Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ноумедӣ : САҲА макри наҳзатиҳоро пай бурд

Нишасти САҲА дар Варшава бо иштироки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон  наҳзатиҳои террористро ба шикаст дучор кард. Фазои сомонаҳои иҷтимоиро чанд рӯзи охир инъикоси ҷараёни баргузории ин нишаст пур карда, асосан ба нокомию ноумедиҳои наҳзатиҳо ангушти ишорат равона гардидааст. Ҳамагон бар ҳоли ин гурӯҳи хиёнаткор механданд, зеро ин натиҷаи амали худи онҳост. Чуноне ки дар урфият мегӯянд “Чоҳкан зери чоҳ” аст.  Бо он ки ин гурӯҳи чалласаводон аз худашон алома тарошида мехостанд номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бад кунанд, аммо ҳеҷ натиҷае ба даст оварда натавонистанд, баръакс маълум сохтанд, ки воқеан ҳам аз сулҳу оромӣ ва пешравии кишвар хеле нороҳатанду ба ҳар роҳу восита ҳамаи дастоварҳои бузурги ватанро нодида мегиранд.
      Раҳбарияти наҳзатӣ, ки ҳамеша мехостанд  нақшаи табоҳкорона ва палидонаи худро амалӣ созанд, маъмулан аз созмонҳои байналмилалӣ зораву илтиҷо мекунанд ва ба зону зада талаб доранд, то онҳоро низ ба як гӯшаяки ҳар гуна нишасту конфронсҳо роҳ диҳанд. Онҳо аз аввал аз ҳар гуна фурсат, имкониятҳои гуногун, чӣ дар дохили кишвар чӣ хориҷ аз он сӯистифода мекарданд. Айни замон бо сӯистифода аз озодиҳо ва имкониятҳои дар Аврупо мавҷудбуда боз ҳам аз фурсатҳои мувофиқ суиистифода мекунанд ва зидди Тоҷикистон душманӣ меварзанд. Баргузории ҷаласаи САҲА як фурсати навбатие барои наҳзатиҳо мебошад.
Баъд аз он ки наҳзатиҳои ҷинояткор рондаву бадарға шудаанд ва дар назди миллат шармсор ҳастанд ба ҳар роҳу воситаи номардонаву разилонаи худ мехоҳанд ба кишвар зарари худро расонанд ё номи давлатро доғдор созанд. Аммо ин бор низ тирашон хок хурд ва ба ҳадаф нарасиданд.  Дар ҷаласаи САҲА роҳ ёфтан ҳануз маънои дастболо шуданро надорад. Оне пирӯз мегардад, ки дар раҳи рост аст. Аммо наҳзатиҳо ба раҳи хато ва зиддимардумӣ рафтаанд.
Ҳеҷ як созмони бонуфузи ҷаҳонӣ намехоҳад, ки як ташкилоти террористиро дастгирӣ кунаду қурби хдро дар назди ҷаҳониён паст занад. Масъулони САҲА низ баъди суханрониҳои аъзоёни ҳайати ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва инчунин шунидани туҳмату дуруғҳои наҳзатиҳо ба хулосаи даркорӣ меоянд, яъне хатои худро дигар такрор намекунанду ТТЭ ҲНИ (ПМТ)-ро дар ҳамоишҳояшон роҳ намедиҳанд. Баъди шунидани суханрониҳо ва шиносоӣ бо маводҳои аёнӣ дар рафти ҷаласаи САҲА тамоми масъулони ин созмон, доираҳои дипломатии кишварҳои аъзо ва умуман ҷомеаи ҷаҳони чеҳраи аслии террористони наҳзатӣ ва аъзоёни созмони ифротии Гуруҳи 24-ро шинохтанд. Ҳамагӣ аз макру ҳиллаҳои наҳзатиҳо огоҳ шуданд. Ҳолати мазкур албатта наҳзатиҳоро сахт ноумед сохтааст ва гирифтори мотам кардааст.
Ёралии Набӣ