Мақолаҳо
«Паймони миллӣ» хиёнат ба миллат аст!
Агар ба таърихи 27 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ назар афканем, манзараи пур аз шебу фарози ватандории мо тоҷикон, ки барои наслҳои оянда як сабақи пурарзишии таърихист, пеши чашм меояд. Аз санаи аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман элом доштани соҳибистиқлолии давлатии миллати тоҷик, авҷгирии баъдинаи мубоҳисаҳои доманадору муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии мамлакат, оғозу бар души мардуми кишвар бор гардидани ҷанги шаҳрвандии харобовар, сипас оғози музокирот, барқароршавии сулҳ ва муваффақ гаштан ба ризоияти миллӣ то рӯзҳои мо, мушкилотҳои зиёде рафъ шуда, ҷомеаи имрӯзаи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат озодона умр ба сар бурда истодааст. Таҳкурсии сиёсию қонунии дигаргуниҳои азими минбаъда дар кишвар маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таҳрезӣ шуданд. Аз ин рӯ он Иҷлосия оғози саҳифаи нави пешравии гуногунҷабҳаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ташкилёбии фаъолияти амалии мақомоти олии қонунбарори мамлакат - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон гардид. Ба замми ҳама заҳматҳои кашидашуда аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар дохили кишвар хоинҳо ва микробҳои зархариди миллӣ дар пайи тағйир додани режими сиёсии давлат ва ноором сохтани вазъ дар кишвар пайваста бо хоҷаҳои хориҷии худ кор ва ташвиқот мебурданд. Дар воқеъ яке аз қисматҳои асосии нақшаи хоинҳои зархариди миллат ин пеш аз ҳама руи рост ғорат кардани аҳолӣ ва афзоиш додани сатҳи фасодкорӣ буд. Воқеан дар бисёри ҳолатҳо мардум шоҳиди ғоратҳои руирости лошахурҳои дар ниқоби ислом буд, ки аз фурсати нооромиҳои кишвар истифода бурда, ҳадафи асосиашон ғорати аҳолӣ буд. Беҳуда вақтро довар нагуфтаанд, чунки хоинони бадабахти миллат дар ниқоби ислом тамоми корҳои ғайриахлоқиро пешаи асосии худ қарор дода, бояд бо ҳар роҳ ба хоҷаҳои хориҷии худ исбот менамуданд, ки ба онҳо ва пули додаи онҳо содиқанд. Барои исботи амаҳои палидонаи худ чандин маротиба бо роҳи гумроҳ кардани баъзе аз ҷавонон кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатиро карданд, ки мақсади ин табаддулотҳо порча-порча кардани давлат ва миллат, куштор, зино ва ғорат буд. Инсоне, ки зархарид аст ин гуна инсон пеш аз ҳама номуси худро мефурушанд. Ба ин гуна ашхос дигар арзишҳои миллӣ , ватан ва миллат дигар аҳамияте надорад, танҳо онҳо як шиори итоат ба хоҷаҳои хориҷии худро доранд. Воқеан зери пардаи наҳзат бадхоҳон ва бадбахтони миллат ба корҳои сиёҳ машғул буда, бештар ба падидаҳои нангину нафратовар даст мезананд ва то ҳол дар ҳаракати исбот намудани содиқии куд дар назди хоҷаҳои худ мебошанд. Имрӯз чун оина аён аст, ки бо замми чораҳои қатъии андешидаи ҳукумати кишвар гирифтани пеши роҳи ҳодисаҳои нангин ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз амалҳои нанговари худ даст накашида, бо қавли худ Паймони миллӣ ташкил намуданд. Паймон шаҳодат аз он медиҳад, ки Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш то ҳол ба хоҷаҳои худ содиқ буда, ин навбат ба таври ошкоро исбот намуданд, ки то ҳол намояндагони Ҳизби мамнуи экстремистиву террористии наҳзат ба паймони додаи худ ва пулҳои ҳароми гирифтаашон содиқ аст. Бояд ҳар як шахси соҳибхирад донад, ки чаро Кабирӣ ба қавли худ ва ҳамаслаконаш ин навбат Паймон таъсис дод. Паймони ин хоини беномус ба миқдори як донаи арзан манофеи миллӣ надорад, ин бадбахт танҳо хоҳиши табдил додани давлатро ба як кишвар ҷангзада дорад ба монанди Сурия, Ироқ, Либия ва монандӣ инҳо. Ин гуна ашхоси беномус ба Модар, хоҳар бародар фарзанд ва миллати худ раҳм надоранд, чунки номуси худро ба таври қонунӣ ба хоҷаҳои хориҷӣ фурухта, Паймони як умра бастаанд. Ин Паймон ягон зарра паймони миллӣ нест ин Паймонӣ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба хоҷаҳои хориҷист. Марг, нафрат ба ин гуна Паймони терористӣ ва экстремистӣ.
Агар ба таърих дақиқтар назар афканем, дар ин дунёи гузарон чизе абадӣ нест. Сиёсатмадорон низ меоянду мераванд, вале ҳар кадом ба қадри ҳиммати худ ба рафти воқеаҳо ва рӯйдодҳо чӣ дар кишвари худ ва чӣ берун аз он таъсир мерасонанд ва бо аъмоли неку ва тақдирсоз номи худро дар саҳифаҳои таърих ҷовидонӣ месозанд. Чунин накшро дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмардона бозид. Ин абармарди дунёи сиёсат чун Авраам Линколн, ки дар замони худ барои нигоҳ доштани ягонагии ҷомеаи амрикоӣ талошҳо варзида буд, тавонист дар вазъияти бисёр мураккабу печидаи сиёсӣ сулҳро барқарор намояду суннатҳои давлатдорӣ ва тамомияти арзии Точикистонро таъмин созад ва моро месазад, ки то доштани қувват дар бадан дар зери чунин сиёсати озод, созанда ва тақдирсоз ба сар барем ва нагузоем, ки чуни ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористию экстремистидошта вазъияти давлати моро халалдор созад.
Машғулов Саидхуҷа муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ