Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Айбҷӯёни дар ҷаҳолатмонда

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор муаммоҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад. Ин муаммоҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд. 
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». 
Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. 
Яке аз чунин ташкилоти экстремистию террористӣ, ки доимо дар фикри халалдор кардани вазъи ороми Тоҷиикстон аст, ин ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки фаъолиятташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст. Агар ин кафангадоён ва ҳалқабаргӯшону хизматгорони хоҷагони хориҷӣ ва давлатҳои «дӯсту бародар» пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро набинанд, пас онҳо кӯри маънавиянд. Магар ин инсонҳо, ки ҳатто онҳоро инсон ҳам номидан мумкин нест, дар хотир надоранд, ки бо ёрии хоҷагони хориҷии худ дар ибтидои солҳои навади асри гузашта ба сари мардум ва давлат чӣ бадбахтиҳо оварда буданд? Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва азму талошҳои мардуми Тоҷикистон дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойбарҷо гардид ва шуруъ аз соли 1997 мо рушд карда истодаем. То ин замон Тоҷикистон дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, нерӯи барқ намерасид ва аз ҳама муҳим норасогии хӯрокворӣ дида мешуд. Лекин бо талошҳои ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор араф иолам роҳ кушод. Роҳҳои оддӣ ҳам не, балки шоҳроҳҳое, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд. Роҳҳо ба самти Афғонистон, Чин ва Қирғизистон дар шароити бисёр мураккаби иқтисодӣ сохта шуданд ва ҷумҳуриамон аз бусбасти коммуникатсионӣ баромад. Дигар мушкилии ҷиддии мо, яъне нарасидани қувваи барқ низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Тоҷикистон ягона давлате дар Оисёи Марказӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳҳи бузурги обию барқӣ бино кард. Аз ҷумла Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун тарҳҳои беназиранд. Мо имрӯз натанҳо худро бо нерӯи барқ таъмин мекунем, ҳамчунин онро ба давлатҳои ҳамсоя низ содирот мекунем. Дар бораи серию пурӣ ва зиёд будани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатто сухан гуфтан ҳам зарур нест. Чун ҳама шоҳди пурии бозорҳо ва серии мардум ҳастем. 
Агар ин ҳолат пешравӣ набошад, пас пешравӣ чӣ аст? Магар шумо хоинони миллат махсусан роҳбаратон Муҳиддин Кабирӣ ин пешравиҳоро намебинед? Оё шумо қобилияти мустақилона ва холисона таҳлил кардани вазъи иҷтимоиву иқтисодии давлтро надоред? Ҷавоби ин саволҳо аллакай маълум аст. Шумо ҳама пешравиҳоро мебинед ва аз бахиливу ба ҷуз санг партофтан ба тарафи мо аз хориҷ дигар коре надоред. Мо хуб медонем, ки аз кам шудани шумораи пайравону ҳаммаслаконатон ва тавба кардану ба Ватан баргаштани онҳо шумо дар ҳаросед. Аз ин сабаб ҳама фурсатро истифода карда, худро ба ҳар дар мезанед ва суханҳои беасосу бемантиқ ва дуруғро шабу руз тариқи интернет мегуед. Аммо шуморо ҳеҷ кас гӯш намекунад ва ба ҳарфҳои шумо бовар ҳам намекунанд. Шумо мисли шамъе ҳастед, ки ҳангоми сӯхта тамом шудан дар охир як рӯшноии баланд медиҳад. Мо низ умедворем, ки ин суханрониҳои бодабдаба, вале пучу бемаънии шумо, охирин баромадҳои шумо дар озодӣ аст. Чунки ҳар як ҷинояткор ҷазои худро мегирад ва шумо низ истисно нестед. 


Н.Файзуллоева омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ