Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Пушаймонҳои миллӣ дар биҳишти аврупо

Яке аз масъалаҳои бисёр ҷиддии нигоҳдории сулҳу амният дар Тоҷикистон ин фош кардани ҳар гуна фиребу дуруғи қувваҳои гуногуни сиёсӣ, аз ҷумла хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ дар муқобили миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад. Дар дини мубини ислом дурӯғгӯйӣ торикии имон дониста шуда ва Худованд ба ҳеҷ касе иҷозати дурӯғгӯйиро надодааст. Вале роҳбарият ва аъзоёни ин ҳизб тавонистанд муддати мадиде фаъолияти хиёнаткоронаи худро бо роҳҳои гуногун пинҳон намоянд ва тамоми факту рақамҳо, далелу бурҳонҳои ба ҷиноятҳояшон вобастаро дуруғ ва баръакс шарҳ дода, ҷомеаи Тоҷикистонро ба гумроҳӣ кашанд. Ин дурӯғҳо ва фиребкориҳо хеле зиёданд ва онҳоро солҳо бояд ҷамъоварӣ ва ба мардум муаррифӣ бояд кард. Соли гузашта оиди дуруғҳои ТЭТ ҲНИ маводе навишта будам. Имрӯз, ки дар Аврупо низ нисбати дурӯғгуёну фиребандагони мардум парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда барои ҷомеаро аз шарри онҳо халос кардан талош меварзанд оиди ин масъала боз як бори дигар гуфтанро барои худ иҷоза медиҳем. Шояд ин мақола барои роҳгумзадагони аз паси ҳаракати босмачигарии навин, ғоратгарони ақлу ҳуши мардум бо дуруғҳои коғазпечи ТЭТ ҲНИ бонги ҳушёрие шаваду онҳо нисбати ватану миллати худ дуруғпароканиҳоро дар хориҷи кишвар бас кунанд. 
Мо дар ин мақола чанд мисолеро, ки бештар аҳамияти сиёсӣ доранд, номбар мекунем, ки ҳама медонанд. Вале на ҳама бо дурӯғу фиреб ва пинҳон кардани моҳияту фаъолияти хеш асос ёфтани ин ҳизбро дарк мекарданд ё мекунанд. Ин андешаҳоро оиди ТЭТ ҲНИ на аз таҳлилҳои худ, балки дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии"Бозгашт аз ҷаҳаннам", ки ҳама мардуми Тоҷикистон як сол пеш тамошо кардаанд мегӯем, то мардум ҳам нисбати ин хиёнатҳои пинҳонкоронаи яке аз шохаҳои шабакаи умумиҷаҳонии террористии беватану бемиллату бедин тасаввурот пайдо карда, ба ҳақиқати хеле одӣ, вале хеле ҷиддӣ расанд. 
Ҳамаи мо дар бораи озодии виҷдону демократия фикр мекардем. Ҳама дар бораи ҳоким нашудани ягон идеология андеша мерондем, то тафаккури мардум озод бошад, ҷомеа демократӣ шавад, низоми сиёсӣ бисёрҳизбӣ ва гуногунандеша бошад, вале аз ин нияти неки давлат ва имкониятҳои Конститутсия пешниҳод карда баъзе аз қувваҳои сиёсӣ ба манфиати худашон истифода намуданд, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ. 
Ҳама дар бораи таҷрибаи аввалин дар кишварҳои пасошӯравӣ иҷозат додани ҳизби хислати динӣ дошта суханронӣ мекардем ва ба гапҳои худ сахт боварӣ ҳам доштем. Вале таҷрибаи таърихи кӯтоҳи ватанамон нишон дод, ки зери ниқоби демократӣ ва пешқадам метавонанд қувваҳое низ амал кунанд, ки бо нияти дигар кардани сохти конститутсионӣ амалиётҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва ҳарбию сиёсӣ баранд ва ҳатто ба табаддулоти давлатӣ даст зананд. Чунин дилсиёҳӣ ва ахлоқи зидди динӣ ва зидди ҷамъиятии ғайриинтизор мардумро дар ташвиш гузошт ва умеди онҳоро ба ояндаи орому босубот халалдор намуд. Вале бояд таъқид намоем, ки онҳо қувваҳои вайронкор ва муваққатӣ мебошанд, таъриху ояндаи ин миллат ва давлат барои онҳо арзише надорад. Бадтар аз ҳама ҷомеаи демократӣ ва муосири моро барои пурқувват шудани ангалҳои худ истифода карда ба умқи таърих, ба он давраи таърихие боз мегардонанд, ки бо номи "асрҳои миёна" кайҳо аз забон мондааст. Андешаҳои онҳо ба идеологияе асос ёфтааст, ки дар шароити ҷоҳилия, кӯчманчигарӣ ва заминдории ақибмонда ташаккул ёфтааст. Ва мехоҳанд ҷомеаи моро низ ба он торикиии асри миёнагӣ кашанд. Ман намегуям Кабирӣ чунин хохад кард чун ӯ аз Нурӣ фарк дорад. Дируз хам ки чун раиси Паймони миллӣ ҳарф мезад пайом дод, ки дар накшаи ӯ ба Афгонистон рафтвн нест. Тактикаи ҷангии худро дигар кардааст. Дар Аврупои озод гашта ватани худро паст зада онро ба низоъи дохилӣ даргир кардан аст. Баҳси дандоншикани соли гузаштаамонро ба ёд оварда дустамон Сафаровро ба хотири бо ман салом кардан аз вазифааш гирифтанд, гуфт, ки дуруғи маҳз аст. Бубахшед онхое, ки маро мехонанд, вале медонед, ки ман се сол зиёдатӣ баъди ба синни нафақа расидан кор кардаму директорамон 5 сол. Дар холате, ки барои хизматчиёни давлатӣ 63 сол муқаррар шудааст. Ба дуруғгӯён шояд иҷоза бошад, ки дигар ҳарчӣ ба манфиати худашон бошад гуфтан гиранд. 
Вале мардуми Тоҷикистон ба шарофати силсилафилмҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷумла филми "Бозгашт аз ҷаҳаннам" Мавлавӣ Айёмиддин (Сатторов) як шаҳрванди одӣ, вале таърихӣ, садҳо фактҳои дар ин солҳо ҷамъшударо барои мардум бо як азхудгузарӣ ва ватандӯстонаву имони комил ба мо фошофош гуфт ва чашми моро ба ҳилаҳои пинҳонкоронаи ТЭТ ҲНИ боз кард. Муҳим он аст, ки барои хиёнати карда узр ҳам пурсид. Аз тарафи давлат гуноҳи ӯ бахшида шуд, чунки шахсан ягон амали одамкушӣ ё бад анҷом надодааст ва инро худи ӯ низ эътироф кард. Ва онро ҳам гуфт, ки шахсиятҳои бузурги давлатӣ, олимон ва дигар зиёиёнро маҳз шогирдони онҳо ба хотири тарсонидани мардум куштаанд, хориҷиёнро бошад барои ғорат кардану бад кардани симои давлати соҳибистиқлоламон даъват кардаанд, пули бедарди миёни онҳо ин ватандоронро кур карда буд. Албатта дар байни ғоратгарону роҳзанони ҷангӣ, бангӣ ва ҳангӣ дар дарраҳои танги кӯҳистон боз рақобатҳои байнихудӣ ҳам мешуданд, ки садҳо нафари ҳамсафони худи онҳо низ қурбони онҳо гаштаанд. 
Барои онхое, ки ба Мавлавӣ бовар накарда бошанд як филми дигар, ки дар як шабакаи эронӣ дидам хеле омӯзанда аст. Барандаи ин барномаи телевизионӣ мегуяд бубинед чи гуна бародарони тоҷикро инхо гул мезананд, мегуянд дар Тоҷикистон ваҳобия рушд кардааст. О дар кучост он ваҳобия, ки як маркази фаъоли онро намебинем. О худатон 56 маркази фаъол доред ку. Чандин ҳазор тарафдори Шумо он чо хаствнл. Боз 4 ҳазор ҷавонони тоҷикро бва 18 ҳазор точикони Афғонистониро ҷанг омухта истодаед. Чаро аз онхо намегуед. Бо Мавлавӣ Аёмиддин як хафта дар хавопаймо ва меҳмонхона суҳбат доштам ва ӯ хеле марди хушфаҳм ва боҳуш будааст. Дуруғро торикии имон медонад ва маҳз хамин омил сабабгори он шудааст, ки ӯ ба ватан баргардад ва рости гапро ба миллати хеш расонад. 
Боз каме аз биёбони сухтаи дашти Кавири (дашти беобест дар Эрон) Кабирӣ, Гадоев, Темуриён, Варқӣ, Алим Шерзамонов, ки чун ҷайрачаҳои роҳгумзада дар Аврупо мегарданд ва медонанд, ки дар аввалин имконият даст додан аз тарафи ифротгароёни мазҳабӣ нест карда хоҳанд шуд. Чуноне, ки дар Эрону Афғонистон шуда буд. Аз ин сабаб онхо барои пулгирӣ ба назҳатиҳо заруранду халос. Дар Тоҷикистон ҳам Сангинову О. Латифи ва ҳазорҳо хондагиҳорову олимони маъруф, амниятиву милисахову рузноманигору артистхоро, ки дар хизмати мардум буданд магар онҳо аз байн набурда буданд? 
Сабаби боз шудани чашми мардум ҷавонмардона ба хиёнатҳои ин ҳизби хуношом ва хиёнаткор равшанӣ андохтани як нафар аз асосгузорони роҳгумкардаи ин ҳизб, як шаҳрванди Тоҷикистон гаштаст, ки ба дарки мазмуну моҳияти ин ҳизб сарфаҳм рафтааст ва ӯро ҳама Мавлавӣ Аёмиддин (Сатторов)ном мебаранд. Маҳз Ӯ мардонавор ба саҳнаи таърих баромада, тамоми фисқу фуҷури ин ҳизб, мақсадҳои хоҷагони хориҷии он ва айбпӯшони имрӯзаи аврупоии онро кушоду равшан ба мардуми Тоҷикистон ва чаҳон фаҳмонд. Барои мо маълум шуд, ки бо такя ба стандартҳои духӯра ва фиреби шаҳрвандони худашон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кадом қувваҳо мехоҳанд боз ҷанги нави шаҳрвандиро дар Тоҷикистон доман зананд, ҳокимияти давлатиро суст намоянд ва ба ғорати молу мулки мардуми мо даст зананд. Ин қувваҳои ғоратгар, ки дар тамоми ҷаҳон низоъҳоро барангехта, худ ба ғорати сарватҳои табиӣ ва чизҳои пурарзиши ин кишварҳо даст мезананд, маҳз ба воситаи чунин ҳизбҳои ғоратгару зиддимиллии зери ниқоби динӣ амалкунанда кишварҳои соҳибтамаддуну рӯбаинкишофро аз байн мебаранд. Агар касе ба ин гапҳо шубҳа дошта бошад, як бор ақаллан якчанд саҳифаи китоби Саид Абдуллоҳи Нуриро бо номи "Дар он сӯйи сиёсат" варақ занад. Мардуми бахшандаи мо ба хотири сулҳу салоҳ хамаро бахшид, вале ба гуфтаи Мавлавӣ Айёмиддин онҳо аз роҳи хунхоронаи хеш барнагашта будаанд. Ин китоби заҳрогинро солҳои 1995, 1997ва соли 2007 бо тиражи 50 ҳазор нусха дар Теҳрон чоп карда дар байни аъзоёни Ҳизби назҳат ва ҷонибдоронаш паҳн кардаанд. Ва муаллифи ин китоби заҳрогин дар яке аз вохӯриҳо бо донишҷуйёни тоҷик дар шахри Қуми Эрон гуфтааст, ки сулҳи мо муваққатист чун сулҳи Ҳасани писари Ҳазрати Алӣ, вале ҷангҳои Ҳусайни давом хоҳанд кард ва Шумо ҳама вакт барои ин тайёр бошед. Ин далелро ман дар як суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ муҳтарам Ф. Баротзода шунидам ва фикр мекунам, ки дар сулҳи ду тараф аҳдшиканӣ маҳз аз тарафи дуюми ҷониби сулҳ ҳанӯз соли 1997 шудааст на аз тарафи Ҳукумат чуноне, ки дар филму хабарҳои матбуотӣ ҷор мезананд. Ин ҳам як дуруғи навбвтии онҳост. 
Албатта ин китоб дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дигар ягон арзише ҳам надорад, ва ҳар хонандаи ҳатто одӣ ҳам зидди миллат ва мазҳаби мо будани онро мефаҳмад, вале ба тафаккури ҷавонон ва шахсони камсавод, ки аъзои ҳизби назҳатанд метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Нури дар он ҷо давлати демократии моро чун режими раҳмонӣ ном мебараду ҳар каси дар он зиндагӣ длшӣаро ба шумули имомхатибону муллоҳо кофир эълон карда фақат онҳоеро, ки ба дорулҳарб ( яъне Афғонистон ) мераванд мусулмон эълон карда буд. Холо Варқии чаласаводи Саъдии Шерозиро каҷу килеб “Ҳама одам аз они якдигаранд” гуфтаву дастафшон худро содиқ ба аҳди Нури медонад?Тавбаю сад тавба! “Шахсе, ки ягона фарзандашро бо занаш партофтаву дар ба дари мардум мегардад чи гуна метавонад лофи ватандустӣ занаду садоқат ба мазҳаб”. Ин сухани собик зани ӯ аст, на аз ман. Ҳоло мебинед, чи гуна наҳзатиҳо онҳоро аз сафҳояшон меронанд . Чун барои онҳо низ чунин хамелеонҳо дарди саранд. Кабирӣ ва Гадоев ба саволи донандаи таги онҳо , ки оё онҳо тасодуфан одамҳои Ҳукумат нестанд, ки ба сари мухолифин рӯзе об мерезанд бо маккории ба худ хос ин гуноҳро ба гардан гирифт, албатта шухиомез. “Бале ман барои ин кор инҷоям”. Ба ёдам омад, ки чанд сол пеш дар як ҷаласаи ҲНИ бо ташкилотҳои байналхалқӣ дар толори худашон гуфта будам:Чаро шумо ба Эмомалӣ Раҳмон ин қадар чаққа мешавед, ки аз роҳбарии ҲХДТ равад. Вақте, ки Нурӣ нарафт, худат бо Шабдолову Зоиров рафтани нестед. пас чаро раиси ҳизби мо мерафтааст? Он ҷо аз чавоб гурехтанд, албатта, вале хеле дағдаға карданд, ки оинномаҳои ҳизбӣ дигаранд. Гунҷишкакон ба модарашон (дар ин ҳолат падарашон) доначиниро ёд додани шуданд. Гуё мо дар хизб кор накарда бошем. . . . . . 
Аслан ин қувваҳои зикршуда ва ин идеологияи манфури экстремистӣ барои давлатҳои бузург ва хурд, Созмонҳои байналмилалӣ мушкилот ба вуҷуд меоранд, миллионҳо шаҳрвандони ин кишварҳоро ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷанговарони ифротгароии гӯё муҳофизи дину мазҳабҳои гуногун ё гурезаҳои иҷборӣ табдил медиҳанд. Ва дар охир боз мегуям, ки дуруғгуйи чунин ҳизбҳои ифротгаро амри табиӣ аст. Чунки онхо бо эътирофи дастовардҳои кишвари худ нофи худ, решаи асосии ғизои хешро мебуранд. Ба онҳо дигар маблағҳои заруриашон нахоҳанд омад. 
Имсол ҳам фермаи дурӯғи бӯгин истеҳолкунандагони ТЭТ ҲНИ дар яксолагии форуми Варшава он қадар газ сар дод, ки Аврупо як ҳафтаи дароз мадҳӯш хоҳад монд. 
Агар ба филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баргардем хулосаҳои мо оиди андешаҳои дар филми зикршуда баён кардаи Мавлавӣ Айёмиддин (Сатторов) чунинанд: 
1. Шоҳиди ҳол, яке аз асосгузорон ва идеологҳои ТЭТ ҲНИ Мавлавӣ Айёмиддин дар тамоми фаъолияти ҳизб даст доштани хоҷагони хориҷии онро, ки дар аввал намефахмид, таъқид менамояд ва бо далелҳои муътамади бо чашми худ дида исбот менамояд. 
2. Бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон аз маблағҳои хадамоти ҷосусии дигар кишварҳо истифода кардани ТЭТ ҲНИ -ро фош месозад, ки албатта, дар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон бастани онро тақвият мебахшад. 
3. Дар имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ худро яке аз тарафҳо донистан, ки дар асл чунин набуд ва нестро таъқид мекунад. Созишнома бо тамоми қувваҳои мухолифини тоҷик буд, ки дар байни онҳо миллатпарварону миллатгароён, озодандешону ислоҳотхоҳони демократӣ, гуруҳҳои мазҳабӣ ва этникӣ имзо шуда буд. Мавлавӣ Аёмиддин (Сатторов) низ чунин андешаи коршиносонро, ки чандин сол боз мегӯянд тақвият дода, дуруст будани онро тасдиқ намуд. 
4. ТЭТ ҲНИ ҳимоятгари дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ будани худро тарғиб мекард, ки дар асл баракси он будааст ва роҳбарияти кунунии ҳизб тоҷирони воқеӣ ва сиёсие ҳастанд, ки ба ғайр аз манфиати шахсиашон дигар ҳеҷ гуна манфиати миллию давлатиро эътироф намекунанд, ва ҳамон шиагароиашон хам ҷуз фиреби Эрон дигар чизе нест. Ва албатта дар баробари Мавлавӣ Аёмиддин чандин нафароне, чун Мулло Абдураҳим Каримову Эшон Қиёмиддини Ғозӣ ҳам пештар ин далелҳоро оварда симои манфури ТЭТ ҲНИ -ро ба мардум нишон дода буданд. Мо садҳо далелҳои дар матбуот нашршуда ва шифоҳи изҳоркардаи аъзоёни ин ТЭТ ро дидаем, ки бо сабаби дуруғгуйиҳо ва фиреби роҳбарияти он сафи ин ҳизбро тарк кардаанд. 
5. Онҳо худро тарафдори сулҳу субот эълон кардаанд, вале аз изҳороти онҳо ва далелҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва Мавлавӣ Аёмиддин чунин бармеояд, ки онҳо дар интихоботи соли 2020 агар ба кишвар роҳ наёбанд, бояд аз қувваҳои низомии худ кор гиранд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо новобаста аз Созишномаи имзокардаашон аз роҳҳои ҳалли низомии гирифтани ҳокимияти сиёсӣ даст накашидаанд ва ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 исботи ин нияти шуми онҳо буд ва беасос Ҳукуматро дар аҳдшиканӣ гунаҳкор мекунанд, ки ин ҳам аз рӯйи таҷрибаи дурӯғгӯйӣ ва пинҳон кардани ҳақиқат аз тарафи онҳо мебошад. Ва ҳоло боз изҳорот дода истодаанд, қуваҳҳои ҳарбӣ надоранд. Ин масъала бояд аз нав омӯхта шавад. Ҳол он, ки мувофиқи ахбори ВАО онҳо гурӯҳҳои низомиеро дар Афғонистон, покистон ва Эрон доранд ва пайвастани ин гурӯҳо барои амнияти минтақаи дунявии Осиёи Маркази хавфи ҷиддие хоҳад буд. 
6. ҲНИ ҳеҷ вақт пойбанди Созишномаи умумии сулҳ набудааст, чун аъзоёни он силоҳ нигоҳ медоштаанд, дар дохили давлат дар вазифаҳои баланди ба онҳо боваркардашуда кор карда истода, ба муқобили давлати худ амалиётҳо анҷом медоданд, фарзандони мардумро зери ниқоби таҳсил ба хориҷи кишвар ба пойгоҳҳои низомӣ мефиристодаанд, ки Мавлавӣ Аёмиддин аз 4 чунин пойгоҳҳое, ки дар Эрон бо чашми худ дидааст нақл мекунад. 
7. ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вакт ин далелҳоро ошкор накардааст ва аз ин рӯ, ин кори онҳо ҳамчун хиёнат ба дину мазҳаб, хиёнат ба миллат ва давлат метавонад фаҳмида шавад. 
8. Чун дар дини ислом дурӯғгӯйиро торикии имон мегӯянд пас бо дурӯғгӯйӣ ва фиреб додани мардум ва пинҳон доштани ҳақиқат оиди омилҳои қувватгирандаи зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ ба давлат ва миллати худ хиёнат кардаанд. 
9. Дастаҳои ғоратгарону авбошонро зери номи ислом ва оинномаи худ муттаҳид карда, молу мулки мардумро тороҷ карда, ҳам номи дини мубини ислом ва ҳам миллати тоҷикро бо гуноҳҳои нобахшидании зидди мардумӣ олуда кардаанд, ки ин ҳам пинҳон кардани мақсадҳои шуми онҳо ва ҳақиқати таърихӣ ба шумор меравад. 
Дар маҷмӯъ, бо роҳи мардумфиребӣ ва истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор то тавонистааст моҳияти миллату давлати моро дар ҷаҳон нодуруст шарҳ додааст, ки ин хиёнати рӯйирост ба миллати мо ва фиреб додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. 
Оқиле фармудааст: "Агар ҳақикатро ҳифз намоӣ, ояндаи худ ва фарзандони худро ҳифз менамоӣ, агар онро пинҳон мекунӣ пас ояндаи худ ва фарзандони худро имрӯз гӯр мекунӣ". Ин гурӯҳи ТЭТ ҲНИ ояндаи худро гӯр карда дар талоши гӯр кардани ояндаи миллату давлати тоҷик яъне Тоҷикистони азиз аст, ки халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ин розӣ нахоҳад шуд ва намегузорад, ки ниятҳои шуми онҳо амалӣ шаванд. Давлати демократии дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона, ҳуқуқӣ принсипҳои асосии конститутсионии кишвари мо буда, зиндагии шоистаи мардум, рушди устувор, истиқлолияти давлатӣ, миллати ягонаву аз ҷиҳати зеҳнӣ ва техникӣ пешрафта аз ҳадафҳои миллии мо буд, ҳаст ва мемонанд. 


Сайфулло Сафаров 
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии 
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон