Мақолаҳо
Мо бо Дилшод Назаров ҳастем!
Мо-кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабари ба истифодаи допинг гумонбар шудану маҳрум гардидани гурзандози маъруфи тоҷик, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ ва ҷоизадори даҳҳо мусобиқаҳои байналхалқӣ Дилшод Назаров аз ҳуқуқи иштирок дар чемпионати ҷаҳон ҳайратзада намудааст. Ин варзишгари маъруфу маҳбуб имрӯз дар чанголи бадхоҳону бадбинҳо ва душманону бахилони варзиши тоҷик афтодааст. Зеро ин гуруҳҳо қудрати дидани пешрафти варзиши тоҷикро надоранд ва бо истифода аз ин усулҳои ноҷавонмардона мехоҳанд шарафи варзиши тоҷикро паст зананд. Мо Дилшод Назаровро бовар мекунонем, ки ӯро дар ин рӯзҳои сахт танҳо намегузорем ва дастгирӣ менамоем. Тамоми мардуми Тоҷикистон боварии комил доранд, ки ин варзишгар ҳамаи ҷоизаҳояшро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ва покиза ба даст овардааст Мо-мухлисони Дилшод Назаров ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба даъвоҳои беасоси ташкилоти The Athletics Integrity Unit бо шубҳа менигарем. Боварии комил дорем, ки тафтишоти воқеӣ гузаронида мешавад ва бегуноҳии қаҳрамони варзиши тоҷик – Дилшод Назаров исбот мегардад. Ҳамаи мо боварӣ дорем, ки Дилшод Назаров варзишгари бузург ва доманпок аст ва ҳамаи ин туҳматҳо руҳияи қавии ӯро шикаста наметавонанд.
Дилшод Назаров бо сазовор гардидан ба медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 шаъну шарафи ҷумҳурии азизамонро ҳимоя карда, парчами Тоҷикистонро боло бардошт, ки ин ифтихори ҳар яки мо аст. Моро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳо дар канори варзишгари маъруфи кишвар бошем ва ӯро дастгирӣ кунем.