Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нақши истиқлолият дар расидан ба ҳадафҳои миллӣ

Дар замони муосир ва бархӯрди тамаддунҳо, ки равишҳои пуртазодро ба миён овардааст, Истиқлолият дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, расму оинҳо ва рукнҳои давлатдорӣ нақши марказиро мебозад. Зеро танҳо истиқлолияти комил метавонад давлатро аз нобудӣ, забонро аз олудагӣ, миллатро аз парокандашавӣ ва чомеаро аз хуруфотпарастӣ боз дорад. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки бешубҳа, дар расидан ба ин дастоварди бузург нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нотакрор буда, эъмори сулҳ ва ризояти миллӣ аз сиёсати таҳаммулпарварона, бунёдкорона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. 
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва ташаббусҳои олии роҳбарияти онро дар ҳалли муаммоҳои обӣ, мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризм ва ифротгароӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, ки ин аз марҳала ба марҳала баланд шудани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Ҳарчанд эъмори давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеъи аҷдодӣ, дарки ҳувияти миллӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин комёбӣ боис гаштааст. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мамлакати озод эътироф кардааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем. 
Боиси ифтихор аст, ки баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти давлат ҷиҳати ноил гаштан ба рушди устувори иқтисодӣ ҳадафҳои стратегии худро муайян намуда, марҳила ба марҳила амалӣ менамояд. Дар ин ҷода яке аз ҳадафҳои марказӣ ин ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. 
Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Аз ҷумла, то имрӯз дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди сохтмони неругоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда -1», нерӯгоҳи обӣ-барқии “Сангтӯда-2”, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», марҳилаи аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, зиёда аз 310 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт ба анҷом расида аст. 
Рӯйдоди муҳим дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин бунёди неругоҳи обӣ-барқии «Роғун» мебошад, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти азими аср босуръат идома доранд. 
Хушбахтона, чархаи аввали он санаи 16-ноябри соли 2018 бо пахши тугмачаи рамзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуда буд ва тибқи нақша чархаи дуюми ин иншооти тақдирсоз 9-сентябри соли ҷорӣ, яъне рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба кор андохта мешавад, ки нақши муҳимро дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорад. 
Бунёди неругоҳи обӣ-барқии «Роғун» орзуи чандинсолаи мардуми бошарафи Тоҷикистони азиз мебошад, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал мепӯшад. Бешубҳа, бунёди пурраи неругоҳи обӣ-барқии «Роғун» ба мо имконият медиҳад, ки истиқлолияти энергетикиро дар кишвар таъмин намуда, бунёди корхонаҳои азими саноативу истеҳсолиро ба роҳ монем, ки дар ин замина имконияти ташкил намудани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд. Инчунин, бунёди ин иншооти муҳим дар расидан ба ҳадафҳои дигари стратегӣ, аз қабили саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар ва аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад. 
Неругоҳи обӣ-барқии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Бо бунёди он имконият фароҳам оварда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги минтақавиро, ба монанди CASA-1000 амалӣ намуда, ба давлати содиркунандаи бузурги неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, мо аҳли маориф бо такя аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти фаъолияти худро ба маҷро ва марҳилаи нави рушд мувофиқ намуда, кӯшиш менамоем, ки дар расидан ба ҳадафҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. 


Даврон Хоҷаев, сардори раёсати илм ва инноватсия