Мақолаҳо
Дурустнависӣ аз мутолиаи зиёд маншаъ мегирад
Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 30 сол пур шуд ва бахшида ба ин муносибат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё ва маориф баргузор гардид, ки басо хотирмону гуворо буд.
Ин вохӯрӣ бозгӯи мақоми баланди забони тоҷикӣ дар давлат ва пуштибонии он буд. Зеро аз суханронии Пешвои муаззами миллат бори дигар эҳсос мегардид, ки Сарвари давлат - шахси якуми мамлакат ғамхору ҳомии забони модарист, ба он эҳтироми беандоза ва барои нигаҳдошти мақоми он таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои назаррас доранд. Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии миллати тоҷик паём расонд.
Аслан бо қабули Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибат ба забони тоҷикӣ комилан тағйир ёфт ва сатҳи забондонии аҳли ҷомеа тадриҷан боло рафта, забони тоҷикӣ забони илм гардид.
Барҳақ, забон ҳамчун нахустунсури мустақилият ва ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, яке аз шохаҳои асосӣ ва шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро тавассути он мешиносанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур ва ҳатмист, ки тадбир низ бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат рӯи кор омадааст.
Пешвои миллат дар суханронии хеш дар бораи баъзе ғалатҳои забони васоити ахбори омма истода гузаштанд, ки басо бамаврид буд, зеро ВАО тарғибгари забон буда, «дар равону шево гардидани забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳу завқи забондонии мардум ва пешгирӣ кардани ғалатгӯиву ғалатнависӣ нақши бисёр муҳим дорад».
Дар аксар маврид ба мушоҳида мерасад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио дар маводи хеш ба ғалатҳои имлоӣ роҳ медиҳанд ва ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки аҳли ҷомеа аз забони васоити ахбори омма меомӯзанд ва дар навиштору гуфтор ба он такя мекунанд. Худи мо низ агар дар навиштани ягон ибора ва ё калима ё ин ки мондани аломати китобат ба шубҳа афтем, ҳатман посухро аз матлаб ва имлои рӯзномаҳои бонуфузи расмии кишвар ҷустуҷӯ мекунем. Вале бояд гуфт, ки дар ҳамин маврид ҳам наметавон ба имлои баъзе аз нашрияҳо эътимод кард, зеро як калима ва ё ибора дар як мавод бо чанд тарзи навишт оварда шудааст, ки ин духӯрагиро ба миён меоварад. З-ин рӯ, муҳаррирони нашрияҳо масъулияти баландро бар дӯш доранд, аз таҳрири эшон рафъи духӯрагӣ ва ғалатнависию ғалатгуфторӣ ва ахиран, саводнокии ҷомеа вобаста аст. Бинобар ин, рӯзноманигоронро лозим аст, ки дар таҳияи мавод ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва имлои дуруст аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Албатта, дуруст навиштан аз бисёр мутолиа кардан ба амал меояд, ки доир ба ин масъала низ муҳтарам Пешвои миллат дар суханрониашон истода гузаштанд. Президенти мамлакат масъалаи оммавикунонии китобхониро баррасӣ карда, дар таътилҳо ба мактаббачагон хондани китобҳои бадеиро тавсия доданд, ки басо бамавриду муфид аст. Зеро тарғиби мутолиаи китоб ва чопи китобҳои шавқовари бадеӣ бо мақсади оммавигардонии китобхонӣ имконият медиҳад, ки сатҳи фарҳангу маданияти мардум боло рафта, нақши ҷаҳонбинии маънавӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон боло бурда шавад. Ҳамчунин, ташкили фазои маърифатӣ, хариди китобҳои бадеӣ, таъсиси китобхонаи хусусӣ, назорат ва санҷиши китобҳои мутолианамудаи фарзанд, дар баробари ин, китобхонии худи волидон дар ҳузури фарзандон роҳҳои муассири ҷалби кӯдакон ба китобхонист, ки вусъати ин амалҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар зарур шуморида мешавад. Зеро китобхонӣ нутқро бурро ва ҷаҳонбиниро васеъ карда, дари маърифатро барои шахс мекушояд ва таркиби луғавии забонро ғанӣ мегардонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ, инчунин ба масъалаҳои таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, милликунонии забони технологияҳои навин, феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрӯза, эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ, ба танзим даровардани номгузорӣ аҳамият дода, ба сохторҳои марбута дастур доданд то дар муддати пешбинишуда барои беҳтар шудани вазъ “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, «Энсиклопедияи забони тоҷикӣ» ва луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикро таҳия намоянд.
Ҳамин тавр, дар сурати иҷрои ҳамаи супоришот аз тарафи мақомоти дахлдор, риояи меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва қолабҳои меъёри муоширату забони илм аз тарафи забондорон, мутолиаи бештар мо метавонем нуқсонҳо ва духӯрагиҳоро дар забони тоҷикӣ рафъ созем.
Пас, биёед, ба навиштаамон аҳамият диҳем, онро чандбора бихонем, зеро тозакорӣ ва дурустнависӣ низ аз мутолиаи зиёд маншаъ мегирад.
Машҳура Абдуллоева