда, дар соли 2018, 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфтанд ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардиданд. Дар натиҷа аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар соли 2018 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст. Шумораи сайёҳони дохилӣ бошад, 751 000 нафарро ташкил дод. Саҳми соҳаи сайёҳӣ дар ММД ба 2,1 фоиз ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 адад расонида шуд, ки ин аз пешравии соҳа дарак медиҳад.
Ҳамин тавр, дастовардҳо дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, варзиш, сохтмони биноҳо ва муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ низ хело назаррас мебошанд. Шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бахусус шаҳри Душанбе симои худро боз ҳам зебою назаррабо намуда, корҳои ободкорию созандагӣ хело вусъат ёфт ва барои зиндагии шоистаи мардум заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Ҳамаи ин пешравиҳо ва таҳкими муносибатҳои нек аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои мақсадноки худ талош дорад ва дар ин замина ояндаи дурахшон ва пешрафту шукуфоии худро таъмин месозад. Бо талошҳо ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудаанд ва ҳар як сокини мамлакат дар онҳо саҳмгузорӣ намуда, кӯшиш менамояд то ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам зебою назаррабо гардад.
Баҳодур Ҷурахонзода, н.и.и., декани факултети ҳисобдорӣ ва омор