Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Чанд андеша атрофи шикасти ногузири мухолифини ғайриқонунӣ

Дар ҳама давлатҳо дар ҳама давру замон гуруҳҳо ва ашхоси алоҳидае мавҷуд буданд ва ҳастанд, ки аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати хеш розӣ нестанд ва роҳу усулҳои дигари рушди давлатро пешниҳод мекунанд. Ва бояд эътироф кунем, ки ин кор ҳуқуқи конститутсионии онҳост. Ин гуна гуруҳҳо ва ашхосро мухолифон мегӯянд. Аслан нерӯҳои мухолиф барои ҷомеа ва махсусан ҳукумат падидаи хуб аст. Чун онҳо, яъне мухолифин камбудиҳои мавҷударо мегӯянд ва ҳукумат аз паи ислоҳи онҳо мешавад. Дар тамоми ҷомеаҳои пешрафта вазъ чунин аст. Яъне байни ҳукумат ва мухолифин як навъ ҳамкорӣ вуҷуд дорад, ки ба нафъи ҳамагон аст. Аммо чунин механизм дар ҳолате амал мекунад, ки агар неруҳои мухолиф дар доираи қонун фаъолият кунанд ва усулҳои маъмул ва эътирофшударо ба кор баранд. Маҳз ҳамин масъала, яъне фаъолияти қонунӣ нуқтаи асосӣ ва мубрамтарин дар таърихи ҳар як нерӯи мухолиф (оппозитсионӣ) аст. Аз ҳамин нуқтаи назар мо метавонем мухолифинро ба қонунӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо намоем. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ барои фаъолияти озодонаи мухолифони сиёсӣ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Дар моддаи 8-уми Конститутсяи Тоҷикистон гуфта шудааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад». Танҳо як эътироф шудани гуногунандешии сиёсӣ дар ҳуҷҷати асосии давлат дастоварди бузург аст. Минбаъд низ баъд аз қабули конститутсия дар соли 1994 муҳайёсозии шароити мусоид барои фаъолияти мухолифин дар Тоҷикистон ба анҷом нарасида, идома ёфт. Қадами бузурги дигар дар ин самт ва умуман демократикунонии ҷомеа қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» буд, ки аз бисёр ҷиҳат нисбат ба чунин қонунҳои давлатҳои минтақа афзалият дошт ва ҳоло ҳам дорад. Худи эътироф кардани ҳуқуқи таъсиси ҳизбҳои сиёсии хосияти динидошта ташаббуси бениҳоят бузург ва ҳатто бемисл аст, ки ягон давлати минтақа онро такрор накардааст ва такрор кардани он низ амри маҳол аст. 
Аз чунин шароити мусоид истифода бурда, бархе ҳизбу ташкилотҳои сиёсие таъсис ёфтанд, ки хосияти оппозитсионӣ доштанд ва ҳоло ҳам доранд. Баъзеашон фаъолияти худро дар доираи қонунҳо ба роҳ монданд ва то ҳол озодона фаъолият доранд. Гуруҳи дигари чунин неруҳо дар доираи қонунҳо фаъолият карда натавониста, ба оппозитсияи ғайриқонунӣ табдил ёфтанд ва фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ шуд, ки ин амал пурра дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сурат гирифт. Дар шароити Тоҷикистон неруҳои оппозитсионии қонунӣ, мисли Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-деморатии Тоҷикистон тӯли солҳост, ки фаъолият мебаранд. Иқдомҳои зиёди давлату ҳукуматро танқид мекунанд ва фикру андешаҳои танқидонаи худро озодона тариқи воситаҳои ахбори омма баён мекунанд. 
Бояд қайд кард, ки то ҳол нисбати намояндагони ин ду ҳизби оппозитсионӣ ягон таъқибот нашудааст ва ҳеҷ касро ҳам барои андешаҳояш ҷазо ҳам надодаанд. Чунин ҳолат, яъне озодбаёнӣ ва гуногунандешӣ алббата давом хоҳад ёфт. Танҳо бо як шарт: агар ҳама дар доираи қонунҳо амал намоем! Бояд эътироф кунем, ки дар баробари нерӯҳои оппозитсионии солим ва қонунӣ ҷумҳурии азизи мо ва сохти конститутсионии он мухолифини ғайриқонунӣ низ дорад, ки ягон меъёри қонунро риоя кардан намехоҳанд. Ба ин гуруҳ аслан ҳизбу созмонҳо ва ташкилотҳое дохил мешаванд, ки имрӯз фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ аст. Ба мисли ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, Гуруҳи 24, Паймони миллии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаркат барои ислоҳот ва тараққиёт ва ғайраҳо. Идома додани ин рӯйхат аз он ҷихат маъно надорад, ки ҳамаашон аслан як ташкилотанд, аз як марказ идора мешаванд ва роҳбарону аъзоёнашон ҳам як гуруҳи муташаккили одамонанд. Вақтҳои охир ягона ҷое, ки ин гуруҳҳо садо бароварда, аз худ дарак медиҳанд, ин шабаки интернет асту бас. Аз дастгирии воқеии аҳолӣ ин гуруҳҳо пурра маҳруманд. Аҳолии Тоҷикистон ҳам, ки дарси талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дигар ба ин гуна гуруҳҳо бовар намекунад. 
Сабаби дар чунин шакл номгузорӣ шудани мақола дар он аст, ки мехоҳем дар доираи як мақолаи хурд нишонаҳои ин шикасти таъхирнопазирро нишон диҳем. Ин нишонаҳо ба андешаи мо инҳоянд: 
Аввалан, агар нерӯи мухолиф дар ҳақиқат заминаи қавии моддиву маънавӣ барои фаъолият дошта бошад, худро ба дари ҳар конфронсу нишастҳои нолозиму дуюуму сеюмдараҷа намезанад. Зеро зарурат барои чунин хароҷотҳо нест. Аммо имрӯз мо дар сафи нерӯҳои мухолифи ғайриқонунӣ чиро мебинем? Дар кадом нуқтаи олам чи гуна ҷамъомаде нашавад, намояндагони онҳо рафта, аз худ дарак доданӣ мешаванд. Ҳатто дар гузаштҳо ва ҷамъомадҳои ақалиятҳои ҷинсӣ дар Аврупо рафта иштирок меунанд, то дигарон донанд, ки онҳо ҳастанд. Аммо будани онҳо барои тоҷикистониён ҳеҷ аҳамияте надорад. 
Баъдан, нишонаи дигари ба зудӣ нест шудани мухолифони ғайриқонунӣ ин пушаймон шудану ба Тоҷикистон бар гаштани садҳо аъзоёни собиқи онҳо аст. Мавлавӣ Аёмиддини Саттор, Мирзомуҳаммадии Навид, Абдурраҳим Карим, Саидиброҳими Назар ва садҳо нафари дигар, ки аз кирдорҳои худ пушаймон шудаву имрӯз озодона ва хушбахтона дар Ватан зиндагӣ мекунанд, зарбаи сахттарин ба мухолифини ғайриқонунӣ мебошад. Агар чунин тамоюл идома ёбад, баъд аз муддати кӯтоҳ ба ғайр аз ду-се роҳбаронашон мухолифин дигар аъзо намеёбанд. 
Нишонаи сеюми фурӯпошии мухолифини ғайриқонунӣ ин тағйири сохтор ва номҳои худ аст. Ин гуруҳҳои хурду ночиз ташкилоти наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд. Агар неруҳои мухолиф дар Аврупо қавӣ бошанд, пас зарурат барои ташкилоти нав дар чист? Зарурат дар он аст, ки бо тағйири ном ё бренд мехоҳанд дар фазои иттилоотӣ боз муддате боқӣ монанд. Ҳарчанд дар фазои иттилоотӣ машҳур бошанд ҳам, аммо маҳбуб нестанд, ки маҳбубият муҳимтар аз машҳурият аст. 
Нишонаи охирони шикасти зуди мухолифини ғайриқонунии дар Аврупо амалкунанда ин надоштани ягон барнома ва стратегияи амал аст. Усули имрӯзаи фаъоляити онҳо танҳо дашном ва таҳқири шахсияти Пешвои миллат ва ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо чунин усул онҳо бисёр фаъолият карда наметавонанд. Чун мардуми Тоҷикистон мардуми соли 1992 нест! Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва хубро аз бад ҷудо карда метавонад. 
Бо назардошти омилҳои дар боло зикргардида бо боварии комил гфта метавонем, ки ба зудӣ ҷомеаи ваҳдатсолори тоҷикистонӣ ин мухолифони сохти конститутсиониро, ки моли гузашта ҳастанд, абадан фаромӯш хоҳад кард. 


Насриддинов Хуршед, дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон