Мақолаҳо
ДУРУҒГӮЙ ДУШМАНИ ДИНУ ДАВЛАТ АСТ! (Мулоҳизаҳо атрофи шикасти навбатии ТЭТ ҲНИ дар Варшава)
Дар ин мақола, ки давоми мақолаи «Пӯшаймонҳои миллӣ дар биҳишти Аврупо» ном дошт дар бораи дурӯғҳои ин дуруғгӯйҳои касбии ҳизби наҳзат ҳамчун як ташкилоти пинҳонкору фиребгар меравад,ки фермаи дурӯғхои бӯгинро(минбаъд барои осонии кор –ФДБ ном бурда хоҳад шуд), дар Аврупо ташкил карда ба сӯи ватани азизамон Тоҷикистон сангпартоӣ доранд сухан меравад.
Соли гузашта фазойи иттилоотӣ аз фошгӯйиҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хеле гарм буд ва махсусан дар яке аз филмҳо аз ҳаё як нафари аз аввал дар сафҳои ин ҳизб буда, яке аз шахсиятҳои машҳури он, ки аз Эрон пушаймон шуда, моҳи апрели соли 2018 ба ватан баргашта, инъикос гашта буд.
Агар ба филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баргардем, хулосаҳои мо оиди андешаҳои дар филми зикршуда баён кардаи Мавлавӣ Айёмиддин (Сатторов) чунинанд:
Бале, Мавлавӣ Аёмиддин Сатторов шоҳиди ҳол, яке аз асосгузорон ва идеологҳои ТЭТ ҲНИ Мавлавӣ Айёмиддин дар тамоми фаъолияти ҳизб даст доштани хоҷагони хориҷии онро, ки дар аввал намефахмид, таъқид менамояд ва бо далелҳои муътамади бо чашми худ дида исбот менамояд. Овоз овози ӯст. Ӯ дар зери шиканҷа ё ҳабс набуд. Ӯ дар боғи худаш сӯҳбат дошт. Ҳамаи гуфтаҳояшро дар шаҳри Варшава шахсан зинда гӯш кардам. Он ҷо ҳам ҳолати аҷоибе буд. Як сол пеш ӯ дар Варшава аз номи мухолифин суханронӣ карда буд. Соли 2018 ӯ дар ҳайати Ҳукуматӣ буд. Ӯ зидди мазҳабфурӯшон қиём кард. Ба дигар мазҳаб гузаштанашонро фош кард. Дар ин ҷабҳа ӯ танҳо набуд. Мулло Абдураҳим низ гуфт инро ман барвақт дар қароргоҳи устод Раббонӣ фаҳмида будам, вакте ки Нуриро Роҳбари рӯҳонӣ эълон карданд ва устод аз онҳо эрод гирифт, ки чаро ин корро карданд...
Дар филм Мавлавӣ нишон медиҳад, ки бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон аз маблағҳои хадамоти ҷосусии дигар кишварҳо истифода кардани ТЭТ ҲНИ табиати зидди давлатӣ ва зидди миллӣ доштани онро нишон медиҳад, ки дар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон бастани онро тақвият мебахшад. Яъне беҳуда онро набастаанд. Агар маблағгузориҳои табаддулотро ба ҳисоб гирем боз ҳам гуноҳашон вазнинтар мегардад. Ҳоло онҳо инро ба рад кардан сар кардаанд. Лекин ба гуфти худашон чаро ин қадар пул, ки доштанду онро барои куштани мардум сарф карданӣ будаанд ба чанд беваю бечора хона харида надоданд, ки ақаллан сад тарафдори вокеиашон дар интихобот бештар шавад. Шоир чӣ зебо гуфта:
Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наомад,
Неки чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?
Дигар масъалаи муҳим он аст, ки дар имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ худро яке аз тарафҳо донистан нақши дигар қувваҳои ҷамъиятиро аз ҷумла ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятию миллиро камранг мегардонад. Мавлавӣ дар асл чунин набуд ва дуруғ будани даъвои онҳоро таъқид мекунад. Созишнома бо тамоми қувваҳои мухолифини тоҷик буд, ки дар байни онҳо миллатпарварону миллатгароён, озодандешону ислоҳотхоҳони демократӣ, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва этникӣ имзо шуда буд. Мавлавӣ Аёмиддин (Сатторов) низ чунин андешаи коршиносонро, ки чандин сол боз мегӯянд тақвият дода, дуруст будани онро тасдиқ намуд.
ТЭТ ҲНИ ҳимоятгари дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ будани худро тарғиб мекард, ки дар асл баракси он будааст ва роҳбарияти кунунии ҳизб тоҷирони воқеӣ ва сиёсие ҳастанд, ки ба ғайр аз манфиати шахсиашон дигар ҳеҷ гуна манфиати миллию давлатиро эътироф намекунанд, ва ҳамон шиагароиашон хам ҷуз фиреби Эрон дигар чизе нест. Ва албатта дар баробари Мавлавӣ Аёмиддин чандин нафароне, чун Мулло Абдураҳим Каримову Эшон Қиёмиддини Ғозӣ ҳам пештар ин далелҳоро оварда симои манфури ТЭТ ҲНИ -ро ба мардум нишон дода буданд. Мо садҳо далелҳои дар матбуот нашршуда ва шифоҳӣ изҳоркардаи аъзоёни ин ТЭТ ҲНИ-ро дидаем, ки бо сабаби дуруғгуйиҳо ва фиреби роҳбарияти он сафи ин ҳизбро тарк кардаанд.
Дигар далели дуруғгуйии онҳо дар он аст,ки онҳо худро тарафдори сулҳу субот эълон кардаанд, вале аз изҳороти онҳо ва аз далелҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва Мавлавӣ Аёмиддин чунин бармеояд, ки онҳо дар интихоботи соли 2020 агар ба кишвар роҳ наёбанд, бояд аз қувваҳои низомии худ кор гиранд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо новобаста аз Созишномаи имзокардаашон аз роҳҳои ҳалли низомии гирифтани ҳокимияти сиёсӣ даст накашидаанд ва ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 исботи ин нияти шуми онҳо буд ва беасос Ҳукуматро дар аҳдшиканӣ гунаҳкор мекунанд, ки ин ҳам аз рӯйи таҷрибаи дурӯғгӯйӣ ва пинҳон кардани ҳақиқат аз тарафи онҳо мебошад.Ва ҳоло боз изҳорот дода истодаанд,қуваҳҳои ҳарбӣ надоранд. Ин масъала бояд аз нав омӯхта шавад. Ҳол он, ки мувофиқи ахбори ВАО онҳо гурӯҳҳои низомиеро дар Афғонистон, Покистон ва Эрон доранд ва пайвастани ин гурӯҳо барои амнияти минтақаи дунявии Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддие хоҳад буд.Чор ҳазор тоҷик аз Тоҷикистон ва 18 ҳазор аскари аз Афғонистон овардаро дар пойгоҳҳои низомиашон барои чи машқ медиҳанд саволест беҷавоб.
ҲНИ ҳеҷ вақт пойбанди Созишномаи умумии сулҳ набудааст, чун аъзоёни он силоҳ нигоҳ медоштаанд, дар дохили давлат дар вазифаҳои баланди ба онҳо боваркардашуда кор карда истода, ба муқобили давлати худ амалиётҳо анҷом медоданд, фарзандони мардумро зери ниқоби таҳсил ба хориҷи кишвар ба пойгоҳҳои низомӣ мефиристодаанд, ки Мавлавӣ Аёмиддин аз 4 чунин пойгоҳҳое, ки дар Эрон бо чашми худ дидааст, нақл мекунад.
ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вакт ин далелҳоро ошкор накардааст ва аз ин рӯ, ин кори онҳо ҳамчун хиёнат ба дину мазҳаб, хиёнат ба миллат ва давлат метавонад фаҳмида шавад. Дар яксолагии Паймони бадаҳдии худ дар Варшава Кабирӣ оиди дигар кардани тактикаи ҷангии хеш сӯҳбат кард, ки ҷуз фиреби назар чизи дигаре нест. Вале чун ҷанги иттилоотиро зидди Ҳукумат эълон кардаанд, пас Ҳукумат низ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, пажуҳишгоҳи нав ё маркази таҳлилиеро барои омӯзиши рафтору гуфтори онҳо ва ба низоми муайян даровардану ҷамъоварии дуруғҳои онҳо таъсис диҳад.
Чун дар дини ислом дурӯғгӯйиро торикии имон мегӯянд, пас бо дурӯғгӯйӣ ва фиреб додани мардум ва пинҳон доштани ҳақиқат оиди омилҳои қувватгирандаи зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ ба давлат ва миллати худ хиёнат кардаанд. Ин гуноҳи бар алайҳи ислом кардаи онҳоро бояд худи мусулмонҳо баҳо дода, ба мардум фаҳмонанд.
Дастаҳои ғоратгарону авбошонро зери номи ислом ва оинномаи худ муттаҳид карда, молу мулки мардумро тороҷ карда, ҳам номи дини мубини ислом ва ҳам миллати тоҷикро бо гуноҳҳои нобахшидании зидди мардумӣ олуда кардаанд, ки ин ҳам пинҳон кардани мақсадҳои шуми онҳо ва ҳақиқати таърихӣ ба шумор меравад.
Дар маҷмӯъ, бо роҳи мардумфиребӣ ва истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор то тавонистааст моҳияти миллату давлати моро дар ҷаҳон нодуруст шарҳ диҳад, ки ин хиёнати рӯйирост ба миллати мо ва фиреб додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад.
Оқиле фармудааст: "Агар ҳақикатро ҳифз намоӣ, ояндаи худ ва фарзандони худро ҳифз менамоӣ, агар онро пинҳон мекунӣ пас ояндаи худ ва фарзандони худро имрӯз гӯр мекунӣ". Ин гурӯҳи ТЭТ ҲНИ ояндаи худро гӯр карда, дар талоши гӯр кардани ояндаи миллату давлати тоҷик, яъне Тоҷикистони азиз аст, ки халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ин розӣ нахоҳад шуд ва намегузорад, ки ниятҳои шуми онҳо амалӣ шаванд. Давлати демократии дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона, ҳуқуқӣ принсипҳои асосии конститутсионии кишвари мо буда, зиндагии шоистаи мардум, рушди устувор, истиқлолияти давлатӣ, миллати ягонаву аз ҷиҳати зеҳнӣ ва техникӣ пешрафта аз ҳадафҳои миллии мо буд, ҳаст ва мемонанд.Таъқид менамоям,ки идеяи асосии миллии мо истиқлоли давлатӣ будааст ва мемонад. Ҳеҷ дурӯғгӯйе наметавонад моҳияти соҳибдавлатии моро зери суол барад. Ва онҳое,ки зидди ин истиқлоли мо сухан мекунанд, душманони аслии миллати мо низ ҳисоб мешаванд.
Сайфулло Сафаров устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон