Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон

Имрӯзҳо мо тариrи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ мебинем, ки муносибат ва нигоҳи хоинонаи аъзоёни ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзат нисбат ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чигуна сурат мегирад. Бояд ёдовар шуд, ки миллати тоҷик худ шоҳиди он аст, ки аъзоёни ин ташкилоти иғвогар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чи азобҳову рӯзҳои нангину сангинеро ба хоки ин ватану ба сари ин миллат овардаанд. Барои ба даст овардани истиrлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ ҳазорон нафар шаҳрвандон ва rаҳрамонони миллати тоҷик ҷони худро аз даст додаанд, ки инро миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад ва абадан ин ҷанги бародаркуш дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун як захм ва доғи сиёҳе боқӣ хоҳад монд. 
Бояд иброз намуд, ки ҳар шахсе, ки обу нони ин сарзаминро хурдаасту ба ин Ватану ба ин миллат маrсади хиёнат карданро дорад, барои чунин тоифаҳои беномус дар ин сарзамини муrаддас ҷой нест. 
Наҳзатиҳо ҳамон аблаҳонеанд, ки айби худашонро намебинанд, ҳол он, ки худ сар то по ғарrи айбу камбудӣ буда, корашон пайваста дар ҳакrи Ватану миллат дурӯғ гуфтану туҳмат кардан аст. Аз дастовардҳову ободкориҳо тамоман суҳбат намекунанд, чун, ки ин хоинони зархарид пешравии Ватанро дидан наметавонанд ва боз худашонро ватандӯст нишон додан меҳоҳанд, ки танҳо ҳунарашон аз дур ғайбату иғво андохтан асту халос. Барои ободии ин сарзамин ягон кори хайреро анҷом надодаанд. Бояд ҳеҷ ваrт фаромӯш накард, ки ҳар фарде нисбати давалати худ хоинӣ намояд ва камбудиҳои бе асосро rасди ифшо намудан кунад, гӯё ӯ камбудии хона ва оилаи худашро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодааст. Ин кор бисёр нанговар аст, ки ваrте шахс таъна ба хонаи худ мезанаду камбудиҳои бартарафшавандаро бо маrсади иғво андохтан ба бегонагон нишон медиҳад, ки ин амалҳо ба пуррагӣ дар фаъолияти аъзоёни ҳизби наҳзат мушоҳида карда мешаванд. Ин худ далели исботи хоинии наҳзатиҳо ба миллати тоҷик аст. 
Бояд мардуми Тоҷикистон дарк намояд, ки маrсаду ҳадафҳои асосии ин нохалафону ғуломони хоҷагони хориҷӣ танҳо ҷангу ҳунрезӣ ва парокандагии миллати тоҷик мебошад. Дар ҳамаи давлатҳои рӯи дунё камбудӣ ба назар мерасад. Нест давлате, ки дар он камбуди ҷой надошта башад. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар хориҷи кишвар таҳти роҳбарии хоини миллати тоҷик М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ташкилоти бо ном «Паймони миллӣ» ташкил кардаанд, бехабар аз он, ки миллати тоҷик аллакай ҳадафу маrсадиҳои нопоки ин ташкилоти террористиву экстремистиро фаҳмиданд. Наҳзатиҳо барои фиреби миллат боз рӯ ба сӯи дигар ном намуда, мехоҳанд ҳадафу маrсадҳои нопоки худ ва фарҳанги бегонапарастиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд. 
Бисёр нанговар аст, ки ин тоифа барои rонеъ гардонидани талаботи хоҷагони хориҷии худ натанҳо Ватан, балки номуси хоҳару зану духтарони худашонро низ дареғ намедоранд. Аз илми шаръиву ғайришаръӣ ҳам маълум аст, ки ингуна афрод ҳеҷ гоҳ зиндагии ба маънии томаш покиза надоранд ва ҳамеша бо садои фаҳшу иғвогариву хоинии худ ҷилваи ваҳшисифатона доранд. Ҳамчун як амали инсонӣ барои онҳо иззату эҳтироми атрофиён вуҷуд надорад. Худованд ба ин гуна аблаҳон танҳо ҳамон гӯшти бе устухонро бо номи забон додаст, ки олуда ба ифлосиҳост. Ҳар бандае, ки нияти нопок дорад вай ҳеҷ гоҳ ба маrсад намерасад, чун, ки Худованд ҳамеша трафдори тинҷию амонӣ ва хизмати шоиста ба Ватан, падару модар ва гирифтани дасти ятимону барҷомондагон буда, инсони хоину бадбинро ҳеҷ гоҳ ба маrсадаш намерасонад. 
Мардуми сулҳпарвару ободкори тоҷик бояд шукргузории ин тинҷию амониро намуда, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва пайваста илм омӯзанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, то ин, ки ба фиребу найрангҳои наҳзатиҳои хоину фурӯхташуда фирефта нашаванд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз рӯз то рӯз ободу зебо ва пешрафтаву гул-гулшукуфон шуда истодааст, ки инро мо худ бо ҷашми сар мебинему мешунавем ва шукрона мекунем. 
Мо мардуми сарбаланди тоҷик пайравони асили Пешвои муаззами миллатем ва нагузорем, ки ягон нохалафе ба амнияти миллии мо дахолат намояд. Мо дар якҷоягӣ метавонем як rувваи бузург бошем ва бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик муборизаи беамон барем. 
Аз кулли мардуми Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки дар ҳифзи марзу буми ватан ва муrаддасоти миллӣ бетараф набошед ва ба самъи бародарону хоҳарон ва дӯстони худ маrсаду ҳадафҳои нопоки аъзоёни ҳизби террористиву экстремистии наҳзатро расонед ва ҳамеша тарафдори ободиву озодӣ ва осудагиву сарзабзии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо бошед. 


Саидов Фаридун cардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ