Мақолаҳо
Нишасти навбатии хоинон
Тавре ҳамагон огаҳ ҳастем, санаҳои 16-26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо иштироки зиёда аз 58 давлат ва садҳо созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ доир гардида истодааст. Ин машварат яке аз ҳамоишҳои машҳури ҷаҳонӣ дар самти арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Дар доираи ин машварат нишастҳои умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешаванд, ки ба масъалаҳои алоҳида бахшида шудаанд. Ҳар давлати иштироккунанда мавқеи худро дар самти таъмини арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон муаррифӣ менамояд ва доир ба ин масъалаҳо гузориш медиҳад. Мавқеи давлатҳои иштироккунанда метавонад аз тарафи мухолифонашон ва ё ташкилотҳои байналмилалии алоҳида зери танқид гирифта шавад. Бинобар сабаби рух додани чунин баҳсҳои даргир ҳамасола ин ҳамоиш диққати ҳазорон нафарро ба худ ҷалб мекунад.
Ин сол низ як қатор созмону ташкилотҳое, ки хосияти экстремистию террористӣ доранд ва фаъолияташон дар Тоҷикистон дар асоси қонун манъ шудааст, дар ин ҳамоиш иштирок карда истодаанд. Ҳизби террористии наҳзати ислом, Ҳаракати ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба шумули ин гуруҳҳо дохил мешаванд. Соли 2018 дар Варшава дар арафаи ҳамин нишаст масхараомезона иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд. Аслан ин паймони миллӣ набуда, паймони навбатии наҳзатиҳо аст, ки мехоҳанд бо иваз кардани ном ва шакл ба чашми аҳли башар хок пошанд ва гуноҳҳову ҷиноятҳои қаблии худро пинҳон кунанд. Ин паймон ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштааст. Ин қаллобону ҷинояткорон ва мардумфиребон, яъне Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов беругиву рӯсиёҳиро пеша карда, бе ягон зарра хиҷолат нақшофаринӣ карда, худро «муборизи роҳи демократия» нишон медиҳанд. Мо хуб медонем, ки ин душманони миллати тоҷик лухтаки дасти бегонагон гаштаанд. Ҳамаи суханрониҳои бемантиқу бемазмуни онҳо аз ҷониби режисёрони хориҷӣ танзим мешавад. Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чунки барои мардуми ваҳдатофари тоҷик дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.
Аз ин фурсат, яъне нишасти САҲА истифода карда, онҳо аз минбарҳои баланд бар зидди сохтори конститутсионӣ баромад мекунанд. Суханҳояшон пучу холӣ ва сирф зиддитоҷикӣ аст. Ҳама хуб медонем, ки мақсади асосӣ ва ягонаи ҷамъшавии онҳо ҳаёти орому осоиштаи мардуми тоҷикро ноором кардан аст.
Дар тӯли 28-соли соҳибихтиёрӣ зери роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба маротиб беҳтар шудааст ва боз шуда истодааст. Мардум дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд, ки беҳтарин неъмат аст.
Тамоми аҳолии кишвари азизамон имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишварро зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат дастгирӣ менамоянд. Танҳо шумо беватанҳо ва душманони миллат, ки дар хориҷ умр ба сар мебареду қудрати дидани пешравиҳои моро надоред, зидди ин зиндагии шарафмандонаи мо мубориза мебаред. Лекин шумо ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳед шуд, чунки кору фаъолияти шумо аз ибтидо ғалат буд.
Маҳина Илчибекова дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон