Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Дуруғгӯй душмани дину давлат аст!

Дар ин мақола, ки давоми мақолаи «Пӯшаймонҳои миллӣ дар биҳишти Аврупо» ном дошт мебошад ва дар фейсбук нашр шудааст дар бораи дурӯғҳои ин дуруғгӯйҳои касбии ТЭТ ҳизби наҳзат ҳамчун як ташкилоти пинҳонкору фиребгар меравад,ки фермаи дурӯғхои бӯгинро (минбаъд барои осонии кор –ФДБ ном бурда хоҳад шуд), дар Аврупо ташкил карда ба сӯи ватани азизамон Тоҷикистон сангпартоӣ доранд сухан меравад. 
Онҳо ҳар ҷавоби ҷавонмардонаи тарафи Ҳукуматро аз фнрмаи ҷавоб ном мебаранд. Мо ҳам мудири фермаи дуруғҳои бӯгин Муҳаммадиқбол Садридинро бо ин унвони нав табрик гуфта дуруғҳои бесарунуг,бемантиқ,эҳсосӣ ва ноҷавонмардонаашро нисбати Президенти муҳтарамамон ва дигар сафсатаҳояшро дар асоси гуфтаҳои намояндагони ин ҳизб рад менамоем. 
Соли гузашта фазойи иттилоотӣ аз фошгӯйиҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хеле гарм буд ва махсусан дар яке аз филмҳо аз ҳаёти як нафари аз аввал дар сафҳои ин ҳизб буда, яке аз шахсиятҳои машҳури он, ки дар Эрон воқеиятҳоеро бо чашми худ дида,пушаймон шуда, моҳи апрели соли 2018 ба ватан баргаштааст, инъикос гашта буд. 
Агар ба он филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баргардем, хулосаҳои мо нисбати андешаҳои дар филми зикршуда баён кардаи Мавлавӣ Айёмиддин (Сатторов) чунинанд: 
Бале, Мавлавӣ Аёмиддин Сатторов шоҳиди таърихии таҳаввулоти ҳизби мавриди назар аст, яке аз асосгузорон ва идеологҳои ТЭТ ҲНИ дар тамоми фаъолияти ҳизб даст доштани хоҷагони хориҷии онро, ки дар аввал намефахмид, таъқид менамояд ва бо далелҳои муътамади бо чашми худ дида исбот менамояд. Овоз овози ӯст. Ӯ дар зери шиканҷа ё ҳабс набуд. Барои дуруғ гуфтанаш оҷате неабуд. Ӯ дар боғи худаш сӯҳбат дошт. Дар филм хеле оддӣ ба хотири ростро аз дуруғи ин маккорон ҷудо кардан суҳбат карда буд. 
Баъд аз филм тақдиру насиб имкон дод,ки ӯро аз наздик дида бо ӯ шахсан шиносоӣ пайдо намоям.Ҳамаи гуфтаҳояшро дар шаҳри Варшава шахсан зинда боз гӯш кардам ва ҳеҷ фарқе аз гуфтаҳояш дар филм надидам.Он ҷо ҳам ҳолати аҷоибе буд. Як сол пеш ӯ дар Варшава аз номи мухолифин суханронӣ карда буд. Соли 2018 ӯ дар ҳайати Ҳукуматӣ бо мо буд. Ӯ зидди мазҳабфурӯшон қиём кард. Ба дигар мазҳаб гузаштанашонро фош кард. Дар ин ҷабҳа ӯ танҳо набуд. Мулло Абдураҳим низ гуфт,ки инро ман барвақт дар қароргоҳи устод Раббонӣ фаҳмида будам, вакте ки Нуриро Роҳбари рӯҳонӣ эълон карданд ва устод аз онҳо эрод гирифт, ки чаро ин корро карданд... «Охир Роҳбари рӯҳонӣ хоси мазҳаби мо нест. Магар мазҳабатонро дигар кардаед?» гуфтааст устод Раббонӣ Ва онҳо лол монданд ва минбаъд пушидатар кор карданд. 
Дар филм Мавлавӣ нишон медиҳад, ки ТЭТ ҲНИ бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон аз маблағҳои хадамоти ҷосусии дигар кишварҳо истифода карда табиати зидди давлатӣ ва зидди миллӣ доштааст, ки ин далели маҳкаме буд барои дар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон бастани он. Яъне онро беҳуда набастаанд.Имсол боз Муҳаммадбеиқбол онҳоро сафед карданӣ мешавад.... Агар маблағгузориҳои табаддулотро аз ҷониби Кабирӣ ба ҳисоб гирем боз ҳам гуноҳашон вазнинтар мегардад.Кабири инро рад мекунад. Ҳоло онҳо оқибати ҷиноятӣ доштани ин амалашонро дарк намуда, ин далелро ба рад кардан сар кардаанд. Лекин ба гуфти худашон чаро ин қадар пул, ки доштанду онро барои куштани мардум сарф карданӣ будаанд ба чанд беваю бечора хона харида надоданд, ки ақаллан сад тарафдори вокеиашон дар интихобот бештар шавад. Шоир чӣ зебо гуфта: 
Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наомад, 
Неки чӣ бадӣ дошт,ки як бор накардӣ? 
Дигар масъалаи муҳим он аст, ки дар имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ худро яке аз тарафҳо донистани ТЭТ ҲНИ нақши дигар қувваҳои ҷамъиятиро аз ҷумла ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятию миллиро камранг мегардонад. Ҳоло дар асоси як ишораи тасодуфии вазири корҳои хориҷии Россия ТЭТ ҲНИ худро аз нав дар аспи сиёсат савор мебинанд,ки хеле хандаовар аст.Мавлавӣ дар асл чунин набудан ва дуруғ будани даъвои онҳоро соли гузашта таъқид кардааст. Мо намефахмем,ки Россия ба ин ташилот чӣ сару коре дорад ва имконе ҳам вуҷуд надорад,ки чунин як вазорати мухтарам террористонро пуштибонӣ кунад ва амалҳои террористии онҳоро,ки дар муқобили манфиатҳои русҳо аз Тоҷикистон то Россия буданд нафаҳмида бошад. 
Доду войи як ифротгарои гандумнамою ҷавфуруши дигар Муҳаммадиқбол Садридин,ки ба наздикӣ зане бо номи Мафтуна аз Нуробод шармандаи ҳарду оламаш карда ҳамаи ҷиноятҳои ӯву падарашро фошо фош расонаӣ намуда буд ба назарам дигар онҳоро наҷот намедиҳад.он зан талаб ҳам дошт,ки мехоҳад бо онҳо рӯй ьа рӯй сухбат дошта бошад то мардум ӯро образи сохтаи Ҳукумат напиндоранд. 
Созишнома бо тамоми қувваҳои мухолифини тоҷик буд, ки дар байни онҳо миллатпарварону миллатгароён, озодандешону ислоҳотхоҳони демократӣ, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва этникӣ буданд. Мавлавӣ Аёмиддин (Сатторов) низ чунин андешаи коршиносонро, ки чандин сол боз мегӯянд тақвият дода, дуруст будани онро тасдиқ намуд. Барои ҳамин дигар ҳеҷ вазире онҳоро наметавонад наҷот диҳад. 
ТЭТ ҲНИ ҳимоятгари дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ будани худро тарғиб мекард, ки дар асл баракси он будааст ва роҳбарияти кунунии ҳизб тоҷирони воқеӣ ва сиёсие ҳастанд, ки ба ғайр аз манфиати шахсиашон дигар ҳеҷ гуна манфиати миллию давлатӣ ва диниро эътироф намекунанд, ва ҳамон шиагароиашон хам ҷуз фиреби Эрон дигар чизе нест. Ва Эрон ҳам имрӯз аз корҳои дуруяи онҳо ҳақиқатро пай бурда бо Ҳукумат аз нав Паймони ҳамдигарфаҳмиро имзо кард,ки Паймони ба ном миллиро русиёҳу шарманда кард. Агар мақолаи Саломиддин Миррзораҳматовро хонанд дигар ба башараи шумгаштаи инҳо нигоҳе ҳам нахоҳанд кард.Додоҷони Атовулло як мухолифи сарсахти Ҳукумат,низ шармандагии онҳоро чунон кашид,ки ҳоло аз сояи ӯ метарсанд. Ва албатта дар баробари Мавлавӣ Аёмиддин чандин нафароне, чун Мулло Абдураҳим Каримову Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ҳам пештар ин далелҳоро оварда симои манфури ТЭТ ҲНИ -ро ба мардум нишон дода буданд. Мо садҳо далелҳои дар матбуот нашршуда ва шифоҳӣ изҳоркардаи аъзоёни ин ТЭТ ҲНИ-ро дидаем, ки бо сабаби дуруғгуйиҳо ва фиреби роҳбарияти он сафи ин ҳизбро тарк кардаанд. 
Дигар далели дуруғгуйии онҳо дар он аст, ки онҳо худро тарафдори сулҳу субот эълон кардаанд,бо сабру таҳаммул ҳисоб мекунанд, вале аз изҳороти онҳо ва аз далелҳои Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва Мавлавӣ Аёмиддин чунин бармеояд, ки онҳо дар интихоботи соли 2020 агар ба кишвар роҳ наёбанд, бояд аз қувваҳои низомии худ кор гиранд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо новобаста аз Созишномаи имзокардаашон аз роҳҳои ҳалли низомии гирифтани ҳокимияти сиёсӣ даст накашидаанд ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 исботи ин нияти шуми онҳо буд ва беасос Ҳукуматро дар аҳдшиканӣ гунаҳкор мекунанд, ки ин ҳам аз рӯйи таҷрибаи дурӯғгӯйӣ ва пинҳон кардани ҳақиқат аз тарафи онҳо мебошад. Лекин юбкаи дуруғашон кӯтоҳӣ карда истодааст ва он чи, ки ба мардум барои фошсозиашон зарур аст, мана ман гуфта меистал. Ва ҳоло боз изҳорот дода истодаанд,қувваҳҳои ҳарбӣ надоранд.Ва гӯё онҳо камбудиҳои Ҳукуматро хеле зиёд медонанд ва ба воситаи фош кардану кадрҳои давлатиро сиёҳ кардан, ин Ҳукуматро барҳам мезананд. Хестед,ки хобед. Ҳамаи камбудиҳоро мо ҳам медонем ва аз пайи ислоҳи онҳо ҳастем ҳастем.Ба ҳар ҳол сабаби дигар шудани тактикаи онҳо бояд аз нав омӯхта шавад. Ва маводҳо оиди қувваҳои ҳарбияшон,чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бояд ҷамъоварӣ ва расонаӣ карда шаванд. Ростгӯи шайтонро мегурезонад.Ба ҳар ҳол он мувофиқи ахбори ВАО,онҳо гурӯҳҳои низомиеро дар Афғонистон, Покистон ва Эрон доранд ва пайвастани ин гурӯҳҳо барои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддие хоҳад буд.Чор ҳазор тоҷик аз Тоҷикистон ва 18 ҳазор аскари аз Афғонистон овардаро дар пойгоҳҳои низомиашон барои чи машқ медиҳанд, саволест беҷавоб. 
ҲНИ ҳеҷ вақт пойбанди Созишномаи умумии сулҳ набудааст, чун аъзоёни он силоҳ нигоҳ медоштанд, дар дохили давлат дар вазифаҳои баланди ба онҳо боваркардашуда кор карда истода, ба муқобили давлати худ амалиётҳо анҷом медоданд, фарзандони мардумро зери ниқоби таҳсил ба хориҷи кишвар ба пойгоҳҳои низомӣ мефиристодаанд, ки Мавлавӣ Аёмиддин аз 4 чунин пойгоҳҳое, ки дар Эрон бо чашми худ дидааст нақл мекунад ва дигарон боз дигарҳояшро низ медонанд.. 
ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вакт ин далелҳоро ошкор накардааст ва аз ин рӯ, ин кори онҳо ҳамчун хиёнат ба дину мазҳаб, хиёнат ба миллат ва давлат метавонад фаҳмида шавад. Дар яксолагии Паймони бадаҳдии худ дар Варшава Кабирӣ оиди дигар кардани тактикаи ҷангии хеш сӯҳбат кард, ки ҷуз фиреби назар чизи дигаре нест. Вале чун ҷанги иттилоотиро зидди Ҳукумат эълон кардаанд, пас Ҳукумат низ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, пажуҳишгоҳи нав ё маркази таҳлилиеро барои омӯзиши рафтору гуфтори онҳо ва ба низоми муайян даровардану ҷамъоварию таҳлили росту дуруғҳои онҳо таъсис диҳад. 
Чун дар дини ислом дурӯғгӯйиро торикии имон мегӯянд, пас бо дурӯғгӯйӣ ва фиреб додани мардум ва пинҳон доштани ҳақиқат оиди омилҳои қувватгирандаи зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ ба давлат ва миллати худ хиёнат кардаанд. Ин гуноҳи бар алайҳи ислом кардаи онҳоро бояд худи мусулмонҳо ба хусус домуллоҳои муҳтарам баҳо дода, ба мардум фаҳмонанд. 
Дастаҳои ғоратгарону авбошонро зери номи ислом ва оинномаи худ муттаҳид карда, молу мулки мардумро тороҷ карда, ҳам номи дини мубини ислом ва ҳам миллати тоҷикро бо гуноҳҳои нобахшидании зидди мардумӣ олуда кардаанд, ки ин ҳам пинҳон кардани мақсадҳои шуми онҳо ва ҳақиқати таърихӣ ба шумор меравад. 
Дар маҷмӯъ, бо роҳи мардумфиребӣ ва истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор то тавонистааст моҳияти миллату давлати моро дар ҷаҳон нодуруст шарҳ диҳад, ки ин хиёнати рӯйирост ба миллати мо ва фиреб додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. 
Оқиле фармудааст: "Агар ҳақикатро ҳифз намоӣ, ояндаи худ ва фарзандони худро ҳифз менамоӣ, агар онро пинҳон мекунӣ пас ояндаи худ ва фарзандони худро имрӯз гӯр мекунӣ".  Ин гурӯҳи ТЭТ ҲНИ ояндаи худро гӯр карда, дар талоши гӯр кардани ояндаи миллату давлати тоҷик, яъне Тоҷикистони азиз аст, ки халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ин розӣ нахоҳад шуд ва ба хусус ҷавонон намегузоранд, ки ниятҳои шуми онҳо амалӣ шаванд. Давлати демократии дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд принсипҳои асосии конститутсионии кишвари мо буда, зиндагии шоистаи мардум, рушди устувор, истиқлолияти давлатӣ, миллати ягонаву аз ҷиҳати зеҳнӣ ва техникӣ пешрафта аз ҳадафҳои миллии мо буданд, ҳастанд ва мемонанд. 
Таъқид менамоям,ки идеяи асосии миллии мо истиқлоли давлатӣ будааст ва мемонад. Ҳеҷ дурӯғгӯйе наметавонад моҳияти соҳибдавлатии моро зери суол барад. Ва онҳое,ки зидди ин истиқлоли давлатии мо сухан мекунанд, душманони аслии миллати мо низ ҳисоб мешаванд. 


Сайфулло Сафаров устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон