Мақолаҳо
ХОИНОНИ ШИКАСТАВУ РЕХТА
Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) ҳизби тундгарову сузанда буда, сабаби ҷангу хунрезӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, гунаҳгори асосии фалаҷ гардидани низоми сиёсию иқтисодии кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта мебошад. Ин ташкилот аз оғози фаъолияташ зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати тоҷик равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ тамғаи кофир зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.
Бозӣ кардан бо эҳсосоти диниву мазҳабии мардум усули асосии фаъолияти таърибкоронаи ин ҳизб буд. Онҳо мехостанд бо роҳи моҷароҳои мазҳабиву динӣ асос ва пояҳои давлатдории навини тоҷиконро хароб карда, Тоҷикистонро ба мустамликаи нав табдил диҳанд. Вазъи давлатҳои Сурияву Ироқро таҳлил карда, мо ба хулоса омадан мумкин аст, ки бояд дар масъалаи мазҳаб ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накунем. Он низоми мазҳабие, ки дар сарзамини мо садсолаҳо амал мекунад, бояд ҳифз карда шавад. Низомеро, ки дар Тоҷикистон аст ва дар он суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар ваҳдати комил умр ба сар мебаранд, бояд чун гавҳараки чаши нигоҳ дорем. Имрӯзҳо мо шоҳид ҳастем, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ бо дастгирии давлатҳои дигар мехостанд ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаанд, ки унсурҳои мазҳаби бегонаро ба давлати мо ворид кунанд ва сенарияи Сурияро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд. Хушбахтона зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва корҳои шабонарӯзии мақомотҳои қудратии кишвар ба душманони давлати мо муяссар намегардад, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги мазҳабиро роҳандозӣ кунанд. Давлату ҳукумат ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида истодаанд. Аммо ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд дар раванди мубориза бо бегонапарстӣ фаъол бошанду саҳми худро дар таъмини амнияти миллӣ гузоранд.
Намунаи олии ваҳдати мазҳабӣ дар кишвари мо бо ибтикори Пешвои миллат соли 2009 эълон гаштани соли Имоми Аъзам мебошад, ки ҳанӯз бояд ҳадафҳои гузоштаи ин сол садсолаҳои дигар барои мо тоҷикистониён дарси ибрат бошад.
Аммо чунин оромӣ ва пешравиҳои моро на ҳама қувваҳо қудрати дидан доранд. Душманони давлати тоҷикон махсусан Ҳизби наҳзат, ки сирф экстремистию террористӣ аст, бо ҳар роҳ мехост ва ҳоло ҳам мехоҳад ба сари мардуми тоҷик мазҳаби бегонаро бор карда, ваҳдату якдилии миллати тоҷикро аз байн барад. Худи наҳзатиҳо алалхусус роҳбарияти олии он ҳамагӣ бар ивази маблағгузориҳо ва кумакҳои роҳбарияти баъзе давлатҳои «дӯст» мазҳаби дигарро қабул карданд ва ба хоҷагони худ ваъда додаанд, ки ин мазҳабро ба сари мардуми тоҷик бор мекунанд.
Лекин мо-мардуми оддӣ ба душманон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасед. Зеро мо қадри ин тинҷиву оромӣ ва суботу пешравиҳоро медонем ва намегузорем, ки ягон қувваи аҳриманӣ ниятҳои ифлоси худро дар ватани мо амалӣ кунад.
Зулфия Мирзоева
Нигора Файзуллоева
омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ