Мақолаҳо
Таассурот аз суханрониҳои муҳтарам Пешвои миллат дар Рӯзи забон
Дар санаи чаҳоруми октябри соли равон дар маҷмааи бузурги фарҳангии Кохи “Борбад” бахшида ба 30- солагии Рӯзи забон вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. Вохӯрии мазкур шахсан барои ман басо хотирмон уфтод ва бовар ҳаст, ки ҷамеи иштирокдорони ин вохӯрӣ таассуроти бузурге аз он гирифтаанд. Ман ба худ андешидам: забони ман, забони модарии тоҷикиам пуштибони бузурге дорад, ки то он вақт тоҷику Тоҷикистони азизи ман дар харитаи ҷаҳон вуҷуд дорад, ҳеҷ вақт бе пуштибон ва ҳомӣ нахоҳад монд! Пуштибонии муҳтарам Пешвои миллат аз забони тоҷикӣ ба масобаи ҳимояти бузургтарин фарзандони миллат аст аз забони тоҷикӣ! Агар дар асрҳои гуногуни таъриху тамаддуни тоҷикон абармардоне монанди Исмоили Сомонӣ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ карда бошанд, дар асри ХXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин чеҳрае дар ҷаҳон аст, ки дар мавзӯи пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ назире ба худ надорад.
Исмоили Сомонӣ миёни намояндагони хонадони худ аввалин нафарест, ки дар дарбори Сомониён забони тоҷикиро дар ҷойи забони арабӣ гузошта, бар он рутбаи олии дарӣ-дарбориро лоиқ донист. Ба туфайли хидмати Исмоил шеваи мовароуннаҳрии забони порсӣ, яъне забоне, ки тоҷикон бо он сухан меронанд, дар тамоми ҳудуди истиқомати форсизабонони он рӯз – Эрону Хуросон ва Варорӯд ба ҳайси забони илму адаб шоеъ гардид ва тамоми форсигӯён бо шеваи тоҷикӣ, яъне тоҷикона ба эҷоди ашъор ва навиштани китобҳои насрӣ пардохтанд. Устод Рӯдакӣ аввалин шоири порсигӯст, ки бо шеваи тоҷикӣ нахустдевони худро дар таърихи шеъру адаби порсии дарӣ ба вуҷуд овард ва тавассути суханони тозаву асили тоҷикии худ забони порсии дариро ба насҷу тартиб даровард. Хидмати устод Рӯдакӣ аст, ки имрӯз тамоми форсизабнони дунё ба шеваи тоҷикона шеър эҷод менамоянд. Бинобар ин, устод Рӯдакӣ, барҳақ, падари забон ва адаби порсии дарист, зеро ҷамеи шеъру адаби зиёда ҳазорсолаи бо забони порсии дарӣ эҷодшуда ба шева, забон, сабк ва услуби устод аст! Ҳаким Фирдавсӣ, он чи устод Рӯдакӣ оғоз кард, чи дар гузиниш ва истифодаи вожаҳои ноб ва чи дар сабку услуби баёни тоҷикона, онро ба нуқтаи ғояти худ баровард ва мақоми осмонӣ дод. Ширинии забони порсии дарӣ, яъне шеваи тоҷикӣ, ҳамчунин, вуҷуди ҳазорон вожаҳои ноби таърихӣ, биҳиштӣ шудани забони тоҷикӣ, яъне ба мақоми бас воло сарфароз гардидани он - ҳама ба туфайли хидмати Фирдавсӣ аст! Агар Фирдавсӣ шеваи тоҷикиро бар осмон савқ намедод, Муҳаммад Албухорӣ ҳеҷ вақт чунин гуфта наметавонист: “Забони аҳли биҳишт арабӣ ва порсии дарист”. Хидмати бузурги Фирдавсӣ иборат аз он аст, ки таърихномаи миллати тоҷик ва ҷамеи Эрони Бостонро бо шеваи ноби тоҷикӣ (на шеваҳои дигари забонҳои эронӣ!) рӯйи сафҳаи назм овард. Ин ҳаққи ӯст, ки гуфта: “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”. Асадии Тӯсӣ – шоир ва мутафаккири бузурги муосири Фирдавсӣ, душмани сарсахти нажодпарастӣ ва таассубу ифротгароӣ буд. Тафаккури вай ба ҳадде пештоз ва убурулмобаъд, яъне сипарикунандаи замонҳои баъд аз худаш буд, ки он чиро, ки мо имрӯз бар зиддаш мубориза мебурдем, вай дар асри Х ба муқобилаш муборизаи беамон мебурд. Гурӯҳе аз зиёиёни аъроби мутаасибу нажодпараст дар асри вай бар зидди дигар милали мусулмон бо эҳсосоти худхоҳиву нажодманишона бархоста, онҳоро бефарҳангу безабон мехонданд. Онҳо миллатҳои ғайриараб, аз ҷумла тоҷиконро бо таҳқир аҷамӣ, яъне гунг мехонданд. Вожаи Аҷам, ки Фирдавсӣ бар он ҳусни маънӣ бахшид, аслан, маънияш сарзамини гунгон, яъне безабонон аст. Асадӣ дар қасоиди маъруфи худ бар зидди мафкураи ғайириинсонӣ ва нажодманишонаи ин гурӯҳи мутаассиб бархоста, исбот кард, ки ҳамаи забонҳо баробаранд! Ӯ исбот намуд, ки ончунонки дар забони порсии дарӣ вожагони зиёди арабӣ дида мешаванд, дар забони арабӣ ҳам вожаҳои ҳангуфти порсӣ мавриди истифода қарор доранд. Ҳатто, ӯ як-як собит сохт, ки дар Қуръони карим ба иродати Худо чандин вожаи порсӣ чида шуда ва, ҳатто, сурае низ бо забони порсӣ мавҷуд аст! Устод Садриддин Айнӣ дар пуртаҳлукатарин сарнавишти миллати тоҷик бар ҳимояи забони тоҷикӣ бархоста, дар ҳангомаи муқовимати сахти пантуркистон дифоъ аз марзу буми тоҷикон кард ва дар марҳалаҳои тағйироти алифбоҳо барои аз нестӣ наҷот додани забони адабии тоҷикӣ ҳама осори назмиву насрии худро бо алифбоҳои навбунёд бинавишт ва забони тоҷикиро бо ҳуруфоти навтаъсис комилан мутобиқ сохт! Бобоҷон Ғафуров дар таърихи тоҷикон ба ҳайси Фирдавсии навини миллат ливои ҳувият барафрошт ва таърихи пайдоиши миллатро аз аввал то даврони худ ба силки наср кашид. Бобоҷон Ғафуровро метавон паямбри насри таърихии муосири на танҳо миллати тоҷик, тамоми порсизабонони дунё эътироф кард, зеро “Тоҷикон”- и вай дар арзиши илмиву фарҳангӣ, вазни хештаншиносӣ ва наҷоти тамаддуни порсиён камтар аз таърихномаҳои Байҳақӣ ва Табарӣ нест!
Пешвои муҳтарами тоҷикон дар авохири асри ХХ ва асри XXI сиёсати худро дар хатти тоҷикӣ, хатти фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ ва хатти дифои бемонанду бесобиқа аз забони тоҷикӣ равона сохт. Ҳар сол дар Рӯзи забон мо шоҳидем, ки ин марди фидоии миллат то чи ҳад нисбат ба ҳимоят ва бузургдошти забони тоҷикӣ кӯшишу эҳтимом менамоянд. Дар вохӯрии имсола низ ғамхории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ ба нуқтаи авҷи худ эҳсос гардид. Суханронии он кас дар мавриди имлои нави забони тоҷикӣ, баргардонишу нашри кутуби луғат ва эҳёи луғатнигории обоии тоҷикӣ қобили тавсиф аст. Ҳар кас, ки дар қалб меҳри миллат, модар ва забон дорад, ҳатман таҳтушшуои суханони ғамхоронаи Пешвои азизамон қарор гирифта, ба василаи он суханон эҳсосоти хештаншиносияш ба таҳрик медарояд. Агар дар асри Х Исмоили Сомонӣ гуфта буд “То ман ҳастам, бораи Бухоро ман бувам!”, имрӯз тамоми тоҷикони дунё (бале дунё, на танҳо тоҷикони Тоҷикистони азизи мо!) мутмаин бошанд, ки “То Эмомалӣ Раҳмон бувад, бораи забони шевои тоҷикӣ Ӯ бувад!”
Бораи шаҳди дарӣ аст Эмоми мо,
Пораи қалби дарӣ аст Эмоми мо.
Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич, устоди ДДМИТ