Мақолаҳо
Қуввати мушт аз ҷамъи ангуштон аст!
Дар замони муосир, ки онро марҳилаи ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти номатлуб, яъне терроризм ва ифротгароӣ таҳдид мекунад. Ҳарчанд ин падида нав нест, вале дар шароити кунунӣ реша давонидани он таҳдид ба ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо сарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ ҳушдор дода, онро ҳамчун таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум менамоянд.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хусус давлатҳои Шарқу Аврупо нооромиву хушунат ҳукумфармост. Гуруҳҳои зиёде ташкил ёфтаанд, ки ҳар яке аз онҳо талаби давлату мансаб намуда, барои ба даст овардани он даст ба куштору қатли бераҳмона мезананд. Дар ин замина пайдоиши гурӯҳҳои ифротгароии исломӣ низ ба назар мерасад, ки дар зери пардаи дини мубини Ислом амалҳои ғайриисломиро анҷом медиҳанд. Ба ин гуруҳҳо пеш аз ҳама ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ дохил мешавад.
Аъзоёни ин гурӯҳ дар бисёр ҷойҳои ҷамъиятӣ таркишҳо ба вуҷуд оварда, садҳо тан аз шаҳрвандон, кӯдакон ва занони бегуноҳро куштаву бехонумон менамоянд. Ҳол он, ки дини мубини Ислом рехтани хуни инсони муъминро ҳаром фармуда, ҷазои онро ҷаҳаннами абадӣ донистаанд.
Воқеан, терроризм ва экстремизм аз дини мубини ислом набуда, балки гурӯҳи шахсони бесавод ва бемафкураи динӣ мебошанд.
Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон этибори бештар бидиҳанд.
Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷикон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо як суръати баланд рӯ ба тараққӣ овардааст. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки давлати дар байни оташи ҷанг қарор доштаро, ки умуман ба тинҷӣ ва осоиштагии он боварии касе намеомад, ин марди абарқудрат роҳбарии онро дар чунин вазъияти душвору вазнин ба уҳда гирифта, таъмини амният ва сулҳро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ваъда карда, онро дар амал татбиқ гардонид.
Сулҳу осоиштагӣ ва пешравии давлати мо имрӯз аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъмин мебошад. Бояд дарк намуд, ки ин гуна пешравиҳо бо меҳнат ва заҳмати гарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардонида шудаанд.
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд. Амали чунин нафарон метавонад бисёр харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани манфиатҳо аз хориҷи кишвар мехоҳанд, дар давлати тенҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд.
Чӣ тавре аз суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср ва хатари глобалию ҷидии сайёра мебошад». Яъне аз ин суханони пурмазмун ба хулосае омадан мумкин аст, ки нафароне даст ба ин гуна ҷиноятҳо задаанд, новобаста аз табақаи ҷамъиятиашон дар назди қонун ҷавобгар буда, ягон василаи дин, мазҳаб ва нажод ба онҳо баҳона шуда наметавонад. Моро мебояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри ояндаи дурахшони диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллати хеш софдилона хизмат намоем ва ҳар як фарди бо ору номус бояд дар рафъи омилҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми худро гузорад.
К. Шарифзода омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ