Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Сулҳу оромӣ самараи истиқлол аст

Хушбахтона, соли равон мардуми шарафманди тоҷик 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо як ҷаҳон дастоварду навгониҳои дар ҳаёти худ амалигардида ҷашн мегирад. Зеро истиқлолият ин марому мақсади деринаи миллати куҳанбунёди мо, эҳтиром ба гузаштаву имрӯз ва меҳнати созандаву бунёдкорона ба хотири ояндаи пурифтихори Ватани азизамон мебошад. Бинобар ин, танҳо ҳамин масъулияти баланди ватандориву ватандӯстист, ки миллати сарбаланди тоҷик пайваста софдилонаву содиқона ва бо як қудрату эътимоди қавӣ заҳмат кашида, ба хотири шукуфоӣ, рушди босубот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ вазифа ва қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан адо карда истодааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аллакай худ аён аст. Зеро бо шарофати истиқлолият Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз ба роҳи бунёдкориву рушду равнақ қадамҳои устувортар ниҳода истодааст. Аз ҷумла, дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ чархаи дуюми НБО “Роғун” ба фаъолият оғоз мебахшад, ки дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар айни саривақтист. 
Бояд қайд намуд, ки истиқлолият озодию шарафмандӣ ва бахту барор барои ҳар як сокини кишвар аст ва ноил шудан ба ин неъмати бебаҳо барои халқи тоҷик бузургтарин воқеият аст. Ҳамзамон, ташаккули давлати мустақил, эҳёи анъанаҳои миллии давлатдорӣ, рушди мамлакат дар ҳама соҳаҳо барои болоравии обрӯю эътибори байналмилалии кишвар шароити созгор фароҳам меоварад. Мусаллам аст, ки ин неъмат асосан аз худшиносии миллӣ сарчашма мегирад ва он мақсаду мароми ҳастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистони азизро ифода менамояд. 
Гузашта аз ин, дар ҳоли ҳозир бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизамон дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати озоду мустақил арзи ҳастӣ намуда, аз тарафи мамлакатҳои хориҷӣ расман шинохта шудааст. Дар ин росто Парчами Тоҷикистони мустақил дар қатори беш аз дусад давлати дунё дар саҳни бинои СММ партавафшон аст. Тоҷикистон дар шароити кунунӣ бо як қатор мамлакатҳои мухталиф робитаҳои гуногуни дӯстонаро ба роҳ монда, дар роҳи густариши ҳамаҷонибаи фарҳангиву иқтисодӣ қарор дорад. 
Тавре огаҳем, вақте ки ҳисси худшиносӣ дар замири ҳар кадоми мо боло мегирад, ниёзмандиҳоямон ҳам ба истиқлоли сиёсию давлатӣ, фарҳангию ғоявӣ зиёд мегардад ва баҳри расидан ба он талоши бештар мекунем. 
Мардуми озодихоҳи мо ободкориву озодиро на танҳо барои худ ва фарзандони хеш, балки ҳамчун нишонаи олии тараққиву пешрафт ва таҳкими бинои давлатдории миллӣ ба халқияту миллатҳои рӯи дунё низ талқин намудааст. Чуноне дар урфият мегӯянд: “Он чиз, ки аён аст, ҳоҷат ба баёнаш нест”. Мурод аз ин гуфтаҳо асосан ин аст, ки имрӯз воқеияти истиқлолияти моро ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи дигар нест, яъне, айни ҳол ба кадом гӯшае аз диёри маҳбубамон бингарем, самараҳои онро пеши назарамон аёну равшан мебинем ва вуҷудамонро ифтихору шодию нишот фаро мегирад. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо рушди бомароми имрӯзаи соҳаи маориф ва илмро низ қайд карда метавонем. Зеро бо шарофати истиқлолият ва иқдомоти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи кишвар низ навгониҳои зиёде рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, тавассути Маркази миллии тестӣ ҷавонони ташнаи илм, ки арзандаи ҳақиқии номи пуршарафи донишҷӯ шудан буданд, имрӯзҳо дар муассисаҳои касбиву илмии мамлакат барои омӯхтани донишҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнати имрӯза саъю талош доранд. Барномаҳои зиёде дар соҳаи маорифи кишвар татбиқ гардиданд, вазъи иқтисодиву иҷтимоии омӯзгорон зина ба зина беҳбудӣ ёфт. Таълимгоҳҳо низ бо таҷҳизоти даркорӣ таъмин шуданд. Тадрис дар ҳама зинаҳои таҳсилот ба маҷрои муайяни ҷавобгӯ ба талаботи замон ворид гардид. 
Бояд зикр кард, ки миллати бофарҳангу сарбаланди тоҷик ба туфайли ваҳдату якпорчагӣ ва дӯстиву корбасти ақли солим кулли монеаҳоро паси сар намуда, бо роҳбарии Пешвои муаззами хеш ба ин рӯзҳои неку фархунда расид. 
Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шуданд, ки дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини мустақилияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ карда шуданд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дигаргуниҳои куллӣ фарогир гашт ва пешравиҳо ба амал омаданд. Бо эътимоди қавӣ гуфтан мумкин аст, ки маҳз дар солҳои истиқлолият тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар марҳила ба марҳила рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. 
Мо, ҳайати омӯзгорону кормандони ДДМИТ, ифтихорманду хушиқболем, ки дар даврони шукуфоии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон кору зиндагӣ мекунем. Бояд иқрор шуд, ки истиқлолият ин худ озодию шарафмандӣ ва бахту барори ҳар сокини ин марзу бум аст. 
Ҳамин тариқ, маврид ба қайд аст, ки дар давоми 28 соли истиқлолият Тоҷикистони соҳибистиқлол як қатор муваффақиятҳои назаррасро ба даст овардааст, ки бевосита ба ояндаи тақдири давлати мо вобастаанд. Дастоварди аз ҳама муҳим дар ин давра таъмини сулҳу субот, наҷоти давлат ва миллат аз парокандагӣ ва ҷудоӣ мебошад. 
Пайдост, ки бе истиқлолияти комил орзуҳои таърихии миллат, мақсаду маром ва барномаҳои наслҳои имрӯзаву ояндаи мардуми шарифи Тоҷикистон моҳияти худро гум мекунанд. Бинобар ин, мо бо эътимоди қавӣ гуфта метавонем, ки истиқлолият озодӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, ҷашни бузург ва имрӯзу фардои шукуфоии Тоҷикистони азизамон мебошад. 


Қудратулло Мираков, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ