Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мардумфиребон ва хоинони касбӣ

Дар ҳама давлатҳо дар ҳама давру замон гуруҳҳо ва ашхоси алоҳидае мавҷуд буданд ва ҳастанд, ки аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати хеш розӣ нестанд ва роҳу усулҳои дигари рушди давлатро пешниҳод мекунанд. Ва бояд эътироф кунем, ки ин кор ҳуқуқи конститутсионии онҳост. Ин гуна гуруҳҳо ва ашхосро мухолифон мегӯянд. Аслан нерӯҳои мухолиф барои ҷомеа ва махсусан ҳукумат падидаи хуб аст. Чун онҳо, яъне мухолифин камбудиҳои мавҷударо мегӯянд ва ҳукумат аз паи ислоҳи онҳо мешавад. Дар тамоми ҷомеаҳои пешрафта вазъ чунин аст. Яъне байни ҳукумат ва мухолифин як навъ ҳамкорӣ вуҷуд дорад, ки ба нафъи ҳамагон аст. Аммо баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, ки бунёдашон дуруғ аст ва ҳадафҳояшон бо манфиатҳои миллӣ мувофиқат намекунанд, дар доираи қонун амал карда наметавонанд ва ба ташкилотҳои мамнуъ мубаддал мешаванд. Яке аз чунин ташкилоти мамнуъ дар шароити Тоҷикистон ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. 
29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрӯз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд. 
Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти ТЭТ ҲНИ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хоҷагони хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт. 
Ин ташкилоти иғвогар фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод, ҳамчун ҷиҳод рӯйпӯш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ТЭТ ҲНИ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод. 
Фаъолони ТТЭ ҲНИ фалсафаи ҷиҳоду шаҳодатро таблиғ намуда, сабаби пайвастани ҳазорон нафар ба гурӯҳҳои террористӣ гардиданд. Моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби сарварони ин ҳизб кӯшиши ба вуҷуд овардани табаддулот ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ ба амал оварда шуд. Хушбахтона, мақомоти дахлдори давлатӣ бо такя ба мардуми огоҳи кишварамон пеши роҳи ин хиёнати наҳзатиҳоро гирифтанд, аммо ин амали онҳо далели аз роҳи зӯрию террор даст накашидани ТТЭ ҲНИ буд. 
Имрӯз ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун ғуломи бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд. 
Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро аз мутолиаи гузоришҳои ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, ёфтан мумкин аст. Хушбахтона, дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон аз чунин вартаи ҳалокат ва нобасомониҳо раҳо шуда, вориди марҳилаи нави созандагӣ гардид.