Мақолаҳо
Ҳақ ба ҳақдор мерасад
Рӯзҳои охир дар васоити ахбори омма масъалаи ширкат накардани гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар бозиҳои қаҳрамони ҷаҳон дар Доҳаи Қатар рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷиро хеле саргарм кардааст. Агар гуем, ки ин ҷо бозие ниҳон аст, хато нахохем кард, чун ин ташкилот ҳам чун Диссернет як ташкилоти ғайриҳукуматӣ буда, масъулияти зиёде надорад. Вале мо набояд ин эрод ва ин амалро нодида гирем, чунки баҳои он обрӯи кишвар ва манфиатҳои миллӣ мебошад.
Худи Дилшод Назаров гуфтааст, "чизе барои пинҳон кардан надорад ва бовар дорад, ки ҳақ бар ҷониби ӯ ҳаст". Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар бо ширкати ҳудуди 200 варзишгари беш аз 200 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 6-уми октябр ба анҷом расид ва натиҷаҳояш барои Тоҷикистон бо сабаби ширкат накардани беҳтарин гурзандози Осиё албатта барои Тоҷикистон назаррас набуд. Шояд чемпиони бозиҳои олимпӣ дар Рио де Жанейро метавонист шахсонеро, ки ин ташкилот дар назар дошт, то саҳнаи қаҳрамонӣ пеш рафтан намемонд. Ба ҳар ҳол мо ҳеҷ гоҳ қаҳрамони худро танҳо нахоҳем гузошт ва ӯ ҳатман бегуноҳии худро исбот хоҳад кард.
Ин созмон The Athletics Integrity Unit чанде пеш хабар дод, ки тафтиши дубораи допинг дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард." Вале ин баъди 8 сол аст ва касе кафолати дигар кардани натиҷаҳои таҳлилро гуфта наметавонад.
Ин соозмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки номи гурзандози тоҷик ва барандаи Бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳрасти гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кардааст, мегӯяд: «Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз иштирок дар мусобиқаҳоро иҷро кунад». Албатта қаҳрамони мо ин талабро иҷро кард, вале мо ҳак надорем дар муқобили беадолатӣ истодагарӣ накунем.
Дафтари матбуоти ин созмон рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки, "дар сурате ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсир надорад ва бозбинӣ намешавад".
Дилшод Назаров мегӯяд, тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо нисбат ба ӯ рафъ шавад ва барои ин кор як вакили машҳури аврупоиро ҳам ҷалб кардааст."Умед дорам, ба зудӣ номи неки худро барқарор мекунам ва бори дигар парчами ватанро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло мебардорам. Барои пуштибонӣ ва дарки шумо умед дорам. Ин танҳо чизест, ки ҳоло гуфта метавонам", - гуфтааст ба радио зикршуда.. Дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи 2-юми октябр доир гардид, дар байни ширкаткунандагони мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон натиҷаи беҳтаринро Павел Фаҷдек аз Лаҳистон нишон дод. Ӯ бо натиҷаи 80 метру 50 сантиметр ҷойи аввалро касб намуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт ва бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд. Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст. Чи хеле мебинем, ин қаҳрамон ба натиҷаи қаҳрамони бозиҳои олимпии мо расида натавонистааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони чоркаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин), 2017 (Бҳубанешвар, Ҳиндустон) мебошад. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст. Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Навтарин хабар ҳам моро хеле шод гардонд, ки ӯ Раиси Ассотсиатсияи варзиши сабук дар Осиёи Марказӣ интихоб шуда, беҳтарин гурзандози Осиё эътироф гашт. Аз ин рӯ мо бар онем, ки ҳақиқат каҷ хам шавад, намешиканад ва номи неки чемпони бозиҳои олимпӣ пок ҳоҳад монд. Чи хеле, ки мегуянд «Ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид».
Сайфулло Сафаров устоди ДДМИТ