Мақолаҳо
Рушди туризми байналмилалӣ
Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси
болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асри XX баъзе минтақаю давлатҳои ҷаҳонро ба маркази муҳими тараққиёти туризм ва азхудкунии захираҳои рекреатсионӣ табдил дод. Дар баъзе давлатҳои ҷаҳон (Миср, Юнон, Италия, Швейтсария, Туркия ва ғайра) туризм соҳаи муҳими даромади аҳолӣ, таъмин ба ҷои кор ва пешрафти иқтисодиётро ташкил медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола дар бисёр давлатҳои ҷаҳон 27-уми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии туризм таҷлил мегардад. Ин иқдом бори нахуст дар Ассамблеяи Генералии СММ соли 1979 дар шаҳри Торремолиноси Испания пешниҳод гардид, ки он аҳамияти ҷаҳонии Созмони байналмилалии туристиро инъикос менамояд. Аз соли 1983 Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ онро қайд мекард. Мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии туризм ин тарғиб намудани туризм, рушди робитаҳои байналмилалист. Он муносибатро байни давлатҳо мустаҳкам намуда, ба иқтисоди ҷаҳонӣ даромади зиёд меорад. Инчунин, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳиммияти туризм ва аҳамияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва фарҳангии он ҷалб менамояд. Туризм хотиррасон менамояд, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи ҳаловат бурдан аз табиати зебои ҷаҳон дорад. Бинобар ин, дар Рӯзи байналмилалии туризм ҳамаро ба он даъват менамояд, ки ба нафъи туризми дастрас диққат диҳанд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 дар чорабиниҳои сиёсии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, сифати маҳсулоти тарғиботию иттилоотии худро баланд бардошта истодаанд. Шомилшавии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО роҳро барои рушди сайёҳӣ дар кишвари мо боз намуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, мавзеъҳои бойи таърихӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.
Вобаста ба ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаашон соли 2018-ро ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки ин барои рушду равнақ ва вусъату ривоҷи бомайлони ин соҳаи сердаромади ҷумҳурӣ заминаи созгоре мебошад.
Бинобар ин, Роҳбари давлат ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш доданд, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳи, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Тоҷикистони муосир метавонад бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ муваффақ шавад. Баҳри пешрафти соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дар ин самт муваффақ ва зудтар амалӣ кардани таҷрибаи пешқадами онҳо самараи нек хоҳад дод. Зеро аз таҳқиқоти назариявии олимон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки инкишофи соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва инфрасохторӣ аз инкишофи соҳаи сайёҳӣ вобастагии калон дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид - инфрасохтори бахши сайёҳӣ фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти беш аз 100 ширкати сайёҳӣ, 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, 2 ширкати ҳавопаймоии миллӣ, 3 меҳмонхонаи дорои бренди ҷаҳонӣ, 170 меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, марказҳои сайёҳии иттилоотӣ далели рушди бахши сайёҳӣ маҳсуб меёбанд.
Ҷанбаи муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи туризм таҳкими ҳамкории мутақобил бо Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ташкилот бо мақсади истифодаи самараноки имкониятҳои худ дар чорабиниҳое, ки таҳти сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор мешаванд, фаъолона иштирок менамояд.
Пас, мақсади асосии рушди туризм дар кишвар - ташкили саноати фоидаовар ва рақобатпазир мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати расидан ба талаботи замонавии хизматрасониҳои туристӣ, таъминоти даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд кӯшиш ба харҷ дод. Мо итминон дорем, ки давра ба давра бо андешидани чораву тадбирҳои муассир мушкилоти мавҷуда ҳалли худро меёбад.
Дилшод Қосимов, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ