Мақолаҳо
ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ ДАР БАРОБАРИ ТАҲДИДҲОИ ИФРОТГАРОӢ. Ё ҳафт ёддошти кӯтоҳ аз ҳафт рӯзи нишасти Варшава
Якум. Дар конфронси ҳуқуқибашарии Варшава, ки ҳамасола доир мешавад, ҳайатҳои расмии 57 кишвари узви САҲА ва ҳудуди 40 созмони минтақавию байналмилалӣ ширкат доранд, ки нишон аз миқёсу сатҳи ҳамоиш аст. Ва агар инро бияфзоем, ки аз аксари кишварҳо намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва мухолифу мувофиқ низ ҳузур доранд, миқёси конфронс боз рӯшантар мешавад. Аммо, сиғаи он чунин аст, ки ба ҳар давлат ё суханвар ҳамагӣ ҳудуди 2 дақиқа вақт мерасад, ки барои баррасию ҳалли масоили ҳуқуқи башар ҳаргиз кофӣ нест. Дар ду дақиқа чӣ метавон гуфт? Чун ҳамагон аз ин ҳолат огоҳанд, бо истифода аз фурсат ҳамон ду калима дифою танқид ба миён мепартоянду навбатро месупоранд. Ба назари банда, ин нишаст на илмист ва на корӣ ва ҳадафи он низ зоҳиран дарку ҳалли масоили ҳуқуқи башар нест. Балки бештар шабеҳи саҳнаи сиёсиест, ки коргардонони он бо ҳимояти огоҳона ва намоишкорона аз ин ё он давлат ё гурӯҳ, мавқъ ва манфиатҳои худро амалан ифода мекунанд. Ин ҷо на қароре қабул мешаваду на натиҷае ҳосил. Аз ин рӯ, шояд дар оянда чунин ҷиддӣ гирифтани ин нишаст бисёр зарур набошад. Дуюм. Ҳайати расмии Тоҷикистон ба ин нишаст аз оғоз нигоҳи корӣ дошт: ҳайати давлати узви САҲА маҳз ҳамчун ҳайати давлат ва дар сатҳи дархури давлат ҳузур ёфт. Таркиби он низ аз афроди босалоҳият ва коршинос дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс фароҳам шуда буд ва ҳар кас дар бахши худ соҳиби масъулият, салоҳият, назар ва тахассус аст. Бар хилофи ҳангомаҳои расонаӣ, ҳузури ҳайати ҳукумат на посухе ба ҳузури мухолифин буду на барои посухгӯӣ ба назари онон. Музокираву баҳсу мунозираю ҷадал бо онҳо низ дар дастури кор набуд. Буду набуди ин афрод дар ин нишаст мавриди таваҷҷуҳи ҳайат қарор надошт. Дар тӯли ҳафта, ҳам сиёсати давлат гуфта шуд, ҳам воқеияти ҷомеа нишон дода шуд, ҳам баъзе тасаввуру маълумотҳои ғалати ҳозирин ислоҳ шуданд. Дар ҳафтаи аввал ҳайат дар анҷоми рисолати худ комёб буд. Аммо ҳайат рӯи турш надошт. Шахсан банда дар доираи фарҳанги миллию одоби тоҷикӣ бо ҳар ҳамватане, ки дар толору роҳрав рӯбарӯ шудам, бо ҳар касе, ки симои тоҷикӣ дошт, бо дидаи боз салом гуфтаму эҳтиром гузоштам. Чи бо мухолифини шинохта ва чи бо ҷавонони сершумори ношинос. Ва агар фурсате пеш меомад, ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун муаллим самимона назари худро гуфтаму ин ҷавононро ба ҳифзи обурӯи миллат ва суботи кишвар даъват намудам. Баъзе аз онҳо аз салому эҳтироми банда дар шигифт буданд ва беихтиёр муштҳои гиреҳхӯрдаашонро сар медоданд, аммо ман ҳеҷ хиҷолат надоштам, ки салом гӯяму ҳарфе аз ватан занаму паёме аз мардуми худро расонам. Ман саршор аз ифтихор будам, ки аз кишвар ва аз миллат омада будам ва эҳсос мекардам, ки чунин ҳаққи маънавӣ дорам. Дар лаҳзаи рӯбарӯӣ бо афроди мухолиф намунаи пеши рӯи банда фарҳанги сиёсӣ ва одоби тоҷикии Пешвои миллат буд, ки дар раванди сулҳи тоҷикон борҳо шоҳид будем: он вақт гарчӣ дар Тавилдараву Рашт ҷанг мерафт, Пешвои миллат бо табассуму рӯӣ кушод аз мавқеи ватандорона истода, мухолифонро ба бозгашт ба меҳвари арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ даъват менамуданд: «Домулло, бас будагист акнун, баргардед ба Тоҷикистон, ватанро обод кардан даркор…». Сеюм. Афроди мухолифи давлат низ дар ҳамоиш ҳузури васеъ доштанд, шояд беш аз 60 нафар худро дар ин «шаҳри бедарвоза» бо ин ном сабт карда буданд. Фақат ҳайати «Гурӯҳи 24» ба маълумоти худашон аз 21 нафар иборат буд. Наҳзатиҳо ҳам дар долонҳо доира-доира менишастанд. Муҳоҷиру ҷавонону ислоҳоту паймону мустақилу ғайра низ буданд. Ман то имрӯз чунин тасаввури амалӣ надоштам, ки байни афроду гурӯҳҳое, ки мо аз дохил ба таври яклухт «мухолифон» мепиндорем, ин қадар ихтиофу парокандагӣ ҷой доштааст. Аксар ба ҳамдигар салом намекарданд, дар аввалин фурсат ҳамдигарро дашном медоданд, ҳама ҳамдигарро бо лақабҳое, ки ман инҷо навишта наметавонам, ном мебурданд, ҳама худро ҳаққу дигарро ноҳақ медонистанд… Бисёриҳо ҳамдигарро гумоштаву намояндаву лоиҳаи ин ё он кишвару хадамот тасаввур мекарданд. Масалан, ҳанӯз Иззат Амон аз Москва нарасида буд, ки мухолифин ӯро ҳамчун рақиби нави худ дар саҳнаи танги мухолифат бо теғҳои тез интизор буданд ва дар бораи тарҳи наву қадами навбатии ӯ даҳҳо фарзия мепароканданд… Ҳатто афроди узви як гурӯҳ бо ёфтани фурсат ҳамдигарро сиёҳ мекарданд. Муҳит пур аз сиёҳӣ буд. То ба ҷое хиҷалатбор буд, ки мухолифи кӯҳанкору собиқадор, роҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи худ чунин ҷумлаи пур аз дарду ишораву маъно навишт: “Аввалин бор аз оппозитсия будани худ шарм кардам!” Бо ин ҷумла ҳама чиз гуфта шуда буд. Чорум. Шеваи рафтору гуфтори намояндагони гурӯҳҳои мухолифин низ шоиста набуд. Ин гурӯҳҳо бисёр бечеҳраю бешахсият шуда, ҳар яке чанде аз ҷавонони 20-25 соларо ба саҳна оварда буданд, ки ҳаргиз сатҳу салоҳияти мухолиф буданро надоштанд. Онон на андешаеро намояндагӣ мекарданду на мавқееро ифода менамуданд. Онҳо дар ин муҳит ду нақш доштанд, ки якум, бояд дар роҳравҳо ва ҷаласаҳо нисбати касоне, ки аз Тоҷикистон омадаанд, беадабӣ, таҳқир, писханд ё фитна созанд, дуввум, навбати сухан гирифта, матнҳои пурғалати пур аз дурӯғу туҳматро бо азоб ба аҳли нишаст хонда диҳанд. Саҳнае хиҷолатбор буд. Ва ҳунари дигаре, ки ба ин ҷавонон омӯхта буданд, сабти пинҳонии рафтори тоҷикистониён буд. Нишастан, роҳравӣ, хӯрокхурӣ ва ҳато ҳоҷатхона рафтани намояндагони Тоҷикистонро ба навор мегирифтанд. Ман аз чанд нафари онҳо самимона мепурсидам, ки Шумо, як бачаи ҷавон, ин фанни ҷосусиро аз куҷо омӯхтед? Ва наход сатҳи «мухолифин» ҳамин бошад? Охир Шумо даъвои ислоҳоту қудрат доред! Хулоса, чанд авбошу ҷосусро ба ҳамоиши САҲА ворид намуда буданд, ки чеҳраи мухолифинро муаррифӣ намоянд. Бале, ҷое, ки дигар ҳарф нест, барнома нест, гуфтанӣ нест, ҳамин шеваи фитнаву найрангу таҳқиру ҷосусӣ пеш меояд… Албатта, зуд рӯшан гашт, ки мақсади ин сабтҳо таҳқири намояндагони Тоҷикистон ва фишори равонӣ ба онҳо будааст. Рӯзи дуввуми нишаст телевизони “САТV” ҳудуди даҳ дақиқа навори таъомхӯрии Домулло Абдурраҳим Каримовро намоиш дод, ки пинҳонӣ сабт шудааст. Он хӯрокхурии маъмулӣ буд, чизе ки аз ҳар яки мо ва падару модару бобои ҳар яки мо метавон сабт кард. Аммо нисбати марди 70-сола чунин рафтор намудани ҷавонони 20-25-сола ба ҷуз беадабию бетарбиятӣ маънои дигаре надошт. Ё намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, марди 67-сола Камолҷон Самиев бо ҳайрат изҳор медошт, ки ин гурӯҳи ҷавонон ҳар рӯз ҳар боре, ки аз наздаш гузаранд, шахсияти ӯ ва хоса тоқии тоҷикии ӯро бисёр густохона таҳқир мекунанд. Хулоса, бо мушоҳидаи ин саҳнаҳо, банда худро бисёр миллитару исломитару мусулмонтар аз ин навмиллиёну нависломиён эҳсос мекардам… Бардошти банда ин буд, ки мо дар асл мухолифин надорем ва агар дорем, афроди ҷудогонае ҳастанд, ки ҳанӯз ба он сатҳи мафҳуми пурмасъулияти мухолифин нарӯидаанд. Панҷум. Падидаи дигаре, ки дар ин нишаст аз наздиктар ошно шудам, ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» буд. Дар боби ин ташкилот пештар изҳори назар карда будам, ки он ҷо на «паймон» ҳасту на «миллӣ». Аммо, бар хилофи таблиғи расонаӣ, ҷамъи суханрониҳое, ки аз сӯи ин ташкилот ва зерсоххторҳои он дар конфронс пешкаш шуданд, бори дигар нишон доданд, ки дар ҳақиқат, дар он зарфияти ҷиддие нест. Аз назари шахсиятҳо низ чанд касе, ки аз беруни ҳизби наҳзат ба орият оварда шуда буданд, мисли Равшани Темуриёну Темури Варқию Алим Шерзамон, баръакс, бо суханрониҳои гунгу берӯҳу мурдаю бепояи худ мояи хиҷолати паймон шуданд. Шояд ба саҳна омадану чанд сухан гуфтани худи роҳбари ПМТ М.Кабирӣ, ки вазъиятро аз ҳошия идора мекард, барояшон муфидтар мебуд. Зеро он шахсоне, ки дар вуҷудашон идеяву андеша надоранд, тозиеро мемонанд, ки маҷбур ба шикор овардаанду худ майле ба давидан надоранд. Ҳамчун шунавандаи конфронс метавонам гӯям, ки ҳатто назару гуфтори он чанд ҷавони «24ӣ» нисбат ба паймониҳо хеле зиндатар буд. Дар ҳоле, ки намояндагони «паймон» берӯҳу афсурдаву забонхоидаву ноумед менамуданд, ин ҷавонон ақаллан рӯҳия ва энергия доштанд. Бинобар ин, вақти рӯёрӯӣ ба онҳо гуфтам, ки баргардед ба кишвар, ин рӯҳия ва энергияро дар созандагию ободонии ватан сарф кунед… Хулоса, ҳафтаи аввали нишаст нишон дод, ки ин чорчӯби сунъӣ, яъне Паймони миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун рӯкаши миллию аврупоӣ барои ҳизби наҳзат сохта шудааст, ҳеҷ короӣ ва паёми наве надоштааст. Ин ташкилот, ки даъвои роҳбарии иттиҳоди мухолифин ва фарогирии гурӯҳҳои гуногуни мухолифи давлатро дорад, дар асл аз чанд нафар аъзои собиқи ҳизби наҳзат ва чанд нафар шахсияти ориятӣ иборат буда, на зарфияте дораду на барномаеву на дурнамое. То ҷое, ки ҳатто дар муҳити худи мухолифин онро эътироф надоранд ва конфронс нишон дод, ки мухолифине чун Додоҷон Атовуллоев, Ҳокимшоҳ Муҳаббатов, Ҳафиз Бобоёров, «Гурӯҳи 24», Иззат Амон, ҷунбиши муҳоҷирон ва ғайра бо он дар мухолифати шадид қарор доштаанд… Шашум. Ҳузури ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар Конфронси Варшава барои банда падидаи нав ва бисёр омӯзанда буд. Ин ҷо чандин нафар рӯзноманигорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, шаҳрвандони одӣ ҳузур ёфта буданд. Банда рӯзи аввал як марди тоқипӯшу як зани атласпӯши рӯймолдори тоҷикро дар толори конфронс дида, гумон доштам, ки шояд намояндагони ҳизби наҳзат бошанд. Аммо чун сухан карданд, бо чунон эҳсоси баланд аз ватану миллату сулҳу суботу дифоъ карданд, ки вуҷудамро ҳисси қудрату ифтихор фаро гирифт…. Аз ин миён, хоса иштироки муаллимаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Дилором Маҳкамова, ки бо либоси миллиаш чун парчами Тоҷикистон дар ин саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур ёфта, садои занону модарони тоҷикро ба ин саҳна оварда буд, бисёр таъсиргузор омад. Ин зани маҳаллӣ, ки падар, бародарон ва фарзандони худро дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст дода буд, ба рамзи зиндаи он табдил шуд, ки фоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ чист ва рушди тафаккури ифротгароӣ дар Тоҷикистон чӣ натиҷа хоҳад дошт. Ин зан аз сиёсат ё аз идеология намегуфт, ӯ фоҷеаи оилаи худро баён кард, ки соли 1992 ҳамагӣ аз дасти ифротгароён ба қатл расида буданд. Аммо ин ривояти одии ӯ муассиртарин сухан дар баробари ифротгароӣ буд, ки аҳли толорро зери таъсири хосс гузошт. Ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод, ки бо вуҷуди дар таркиби ҳукумат набудан, бо вуҷуди дар ташкилоти эҷодию дар созмони ғайридавлатӣ фаъолият кардан, мафҳумҳои ватану миллату сулҳу субот барои ҳамаи тоҷикистониён арзишҳои муқаддасанд ва ҳамаи онҳо барои дифоъ аз ин арзишҳо мавқеи ягона дорад. Ин паёми муҳимме буд, ки ҳам ба афроди мухолиф ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври расо расонида шуд. Ҳафтум. Ва ниҳоят, шоми гузашта ҷавонону донишҷӯёни тоҷики муқими Лаҳистон дар ҳошияи ин конфронс нишасти таҳлилие бо номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамбастагии миллӣ дар баробари таҳдидҳои ифрогароӣ» баргузор намуданд, ки аз назари паёми худ шояд муҳимтар аз худи конфронси Варшава буд. Дар он доираи васеи аҳли фикру андеша ва намояндагони гурӯҳҳои гуногуни фикрӣ ҷамъ омада, дар боби арзишҳои мушатарки миллӣ сухан гуфтанд. Бале, давлат, ҳукумат, қудрат бино бар вазифаю масъулияти хидматию сиёсии худ мубориза ва истодагариро дар зидди ифротгароӣ пеш мебарад, аммо нуктаи авҷи ин нишаст дар он буд, ки аҳли зиё, мутафаккирон ва донишмандони тоҷик, новобаста аз мавқеи фикрию сиёсию фарҳангии худ дар муқобили таҳдиди умумӣ, яъне афкори ифротгароию харобиовар садо баланд карданд. Донишманди тоҷики муқими Россия, роҳбари «Ҷунбиши миллии Тоҷикистон» Ҳокимшоҳ Муҳаббатов аз таҷрибаи ғании худ таъкид намуд, ки ифротгароии динӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухолифу ифротию тахрибгар имрӯз на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар муҳити муҳоҷирату таҳсили хориҷӣ низ барои ҳар як ҷавону шаҳрванди мо таҳдид меофарад… Ин ҷо низ рӯшан гашт, ки новобаста аз тафовути фикрию сиёсӣ байни рӯшанфикрону шахсиятҳои миллӣ, мафҳумҳои бунёдие чун давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, низоми давлати дунявӣ, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ватани орому осуда ва зиндагии озода арзишҳоест, ки нисбати онҳо ҳамаи аҳли зиёю хирад назари воҳид ва мавқеи ягона доранд. Бигзор андешаю бинишҳои мо гуногун бошад, вале вақте сухан аз ватану миллату давлату муқаддасоти мо меравад, вақте сухан аз таҳдиди тафаккури ифротгароӣ ба ин арзишҳои бунёдӣ меравад, бояд ҳамаи мо бо ҳамбастагии худ дар ҳифзи ин арзишҳо муттаҳид шавем. Ин паёми нишасти тоҷикони муқими Полша, ки бар зарурати ҳамбастагии миллӣ дар баробари таҳдидҳои ифротгароӣ таъкиди бамавқеъ мекунад, бояд ба гӯши ҳар фарҳангию зиёии тоҷик бирасад, онҳоро бедор кунад, аз бетафовутӣ раҳо созад, дар атрофи манфиатҳои ватану миллат муттаҳид намояд. Хулоса, агар мо имрӯз давлатро дар мубориза бо ифротгароӣ ва дар муқобила бо гурӯҳҳои харобиовар танҳо гузорем, рӯзе ҳар яки мо низ дар муқобили ин таҳдид танҳо хоҳем монд. Хосса аҳли илму фарҳангу зиё.
Абдулло РАҲНАМО ДАР АКС: ҳайати расмии Тоҷикистон, ки дар нишасти Варшава ширкат дорад.