Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Шикаст натиҷаи як соли дуруғу фитнаи ПМТ

Як сол аст, ки  наҳзатиҳои террорист бо таъсис додани ПМТ (эътилофи ҷинояткорони наҳзатӣ) дағдаға доранду воҳима мекунанд, ки гӯё муваффақияте ба даст оварда бошанд. Дар ҳамин ҷаласаи САҲА, ки айни ҳоло  дар Варшава ҷараён дорад, низ аз номи ҳамин иттиҳоди дуруғини худ зиёд ҳарф мезананд ва мардумро боз бо дуруғпарокании худ гумраҳ карданианд. Дар асл ПМТ чист? ПМТ ин иттиҳоди чанд созмонеси дуруғинест, ки худи раҳбарияти наҳзатӣ пештар ташкил карда буданд ва баъд онҳоро гӯё муттаҳид карданд. Ин такрори ҳамон ИНОТ-и солҳои навадум аст, ки раҳбарияти собиқи наҳзатӣ ташкил карда, чанд ташкилоти дигарро дар худ фуру бурда буд ва бар зидди давлату миллати Тоҷикистон меҷангид. Имрӯз ҳам наҳзатиҳо ҳамон корро мекунанд, танҳо аслиҳа надоранд ва ниҳоят заифанду ба ғайр аз туҳматзанию бадномсозии давлату миллат кори дигаре аз дасташон намеояд.  
Дар асл  ПМТ аз ТТЭ ҲНИ пайдо шудааст, яъне бачаи терроризм аст. Ҳоло ба раҳбарону масъулони ПМТ хитоб карда мепурсем, ки барои чӣ бо ин амали навбатии манфур ва зиддимардумиатон ин қадар воҳима доред?  Дар як сол чи коре анҷом додед? Ба ғайр аз дурӯғу фитна, дассисаву иғвоаангезӣ чизи дигаре накардед. Номи баланду шаҳри вайронро мемонед. Аз се гурӯҳ ва ё се одам паймони зиддидавлативу зиддимиллӣ сохтед. Зеро хоҷагонатон барои чунин шакли фаъолиятатон маблағгузорӣ бештар мекунанд. Зеро қудрати як нафар барои ноором сохтани вазъият, иғвову дассисаангезӣ  намерасад. Ин роҳро бо ҳамин мақсад пеш гирифтед.
Акнун обро лой карда моҳӣ гирифтан мехоҳед. Вале ба мақсади баду пастатон нарасед. Дар як сол ин тифли аз иблис омадаатон бо тамоми роҳу восита мехоҳад ба чашми мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат хок пошад, ба сӯи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ санг занад. Аз онҳое ҳимоя намояд, ки муқобили миллату давлат, муқобили манфиатҳои миллӣ кор бурдаанд.
Аммо мардум аз ин бозиҳои бемаъниии шумо серанд. Зеро шумо мардумро ба кӯи сарсониву саргардонӣ ва давлату истиқлолиятро ба нестӣ бурданиед. Ин аст ҳадафи ягонаи шумо. Танҳо барои ин корро анҷом додан аз таги нохун чирк мекобед. Як соли фаъолияти бемаънӣ, як соли дурӯғу фитна, як соли хиёнат ба давлату миллат, як соли худфурӯшиҳо, як соли ...
Шумо тоҷик нестед, шумо душмани тоҷику тоҷикистониед, зеро фоҷеаи он, бадбахтии онро мехоҳед ва заҳматҳову зӯрзаниҳои шумо барои ин ҳадафи пасту хоинона бахшида шудааст. Шумо мардуми Тоҷикистонро ба кӯи фитнаву дассисаҳо ва бозиҳои сиёсии пурмоҷароятон бурда наметавонед. Кӯру кар шумоед, ки имрӯз намебинед харобиҳои дасти шумо хоинон бартараф, бӯҳронҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ низ бартараф, қомати ин мардуму давлат рост гардидааст.
Нотавонбинии шумо хоинон боз аз ин комёбиҳо бештар гардид. Чашми некбин, ҷалби хайрхоҳ дар шумо нест, афсӯс. Ҳеҷ гоҳ бори каҷ ба манзил намерасад. Дар он вартае, ки давлату миллатро боз бурданиед, худ меафтед.
Дар ҷаласаи САҲА ҳамагӣ ҳозир шудаеду бар зидди давлату миллати худ душманӣ доред. Туҳмат мекунед ва рӯи худро сиёҳ карда дуруғ мегуед. Аз ҳозир шудани собиқ наҳзатиҳо, аз ҷумла Муллоабдураҳиму Самиев дар ҳайати ҷомеаи шаҳрвандӣ сахт тарсидед. Баромадҳои асосноки Раҳнамо шуморо ба танг овард. Зеро ин нафарон тамоми асрори шуморо медонанд. Дар муқобили баромадҳои мантиқию воқеъбинонаи Рустам Ҳайдаров ва аъзоёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон лолу ҳайрон мондед. Зеро дар ҷавоб ба суханони росту ҳақиқат гапи гуфтанӣ наёфтед. Бори дигар шармандаю расво шудед. Натиҷаи як соли фаъолияти ПМТ-атон ҳамин аст. Боз то як соли дигар ба худ нахоҳед омад.

Парвиз Собиров