Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ҷаҳони муосир ва аҳамияти технологияҳои иттилоотӣ

Ҷаҳони муосир як "фазои техникӣ" аст. Азбаски дар ҷомеаи муосир технология мавқеи муҳимро ишғол мекунад, ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсири худро мерасонад ва барои осон намудани инкишофи ҳаёти мо бениҳоят кумаки калон мерасонад. 
Имрӯзҳо аксарияти одамон ҳаёти худро бе компютер ва ҳатто бидуни интернет тасаввур карда наметавонанд. 
Нақши технологияро дар мисоли компютер дида мебароем. Бо шарофати технологияҳои иттилоотӣ одамон метавонанд иттилоотро нигоҳ доранд ва онро ҳифз намоянд. 
Истифодаи васеи компютерҳо дар рушди бозори меҳнат нақши муҳим дорад. Бо шарофати технологияи муосир касбҳои ҷолиб ва сердаромад пайдо шуданд. 
Компютер ба рушди илм саҳм гузошта, фаъолияти тарроҳии компютериро осон мекунад. Акнун ба олимон лозим нест, ки вақти зиёди худро ба ҳисобҳои мураккаб сарф кунанд. 
Умуман, технологияҳои компютерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти имрӯза ҳатмӣ ва зарурӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, истифодаи технологияҳои муосир раванди таълимро дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёна ва олӣ осон мекунад. Мусаллам аст, ки кӯдакону наврасони имрӯза бо технологияҳо хеле зуд ошно мешаванд, ки ин ба рушди тафаккури онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад. 
Ҳамчунин, нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҷомеаи муосир глобалӣ аст. Имрӯзҳо Интернет манбаи асосии ба даст овардани иттилоот аст. Умуман, технологияҳои иттилотӣ барои одамон миқдори зиёди имкониятҳоро фароҳам меорад. 
Бо кумаки Интернет шахс метавонад зеҳнашро рушд диҳад, хариду фурӯш намояд, кореро ба нақша гирад, бо дигарон дар тамос бошад ва ҳамеша бо хабарҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошад. Зеро дар аксар ҳолатҳо технологияҳои иттилоотӣ ба амалиёт, таълим ва иҷтимоиёти шахс мусоидат менамоянд. 
Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳои муфид технологияҳои муосир барои инсоният ва олами атрофи ӯ хатари зиёд низ доранд. Ба касе пӯшида нест, ки вобастагии Интернет қариб ба яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. 
Айни замон технологияҳои муосир на танҳо барои мақсадҳои муфид ба монанди таълим, тиб, алоқа, балки саҳми он дар ҷанг ва ғоратгарӣ низ назаррас аст. 
Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ДДМИТ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ дорои журнали (дафтари) электронӣ мебошад, ки ҳамарӯза ба донишҷӯён барои ҳар як соати дарсӣ холгузорӣ мешавад ва дар баъзе синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ мавҷуданд, ки дар ҷараёни машғулиятҳо ҳамчун воситаи визуалӣ дар шакли презентатсия, видеофилмҳо, лексияҳои аудиовизуалӣ васеъ истифода мешаванд. 
Дар анҷом қайд намудан зарур аст, ки яке аз самтҳои муҳими таълиму тарбияи имрӯза дар ДДМИТ рушд намудааст, ки ин дар шуъбаи ғоибона таҳсили фосилавии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Системаи таҳсили фосилавӣ ҳамчун воситаи ворид намудани навовариҳо ба раванди таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар айни замон, истилоҳи таҳсили фосилавӣ ҳамчун доираи таъсирбахши курсҳои омӯзишӣ, барномаҳо ва лексияҳо фаҳмида мешавад ва маъруфияти он ба ин намуди омӯзиш меафзояд. 
Инсони муосир бояд зиндагии маҷозӣ (виртуалӣ) ва воқеиро аз ҳам фарқ кунад ва, инчунин, ҳамеша дар хотир дорад, ки муоширати интернетӣ ҳеҷ гоҳ воқеияти ҳақиқиро иваз карда наметавонад. 
Рустам Якубов, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ