Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Аз бадон ҳазар бояд кард!

Афзоиши хатарҳои терроризм ва экстремизм сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки аз таҳдидҳои ин зуҳуроти номатлуби аср Тоҷикистон низ истисно нест. Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтаанд, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир буда наметавонад. Маълум аст яке аз хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир ин терроризму экстремизм аст, ки онро вабои аср низ мехонанд. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалиро касб менамояд. Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замони муосир давлатҳои алоҳида зери хатар қарор мегиранд ва ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардад, ки дар танҳоӣ онҳоро рафъ карда наметавонанд. 
Муборизаи беамон бо экстремизму терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гунна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад. Имрӯз неруву ҳаракатҳои гуногун маҳз тавассути аъмоли ифротгароёна ниятҳои сиёсии худро пиёда кардан мехоҳанд. Таассуфовар ин аст, ки роҳбарону гумоштагони зархариди чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Истифода аз роҳу равиши экстремистӣ баҳри расидан ба аҳдофи сиёсӣ дар кирдорҳои бади ҷинояткорона, аз қабили ташкилу иҷрокунии амалҳои террористӣ, исёну бетартибиҳои оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва як қатор аъмоли дигари ғайриқонунӣ зоҳир мешавад. 
Пӯшида нест, ки ин тоифа барои амалӣ намудани кирдору ниятҳои нопоки худ ниқоби дини мубини исломро ба бар карда, мардумро гумроҳ мекунанд. Яке аз ин намояндагони ин тоифа гуруҳҳои сиёсӣ ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки бо фармони хоҷагони хориҷии худ берун аз Тоҷикистон истода, нисбати кишвари маҳбуби мо ҳар гуна суханҳои ноҷо ва иғвоангезона мегӯянд. Бо иғвою туҳмат давлатро сиёҳ карда, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро нодида мегиранд, ки ин нотавонӣ ва ноҷавонмардонагии онҳоро нишон медиҳад. 
Бешубҳа, халқи тоҷик аз таърихи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он сабақҳо бардошта, барои такрори он ҳеҷ гоҳ роҳ ва имконият ҳам намедиҳанд. 
Барои боз ҳам самаранок ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ, ҷавононро дар руҳияи хайрхоҳию ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия кардан муҳим аст. Пайравӣ аз ақидаҳои бегона ва ифротӣ, оқибатҳои хунбор дорад ва инро мо дар мисоли ҳодисаҳои даҳсолаи охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик то имрӯз давом доранд, ба хубӣ мушоҳида карда истодаем. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр мардуми осоиштаи минтақаро ба ваъдаҳои пучу холӣ дар хусуси сохтани давлати динии адолатпарвар, таъмини рӯзгори муносиб барои аҳолӣ, ғалабаи ҳақ бар ботил, сохтани биҳишт дар рӯи замин ва дигар суханони дурӯғинашон бовар карда, ба ошӯб хестанд ва акнун марзу бумашон вайрону валангор шудаасту аз осоиштагию сатҳи баланди зист, ки пешвоёни зархарид ваъда карда буданд, дараке нест. Ин як дарси ибрат ва ҳам муштест ба даҳони онҳое, ки ақидаҳои ифротии хешро бо шиору аҳкоми муқаддаси динӣ рӯйпӯш намуда, ҳаёти осудаи моро халалдор кардан мехоҳанд. 
Террористону экстремистон аксаран зери даъвату шиорҳои диниву мазҳабӣ паноҳ бурда, худро ҳомиёни дину шариат эълон намуда, исломро ҳамчун воситаи расидан ба ҳокимият медонанд. Ҳоло ин ки дини мубини ислом аз терроризму экстремизм фарсахҳо дур буда, ба он ҳеҷ иртиботе надошту надорад. Мебинем ва шоҳид ҳам мешавем, ки исломро ба таври сунъӣ сиёсӣ мекунонанд. Бо истифода аз дини поки ислом ғаразҳои сиёсиву нопоки худро амалӣ месозанд. Бо ваъдаҳову хабарҳои бардурӯғ майнаҳои ҷавонон ва вуҷудашонро заҳролуд месозанд. Ин гуна ҷавонони манқуртшуда фирефтаи ваъдаҳои онҳо гардида, ба Ватану модари худ хиёнат мекунанд ва даст ба куштору ғорат мезананд. 
Мусаллам аст, ки дар ягон давру замон одамони дорои фикри солим аз ҷангу моҷаро ҷонибдорӣ накардаанд. Ҳатто дар ҳамин рӯзҳо агар ду нафар бо ҳам муноқишае дошта бошанд, фикри кадоме аз онҳо солим бошад, мекӯшад, ки муноқишаро бас кунаду оштӣ намояд. Барои дорои фикри солиму созанда будан, бешак донишу ҷаҳонбинӣ ва андеша лозим аст. Аз ин рӯ, дар оилаву муассисаи таълимӣ ва дар ҷомеа талқини китобхониву забономӯзӣ ва кӯшиши мукаммалшавӣ ба ҳар як ҷавон метавонад натиҷаи мусбӣ ба бор оварад ва аз каҷрафторӣ ӯро боз дорад. Бузурге мефармояд: 
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан, 
Ба дониш тавон риштану тофтан 
Хулоса, мубориза бо ин зуҳурот фақат кори мақомоти қудратӣ набуда, аз ҳар фарди худогоҳу хештаншинос масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ва экстремизм баланд бардоштани маърифату дониши мардум, хусусан ҷавонон мебошад. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аҳли зиё, махсусан мо омӯзгорон бояд фаъол бошем ва дар ҳар дарс аз пешгирии ин амали номатлуб ва ҳушёрию зиракии ҷавонон бо онҳо суҳбат кунем ва воқеиятро ба онҳо фаҳмонем, то рисолати шаҳрвандии худро иҷро карда бошем. 


Маҳина Илчибекова дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ